Паём – раҳнамои ҳаёти ҷомеа
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш барои пешрафти минбаъдаи самтҳои мухталифи ҳаёти љомеа, аз ҷумла, сиёсату иқтисодиёт, соҳаи тандурустӣ ва илму маориф ба ҳайси ќутбнамо дастуру супоришҳои судманд дода, ба ин васила барои боз ҳам ободу зебо гардидани кишвари азизамон - Тоҷикистон, болоравии сатҳу сифати зиндагии ҳар тољику тољикистонӣ роҳандозӣ намудани бисёр иқдомҳои некро пешниҳод намуданд. Дар Паёми худ Сарвари давлат таъмин сохтани амнияти миллии кишварро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ҳисобида, таъкид сохтанд, ки бояд ҳар як фарди ҷомеа барои бехатарии давлат масъулияти хоса зоҳир намояд, ҳушёрии сиёсиро аз даст раҳо насозад. Ҷавобан ба ин даъвати Президенти кишвар мо бояд бо душманони сиёсии Тоҷикистон оштинопазир бошем ва ба қадри Истиқлолияти кишвар расидан вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мо, сокинони Тоҷикистон бояд бошад. Беш аз пеш рушд додани иқтисодиёти кишвар дар мадди назари Раисҷумҳур қарор дошта, расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ, яъне индустрикунонии кишвар барои таъмини зиндагии боз ҳам шоистаи сокинони мамлакат мусоидат хоҳад кард. Сарвари давлат дар радифи тавсеа бахшидани соҳаҳои дигари хоҷагии халқ барои рушди соҳаи илму маориф низ бисёр маслиҳатҳои судманд дода, дар иҷрои он ба зиёиёни кишвар боварии хоса зоҳир намуданд.
Бино бар ин, имрӯз мо, омӯзгоронро лозим аст, ки дар тарбияи мутахассисони ҷавон ҳиссагузорӣ намуда, барои омода намудани кадрҳои баландихтисосе, ки дар миқёси ҷаҳонӣ рақобатнопазир бошанд, кӯшиш намоем. Барои ҳамагон мусаллам аст, ки имрӯз дар ҳама ҷабҳаҳои зиндагӣ навигариву нововариҳои нанатехнологӣ ба ҳам пайваста истодааст ва ҳар маълумот ба таври фаврӣ кӯҳнагӣ мепазирад. Аз ин рӯ, барои расидан ба ҳадафҳои баланди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ имрӯз мо ҷавононеро ба арсаи илму фарҳанг омода ва роҳнамо созем, ки воқеан ҳам, донандаи пешрафтатарин технологияҳо ва донишҳои замонавӣ буда, барои ҳалли муаммоҳои мухталифи соҳаҳои зиндагии ҷомеа мусаллаҳ бошанд.
Ҷаббори Зарафшонӣ - устоди ДДХ