​Қутбнамои музаффариятҳои соҳибистиқлолӣ!

Мардуми Ватани маҳбубамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол соли равон ҷашни бузурги таърихӣ – 30 – солагии Истиқлолияти давлатиро таҷлил менамояд, ки бояд иди бузурги тантанаи сулҳу субот, оромию осудагӣ ва накӯаҳволии аҳолӣ гардад. Ҳар як фарди соҳибақлу бофарҳанги кишвар ҳаёту фаъолияти хешро аз нигоҳи хештаншиносиву ватанпарварӣ давоми даврони соҳибистиқлолӣ таҳлил намуда андеша ронд, ки кадом тӯҳфае ба ҷашни таърихӣ омода кардаасту менамояд. Зеро, ин амал қарзи шаҳрвандии ҳар фарди кишвар асту шаҳодати олии инсонӣ маҳсуб меёбад.

Дастовардҳои ҷомеаи мамлакат дар даврони истиқлолияти давлатӣ собит месозад, ки ҳамаи пешравию комёбии кишвар бо заҳмату талошҳои созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бевосита марбут асту гувоҳии шаҳомати хосаи сазовори хирадманду одил, оқилу раиятпарвар, дурбину дурандеш, бо иродаву матонати мамлакатамон мебошад. Хосатан, анъанаи ҷоригаштаи ироаи Паёми Пешвои муаззаму мӯътабари миллат ба аъзои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон навъи маъмули ҳисоботи ҷамъбастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолият дар соли сипаригашта ва муайянсозии самти мухталифи иқтисодиёти мамлакат барои солҳои минбаъда маҳсуб меёбад. Чунин шакли ҳисоботи пурмӯҳтавои сарвари давлат ба халқи заҳматкаш зиёда аз 20 сол инҷониб арзи ҳастӣ дораду ҳамагон ироаи Паёми Роҳбари давлатро бесаброна интизор мешаванд. Зеро, дар ин ҳуҷҷати муҳими давлатӣ ҳамасола қишрҳои мухталифи ҷомеаро навиди тозаю тӯҳфаи идона интизор мешаванд. Боло бардоштани музди меҳнату оғози бунёдкориҳои нав, масъалаҳои такмили давлатдорӣ ва иқдомҳои накӯкорона , маҳз дар раванди ироаи Паёми навбатӣ эълон карда мешаванд, ки ҳамчун оҳанрабо мардумро бо шунидани мӯҳтавои Паём ҷалб менамояд.

Инак, санаи 26 январи соли 2021-ум паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа гардиду моҳияту мазмуни он натиҷабардории дастовардҳо ва нақшаи дурнамои фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси рӯҳбаландиву ифтихори ватандории мардуми Тоҷикистон шуд. Бо қайди комёбиҳо таҳлили ҳамаҷонибаи ҳамаи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ баён гардид, ки мӯҳтавои нақшаи дурнамои ҷомеаи ватаниро инъикос менамояд.

Таваҷҷӯҳи хосаи пешвои муаззами миллат ба соҳаҳои иҷтимоӣ – маорифу тандурустӣ, илму фарҳанг, донишҷӯёну аспирантон, маъюбону ятимон, пиронсолон ва ғайра хеле бомавриду ғамхорона инъикос карда шуд, ки исботи сиёсати пайгирона барои кам кардани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар мебошад. Иқдоми навбатии падаронаи сарвари давлатамон дар 30 фоиз зиёд намудани маблағи стипендияи донишҷӯёну магистрҳо, аспиранту докторантҳо мебошад, ки тавассути дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии онҳо амалӣ карда мешавад. Бар идомаи таъсиси ҷоизаи махсуси давлатӣ барои олимону мутахассисони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ пешниҳод карданд, ки “ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон, устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони “Илм – фурӯғи маърифат” гузаронида шавад”. Таъкид намуданд, ки “дар озмуни навбатӣ истеъдодҳои наврасу ҷавон донишу маҳорати хешро санҷида барои пешрафти илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ нақши арзишманд мегузоранд”, нуқтаи мазкур идомаи ...... шиори пайвастаи Пешвои мӯътабарамон – Ҷавонон – ояндаи миллат мебошад ва таҷассумгари таваҷҷӯҳи хоса ба ҷойгузинҳои ояндаи давлатдорӣ дониста шудааст. Қабули ғолибони озмунҳо ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бидуни имтиҳон ва аз рӯи интихоби худашон. Инчунин, андешидани тадбирҳои иловагӣ барои ҳавасмандгардонии моддию маънавии омӯзгорон ва падару модарони ғолиби озмун нишонаи сиёсати адолатпарваронаи абармарди бузурги таърихӣ Эмомали Раҳмон мебошад, ки мардум онро хеле хуб пазируфтанд ва мояи ифтихори худ бо Пешвои равшанзамир мешуморанд. Хеле бомаврид ва эҳсосоти баланд изҳор доштанд, ки “ҳадаф аз ин ташаббусу иқдомҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон мебошад” ва ба тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ, рушди илмҳои диқиқу табиӣ дар кишвар нигаронида шудааст.

Вазифадор карда шудани Вазоратҳову Академияи миллии илмҳо, Раисони вилоятҳову шаҳру навоҳӣ ҷиҳати таҷҳизонидани кабинетҳои фанҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ барои андешидани тадбирҳои фаврӣ иқдоми дигари шоиставу маърифатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ба ҳамаи табақаҳои ҷомеа боиси рӯҳбаландиву омодагӣ ба ояндаи дурахшон бо меҳнати созанда шудааст.

Бунёди кӯдакистонҳои нав ва марказҳои инкишофи кӯдакон бо ҷалби соҳибкорону сарчашмаҳои дигари маблағгузорӣ заминаи беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва муҳайё намудани ҳамаи шароитҳои зарурӣ мебошад ва қайд кардан ҷоиз аст, ки танҳо тавассути баланд бардоштани масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгорон метавон ба ин мақсадҳои гузашташуда ноил гардид.

Дар Паёми имсолаи Пешвои мӯътабарамон таъкид карда шуд, ки шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар аз 13 адади соли 1990 – ум алҳол то 41 адад ва теъдоди донишҷӯён мутаносибан ба 69000 нафар ва 245 ҳазор нафар расидааст. “Ба вуҷуди он роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мебояд дар масъалаи қабули довталабон ва тарбияи кадрҳо пеш аз ҳама ба сифат эътибори аввалиндараҷа диҳанд”. Ғайр аз он ҳангоми ироаи Паём ба масъалаҳои омӯхтани ҳатмии забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русиву англисӣ, технологияҳои муосири иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, назорати қатъии сифати таълим ва ғайра эътибори хоса зоҳир гардид. Итминони комил дорем, ки ҳамаи вазифаю супоришҳо, дастури иқдомҳо, ташаббусу ҳидоятҳои Президенти мардумӣ – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саривақт ва бо пуррагӣ мавриди амал қарор дода мешаваду кишварамон таҳти сарвари одилу хирадманди хеш қуллаҳои нави комёбиҳоро фатҳ хоҳад кард.

Моён, намояндагони аҳли зиё дар партави рӯҳбаландона аз мӯҳтавои Паём ҳамеша омода ҳастам, ки сарҷамъона дар атрофи сиёсати адолатонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри расидан ба мақсаду ҳадафҳои дурандешонаю дурбинона саъю кӯшиш хоҳем кард.

Собиров М.С.- дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Дадобоев М.А.- сармуаллими кафедраи геоэкология ва методикаи таълими факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ