​Паём номаи раҳнамои миллат ва халқ

Манзури мардуми тоҷик гардидани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оѓози соли 2021 воқеан рўйдоди нодири таърихӣ гардид, зеро имсол бо ҳузури ҷашни мубораки 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳифаҳои таърих ба ҳарфҳои заррин навишта хоҳад шуд. Таҳлили амиқ ва дақиқи рўйдодҳои соли 2020, ки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ мушкилоти фаровон ба бор овард, бори дигар собит намуд, ки новобаста ба мушкилоти пешомада ва рўзҳои сахту вазнин аммо фарҳанги таҳаммулпазирии мардуми тоҷик имкон дод, ки он рўзҳои душвор паси сар шавад. Бо такя бар ҳамин нерўи бузурги хақли тоҷик буд, ки Пешвои миллат ин нерўи муқтадири халқи азизи хешро эътироф намуда,таъкид доштанд, ки «Соли 2020 бо тамоми мушкилоташ собит намуд, ки мо барои боз ҳам беҳтар зистан, обод намудани Ватани азизамон ва тараққӣ додани давлати соҳибистиқлоламон нерӯ, имконият, таҷриба, шароит ва захираҳои заруриро дорем». Ин бовар ва эътимоди Пешвои миллат ба фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва садоқати мардуми хеш дар баробари руҳбаланди халқ, ҳисси масъулиятщиносӣ ва рисолати бузурги халқро боло мебарад. Мо дар навбати аввал ҳамагон вазифадорем, ки ин паёми раҳнамояндаи Пешвои миллатро ҳамчун дастури бузурги инсониву шаҳрвандии хеш қарор дода, барои расидан ба ҳадафҳои наҷиби оини давлатории миллӣ, барномаву раҳнамоиҳои ватандўстонаи роҳбари давлати хеш, ки бегумон барномаибузурги муҳаббат ба Ватан, ҳифзи истиқлолияти миллӣ, давлатӣ, таъмини ваҳдати миллӣ ба шумор мераванд, якҷоя талош варзем. Дўст доштани ин ватани азиз ва ҳифзи якпорчагии Тоҷикистони азиз вазифаи муқаддаси мо шаҳрвандони ба шумор меравад, ки ба таъбири Пешвои миллат, «корро ба хотири ободии Ватани маҳбубамон тарзе ташкил кунем, ки дар раванди созандагӣ ҳар як шаҳрванди мамлакат шарик ва саҳмгузор бошад».

Мардуми шарафманди тоҷик низ аз ин барномаҳои ҳадафмандонаи муҷассам дар Паёми Пешвои миллат руҳу илҳоми тоза гирифта барои дар амал татбиқ намудани ѓояву ормонҳои ватандўстонаи якҷоя ва боа мри дил иқдом хоҳанд намуд, то ҷашни бузурги миллат 30 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо беҳтарин ҳадяҳои маънавӣ ва корномаҳои созанда истиқбол бигиранд.

Нуралӣ Нурзод,

номзади илмҳои филологӣ, муовини директори институти илмӣ- тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ