Паём – рохнамои рушди иктисодиёти миллӣ

Дар замони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баҳри иҷрои дастуру супоришҳо, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини рушди устувори иқтисодиёт, пешгирии хавфҳои эҳтимолӣ вобаста ба таъсири омилҳои беруна, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ, таъсиси коргоҳҳои нав, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, фароҳам овардани ҷойҳои нави кории мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ва барқарор намудани ҷойҳои кории барҳамдодашуда, ҳамаҷониба таъмин намудани дастгирии давлатии соҳибкорӣ, бахусус дар самти истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва афзунгардонии потенсиали содиротии минтақа, рушди соҳаҳои сохтмон ва шаҳрсозӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва боғу токзор, афзоиши саршумори чорво, ривоҷи соҳаи тухмипарварӣ ва зотпарварӣ, беҳтар намудани обрасонӣ, барқарор кардани пойгоҳҳои обкашӣ, азхудкунии заминҳои нав, зиёд намудани боздеҳи замин, рушди ҳунарҳои дастӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ҳамчун самтҳои афзалиятноки фаъолият қарор дода шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати беҳтар намудани таъминоти аҳолии вилоят бо молҳои аввалиндараҷа, рушди бозори истеъмолӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонаҳои соҳаи савдо ва хизматрасонӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.

Бо шарофати сиёсати бобарори Ҳукумати кишвар рушди соҳаҳои воқеӣ, фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, ҷалби сармояи мустақим ва воридоти технологияҳои нави инноватсионӣ имкон фароҳам овард, ки раванди саноатикунонии мамлакат густариш пайдо карда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва шумораи ҷойҳоинави корӣ мунтазам афзоиш ёбад.

Барои дар амал татбиқ кардани ҳадафи стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ - саноатикунонии кишвар, яъне аз кишвари аграрӣ - саноатӣ ба индустриалӣ-аграрӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони корхонаҳои азими тавлидкунандаи маводи хӯрокворӣ, коркарду бастабандии маҳсулоти кишоварзӣ, ресандагию бофандагӣ, алюминӣ, маъданҳои кӯҳӣ ва масолеҳи сохтмонӣ ҷаҳду талош меварзанд. Натиҷаи ҳамин аст, ки дар дохили мамлакат ашёи хом то ҳадди ниҳоӣ коркардашуда, бо тамғаи истеҳсоли Тоҷикистон ба хориҷи кишвар содирот карда мешавад. Мавриди қайд аст, ки КАС яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки пешбурди иқтисодёти кишвар маҳсуб ёфта, нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди соҳаҳои саноат, афзоиши имкониятҳои содиротии вилоят ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ хеле муҳим арзёбӣ мегардад. Ҷой доштани иқтисодиёти самараноки миллӣ ба дараҷаи муайян аз ҳолати комплекси агросаноатӣ, ҷойгиршавии минтақавии он вобастагии калон дорад. Дар шароити иқтисоди бозоргонӣ истеҳсоли маҳсулоти ҳамаи зерсоҳаҳои комплекси агросаноатӣ бояд самаранок бошанд. Танҳо соли 2020–ум 300 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо зиёда аз 6500 ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Тибқи таҳлилҳо рушди миёнаи солонаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар давоми солҳои 1997 – 2020–ум 7,3 фоизро ташкил дода, ҳаҷми он дар ин давра 5 баробар афзоиш ёфтааст.

Имтиёзҳои барои рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ ва моҳипарварӣ пешниҳодшуда ба рушди соҳаҳои зикршуда такони ҷиддӣ бахшиданд.

Масалан, соли 2020 шумораи корхонаҳои парандапарварӣ ба 181 расида, нисбат ба соли 2017-ум 2,7 баробар зиёд гардидааст. Дар соли 2020 истеҳсоли гӯшти паранда нисбат ба соли 2017-ум 4,5 баробар афзудааст ва истеҳсоли тухм қариб як миллиард донаро ташкил дода, 5,5 баробар зиёд шудааст.

Шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ соли 2020-ум нисбат ба соли 2017-ум 35 фоиз зиёд шуда, истеҳсоли моҳӣ дар давраи муқоисашаванда 2,3 баробар афзудааст.

Воридоти гӯшт ба кишвар аз 10700 тоннаи соли 2014 то 180 тонна дар соли 2020 коҳиш ёфтааст, яъне қариб 60 баробар кам шудааст. Амнияти озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати кишоварзӣ ва иқтисодии давлат мебошад. Вай дар шакли умумии худ вектори ҳаракати ҳар як системаи озуқавории миллиро ба ҳолати идеалӣ ташкил медиҳад. Аз ин ҷиҳат, кӯшиш ба амнияти озуқаворӣ як раванди доимист. Дар баробари ин, барои ноил шудан ба он, афзалиятҳо ва механизмҳои татбиқи сиёсати аграрӣ аксар вақт тағир меёбанд.

Мушкилоти таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди устувори бахши кишоварзӣ дар робита бо сар задани бӯҳрони ҷаҳонии озуқаворӣ шадидтар шуданд. Ҳоло ҳам кишварҳои пешрафта ва аксари кишварҳои дорои иқтисодӣ гузаранда сиёсати дохилии амнияти озуқавории худро ба куллӣ таҷдиди назар мекунанд, ки нуқтаи ҳалкунандаи он афзоиши назорат аз болои содироти озуқаворӣ ва таъмини афзалиятноки бозори дохилӣ мебошад.

Ҷолиби қайд аст, ки ҳоло дар назди хоҷагидорону иқтисодшиносон мамлакат масъалаҳои муҳим гузариши пурра ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва низоми маблағгузории электронӣ, аз ҷумла низоми хариди электронии давлатӣ то ҳанӯз ҳал нагардидаанд ва дар ин самт баъзе аз норасоиҳо мавҷуд аст.

Дар партави Паёми Пешвои миллат зарур аст, ки имрўзмо устодон дар раванди омўзиши фанҳои тахассусӣ барои ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва аз аудити ҳарсолаи ҳатмӣ гузаштани субъектҳои дорои манфиати умум ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ чораҳои бетаъхир андешем. Яъне маводҳои таълимиро аз қабили комплексщои таълими методӣ, дастурҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, монографияҳо мутобиқ ба методологияи муосири бахисобгири манзури донишҷўён гаронем. Устодонро зарр аст, ки дар партави Паёми Пешвои миллат нуқаҳои асосиро дарк намуда баҳри тадбиқи онҳо кўшиш ба харҷ диҳанд ва барои рушди устувори иқтисодиёти миллӣ саҳмгузор бошем.

Д.Х. Абдуллозода н.и.и., дотсенти кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ