​Сулҳ ва зарурати ҳифзи онро амиқ бояд дарк кард​

Мардуми тоҷик аз қадим халқи сулҳпарвару ваҳдатшиор аст ва дар зиндагӣ ҳамеша ба осоишу оромиш арҷ мегузорад. Агар ба таърихи давлатдории ниёгонамон назар афканем, туфайли хиради волои вай садҳо низову моҷаро бо роҳи мусолиҳаву муросо ба сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ мубаддал гардидаанд. Таҳаммулпазирӣ ва сабру фурӯтании миллати тоҷик, ки дар хуни тоҷик ҷорист, бурди азалии ӯст ва ҳамин хусусият мудом ба саодату хушрӯзиҳои халқ боис шудааст.

Мусаллам аст, ки давлатдорӣ бидуни ҳарбу зарб имконнопазир мебошад. Дар тамоми мавҷудияташ миллати тоҷик танҳо аз рӯи ору номусу ғурур ва баҳри пойдории миллату давлат сина сипар намуда, зидди душманони аҷнабӣ ҷавонмардӣ, ҷасорату шуҷоат зоҳир кардааст. Дар яке аз суханрониҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин нукта ишора карда, гуфтанд, ки миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ ба сари ҳеҷ халқу миллате лашкар накашидааст ва истилогарӣ хоси ин миллати тамаддунофару куҳанбунёд нест. Дар даврони навини давлатдории кишвар миллатро имтиҳони сахту ҷиддие пеш омад ва бори дигар хиради азалии вайро дар санҷиш гузошт. Аз тағйирёбии вазъи сиёсии кишвар сӯистифода карда, гурӯҳе аз манфиатхоҳон – душманони миллат кишварро ба ҷанг кашиданд.

Хушбахтона, иродаву хирад боз ҳам ғалаба кард ва ваҳдати миллӣ даст додаву ба зиндагии тозаи осоиштаву пурсаодат замина гузошт. Вале пайомадҳои ин ҷангу хунрезиҳо солҳо рушди кишварро ба қафо кашид, ба ҷомеа аз ҷиҳати моддиву маънавӣ зарари ҳангуфт расонид. Заминаҳои сар задани низоъ ва равандҳои онро аз нигоҳи таърихиву ҳуқуқӣ арзёбӣ кардаанд ва ин ба ҳамагон аён аст. Аз омӯзиши нобасомониҳои оғози солҳои 90‐ум танҳо ба ҳамин хулоса расидан мумкин аст, ки бояд аз он ҳодисаҳои даҳшатангез дарси ибрат бигирем. Махсусан, шароити пурпечутоби замони ҳозира водор ба он мекунад, ки гузаштаи худро амиқ омӯзему сабақ гирем, иштибоҳҳои содиршударо такрор насозем. Имрӯз садҳо миллату халқият барои соҳиби давлати ягона шудану соҳибихтиёрӣ муборизаву талош мебаранд. Миллати тоҷик низ солҳо дар ин арса талош ба харҷ додаву дар ин роҳ қурбониҳои зиёд дидааст. Бархе бар он назаранд, ки Тоҷикистон ба Истиқлолияти давлатӣ бо баробари пароканда шудани давлати собиқ шӯравӣ хеле осон даст ёфт.

Давлати шӯравии замоне тавонову пурқудрат ғайриинтизор аз барҳам хӯрдани хеш дарак дод ва кишварҳои узв бо навбат истиқлолияти хешро эълом намуданд. Ин андеша илман аз нигоҳи таърих ҷоизи қабул намебошад. Зеро соҳиби ихтиёр будан барои давлат танҳо эъломияи расмии он намебошад. Муҳимтар аз ҳама, ҳифзи пойдории истиқлолият ба ҳисоб меравад, ки махсусан дар оғози солҳои 90уми асри гузашта монеа ва мушкилиҳои ба худ хос дошт ва албатта, аз хавфу хатарҳо орӣ набуд. Дар Тоҷикистони тозаистиқлол маҳз дар ҳамон шабу рӯзҳо душманон сар боло карданд ва ҳадафи аслии онҳо ба василаи халалдор кардани оромӣ теша задан ба пояҳои истиқлол буд. 9‐уми сентябри соли 1991 Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии худро эълом кард ва худи ҳамон моҳ майдонҳои Шаҳидон ва сипас барои дифои ҳукумати конститутсионӣ майдони Озодӣ ташкил гардида, гирдиҳамоиҳо ба амал омаданд. 26‐уми марти соли 1992 гирдиҳамоии мутазод ташкил шуда, вазъ муташанниҷтар гардид ва 5уми майи ҳамон сол дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ шурӯъ шуд. Вазъи сиёсӣ торафт пурпечутоб гардида, ҷанги таҳмилии бародаркуш оқибатҳои фоҷеабор ба миён меовард. Ҳукумати конститутсионӣ дар роҳи муросо ва таъмини осоиштагӣ оҷиз монда буд.

7‐уми майи соли 1992 миёни Президент, Кабинети вазирон бо ҳизбҳои мухолифин ва ташкилоти ҷамъиятӣ созишнома ба имзо расид. Дертар “Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ” ташкил шуд, ки ҳадафаш ба мусолиҳа овардани ҷонибҳо ва бартараф намудани ҷанг маҳсуб мешуд, вале адои ин масъулият имконнопазир буд. Кор ба ҷое расид, ки 6‐уми сентябри соли 1992 дар фурудгоҳи Душанбе Президенти вақт Раҳмон Набиевро силоҳбадастон маҷбуран ба истеъфо равон карданд. Дигар дар кишвар, махсусан, дар ҷануб фазои осоиш барои зиндагӣ вуҷуд надошт. Тирамоҳи ҳамон сол фирори шаҳрвандон ба кишварҳои дигар, бахусус, Афғонистон шурӯъ гардид. Пас аз як сол, яъне, соли 1993 теъдоди гурезаҳои иҷборӣ ба 800 ҳазор нафар расид. Вазъияти сиёсии кишвар тақозои як роҳбари хирадпешаву дурандеш ва ҷасуру боматонатро менамуд. Иҷлосияи ХVI (даъвати ХII) Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Хуҷанд (Қасри Арбоб) санаи 16‐уми ноябри соли 1992 оғоз шуда, то санаи 2‐юми декабр давом кард, ҳамин имкониятро барои мардум фароҳам кард. Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон шонси беҳамтое ба давлатдории минбаъдаи тоҷикон буд, ки зимни Иҷлосия 19‐уми ноябри ҳамон сол ба вуқӯъ пайваст. Ин интихоб минбаъд ба бароварда шудани хостаҳо ва ормонҳои халқ сабаб гардид. Сулҳу суботи сиёсӣ, ки орзуи мардуми кулли кишвар буд, ба шарофати сиёсати сулҳофар, ҷасорату мардонагии фарзанди фарзонаи тоҷик – Эмомалӣ Раҳмон даст дод.

Аҳамияти бузурги Иҷлосияи таърихӣ низ дар ҳамон зоҳир мешавад, ки он минбаъд барои миллат нақши тақдирсоз дошт. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд: “Таъмин намудани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ки аз Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии мамлакат сарчашма мегирад, барои қатъи мухолифати мусаллаҳона ва ҷангу хунрезӣ, сарҷамъии миллати тоҷик, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва таъсиси низоми ҳуқуқии адолатпеша асоси мустаҳкам гузошт”. Аввалин қадами Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари давлат ҷиҳати ба ҳам овардану таъмини сулҳу субот гуфтушунид ва музокироти сершумор бо мухолифини давлат буд. Ин музокирот дар гӯшаву канори гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла, борҳо дар сарзамини Афғонистон, ки ҷанг давом мекард, сурат гирифт. Пеш аз ҳама бояд гуфт, ки Сарвари давлат ба пурзӯр намудани иқтидори ҳарбӣ, ки таъминкунандаи асосии суботи кишвар аст, эътибор дода, санаи 23‐юми феврали соли 1993 Артиши миллии Тоҷикистонро таъсис доданд ва ин неруи низомӣ минбаъд ҷиҳати барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ нақши калидӣ дошт.

Масоили ҳалли низоъ ва баҳамоии ҷомеаи кишварро Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар минбарҳои баланди созмонҳои байналмилалӣ матраҳ намуданд. Аз ҷумла, 30‐уми сентябри соли 1993 нахустин бор Эмомалӣ Раҳмон дар Сессияи 48уми Созмони Милали Муттаҳид, ки дар НюЙорк гузашт, иштирок ва баромад карда, диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба ислоҳи вазъияти баамаломадаи Тоҷикистон ҷалб намуданд. Чанд музокироти сулҳ, ки дар қаламрави аз ҷиҳати сиёсӣ ноороми Афғонистон доир гардиданд, ба ҳаёти Сарвари давлат хавфу хатарҳои зиёд таҳдид мекарданд. Аз он ки роҳбарони нерӯҳои мухолифин ва пуштибонони онҳо дар Афғонистон маскан гирифта буданд, мухолифин ба макони баргузории музокирот ин қаламравро афзал медонистанд. Воқеае дар сари яке аз музокираи сулҳ шуҷоат ва ҷасорати Эмомалӣ Раҳмонро бори дигар собит кард. Роҳбари ИНО Сайид Абдуллоҳи Нурӣ макони баргузории яке аз музокираро вилояти Тахори Афғонистон пешниҳод мекунад, ки дар он ҷо ҷанг мерафт.

Сарвари давлати мо бе ҳеҷ дудилагӣ розӣ мешаванд ва илова мекунанд, ки барои фароҳам овардани сулҳи тоҷикон ҳозиранд дар ҳар куҷое набошад сари музокирот қарор гиранд. Ҳолдонҳо мегӯянд, бо ин Сайид Абдуллоҳи Нурӣ иродаи Сарвари давлатро санҷиданӣ буд. Ва яқинан онҳо дарк карданд, ки ин ҷавонмарди асилу ватандӯст барои баргардонидани сулҳ ба мардуми диёраш роҳи бебозгаштеро интихоб кардааст ва ҳатто ҷони хешро дареғ намедорад. Маҷмӯан, музокироти тоҷикон барои сулҳ дар 8 давра аз соли 1994 то соли 1997 дар Алмаато, Ашқобод, Теҳрону Машҳад, Исломобод, Маскав, Бишкек доир гардиданд. Зимни музокираи навбатии сулҳ, ки дар таърихи 13‐уми декабри соли 1996 дар Маскав доир шуд, Комиссияи оштии миллӣ таъсис ёфт. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ байни тоҷикон низ санаи 27‐уми июни соли 1997 дар Маскав ба имзо расида, он дар Тоҷикистон расман ба ҷанг хотима бахшид.

Бояд дарк намуд, ки маҳз ваҳдати миллӣ мардуми парокандаи Тоҷикистонро пас аз солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳам овард ва муттаҳид намуд. Нахустин иқдому ташаббуси Ҳукумат баъди созишу ҳукмфармо гардидани сулҳ барқарор кардани фаъолияти сохтору мақомоти фалаҷшудаи давлатӣ, ба Ватан баргардонидани зиёда аз як миллион гурезагони иҷборӣ, ислоҳоти конститутсионӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ буд, ки бомуваффақият анҷом дода шуд. Ин тадбирҳо роҳи минбаъдаи рушди иқтисодиву иҷтимоии давлатро боз намуда, заминаҳои инкишофи онро фароҳам овард. То соли 2000‐ум Комиссияи оштии миллӣ бо шумораи баробари намояндагони ҳукумат ва мухолифин амал кард. Ба мухолифин 30 дарсади вазифаҳои роҳбарикунанда, дар ҳайати ҳукумат, вазорату кумита ва идораҳои давлатӣ вогузошта шуд, ки ин нишони дар меҳвари фаъолияти Сарвари давлат ва Ҳукумат қарор гирифтани арзишҳои инсонии таҳаммулу бахшиш буд. Вале бо гузашти вақт иддае аз мухолифони соҳибмансаби манфиатпараст кирдори пешини худро такрор карда, кӯшишҳое барои халалдор сохтани оромиву осоиштагии ҷомеа намуданд, ки хушбахтона, ин амалҳои хиёнаткорона пешгирӣ карда шуд ва ин ҳам дарси ибрат барои имрӯзиён аст. Имрӯз масъалаи пойдории ваҳдат ба шиори мардум табдил ёфта, халқ онро чун гавҳараки чашм ҳифзу гиромӣ медорад. Чунончӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониашон таъкид карданд: «Мо, тоҷикон, қадри сулҳ ва зарурати ҳифзи онро амиқ дарк мекунем». Зеро роҳи бадастории сулҳ барои мардуми кишвар басо пурпечутоб буда, машаққату заҳматҳо ва аз худ гузаштану ҷоннисориҳои бешумор дошт.

Имрӯз таҷрибаи оштӣ ва фарҳанги сулҳи тоҷикон, ки асосгузораш Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, дар олам камназир аст ва ҷаҳониён онро ҳамчун мактаби омӯзиш ба кор мебаранд. Ба андешаи инҷониб, ҳамчун таърихшинос зарур мешуморам, ки ба наслҳои ҷавон ин мактаби сулҳро ба таври возеҳу амиқ бояд омӯзонд. Хосатан, дар шароити имрӯза, ки вазъият дар ҷаҳони муосир пурталотум аст, баҳрабардорӣ аз ин арзишҳо ба манфиати кор аст. Зеро ба гуфтаи Сарвари давлат: “Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ба мардуми Тоҷикистон дар натиҷаи саъю талоши шабонарӯзии фарзандони огоҳу бедордили миллат, музокироти бисёр мушкилу тӯлонӣ ва ҳамзамон бо ин, бар ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони содиқу ватандӯст муяссар гардидааст.

Маҳз ба ҳамин хотир, масъалаи ваҳдати миллӣ ба яке аз арзишҳои волои ҷомеаи мо табдил ёфта, барои мардуми шарифи Тоҷикистон қадру қимати баланд дорад”. Дар ин росто, хидматҳои мондагори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба туфайли ҷоннисориҳояшон дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ халқ унвони баланди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро сазовор донистааст, бояд ҳамаҷиҳата омӯхта, мавриди пайравии наслҳои имрӯзу оянда қарор гирад. Муҳимтарин хидмати Пешвои миллат даст ёфтан ба ваҳдати миллӣ, ҳифзи пойдории Истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи тамомияти арзии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ягонаи мустақил, аз хатари парокандагӣ раҳонидани кишвар, ҷорӣ намудани низоми мукаммалу муосири давлатдории миллӣ ва ба ҳам овардани миллат мебошад, ки шоёни таҳсин ва ибрат аст.

Имрӯз маҳз ба туфайли сулҳу оромӣ дар кишвар рушди бемайлони иқтисодиву иҷтимоӣ даст дода, сатҳи некӯаҳволии халқ куллан беҳтар гардидааст.

Хулоса, сулҳу ваҳдат омили асосӣ ва муҳими таъмин гардидани рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳаёти сазовору осоиштаи мардум мебошанд ва ҳифзи онҳо вазифаи аввалиндараҷа ва қарзи шаҳрвандии ҳар сокини ватандӯсту хештаншинос ба ҳисоб меравад.

Ҷамшед ҶӮРАЗОДА, ректори МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ