​Паём – роҳнамои асосии сиёсати дохиливу хориҷии кишвар

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ғояхои баландпояи пурмазмун асос ёфта, қисми чудонашавандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба ҳисоб рафта, ҷомеаро ба кору фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш даъвату ҳидоят менамояд. Имрўз тамоми ҷабхахои ҳаётан мухими ҷомеа дар зери таъсуроти роҳнамоикунандаи Паём қарор дошта, раванду равиш ва амалисозии он дар ҷараён ва ривоҷу равнақ мебошад.

Дар Паём пеш аз хама дар бораи дастовардаҳое, ки дар доираи соли гузашта ба даст омаданд, аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ба ҳар як масъалаҳои ҳаёти мардум таваҷҷўҳи махсус дода шуда дар масъалаи соҳаи иҷтимоӣ барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, хосатан нафақахўрону маъюбон аҳамияти хоса дода шуда нафақаи онҳо ба панҷоҳ фоиз баланд бардошта шуд. Зеро ки ин шахсон ҳамеша дар мадди назари Сарвари муаззамиҳастанд, ки ин ғамхорииПрезиденти кишвар ва тамоми мардуми тоҷик ба шумор меравад.

Ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, яъне соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Бо ҳамин мақсад чӣ қадар муассисаҳои таълимии томактабӣ, мактабҳои миёнаву хусусӣ, донишгоҳҳову донишкадаҳои олӣ сохта ба истифода дода шуданд. Барои баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии донишҷӯён ва ҳавасмандгардонии онҳо ҳаҷми стипендияи онҳо ба 30% баланд бардошта шуд.

Инчунин аз тарафи Сарвари давлат қайд карда шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон бо 178 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ барқарор карда, узви фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ гардид.

Дар ин радиф муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мо, пеш аз ҳама, бо ҳамсояҳои наздикамон – кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар низоми муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон мақоми хоса доранд, дар ҳамаи самтҳо тақвият ёфта истодаанд ва мо ин сиёсатро дар оянда низ густариш медиҳем.

Гуфтан ҷоиз аст, ки Тоҷикистон дар арсаи мубориза бар зидди терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ шарики табиии давлатҳо ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, бо мақсади идомаи корҳо дар ин самт, Прокуратураи генералӣ вазифадор шуд, ки лоиҳаи нави «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021 – 2025»–ро таҳия ва ба баррасии Ҳукумат пешниҳод намояд.

Гуфтан ҷоиз аст, ки дар шароити кунун паём ҳидоятгари бевоситаи ҷомеа ба шумор меравад, зеро он мўҳтавои асосии сиёсати дохиливу хориҷии кишварро пурра дар бар мегирад ва барои пешбурдидавлат роҳнамои асосӣ шуморида мешавад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ