Оё фарҳанги китобхониро гум кардаем?

«Ман китобро чун гул мебўям, чун шахси меҳрубонтарин дар оғӯш мегирам ва чун сўҳбатнигори вафодортарин дўст медорам».

Екатеринаи Бузург

Солҳои охир бисёре аз равшанфикрон нигаронӣ мекунанд, ки дар ҷомеаи мо фарҳанги китобхонӣ ба андозае коста аст. Кадом омилҳо ба сатҳи мутолиа таъсир расонидаанд ва ё чи тавр метавон ин фарҳангро дигарбора эҳё кард? Роҷеъ ба ин мавзӯъ бо номзади илмҳои филология, дотсент, сардори китобхонаи марказии донишгоҳ Дилбар Самадова сӯҳбате доштем, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем.

– Имрӯз одат шудааст, вақте сабаби дур шудан аз китобу китобхониро меҷӯем, аксарият ҳатман ангушти ишорат сӯи шабакаҳои интернетӣ мебаранд. Оё интернет воқеан тавонист ё метавонад ҷои китобро гирад?

– Ҳама чиз ҷойгоҳи худро дорад, аз ҷумла, интернет ва китоб ҳам. Мардуми тоҷик аз қадим соҳибкитоб, дорои фарҳанги баланди китобдориву китобхонӣ буд. Ва ин фарҳанг дар ҳар давру замон дар ҳоли ташаккул ва ривоҷ қарор дорад. Бо мурури замон воситаҳои гуногуни иттилоърасонӣ ба вуҷуд омаданд, вале арзиши китоб кам нашуд. Масалан, 300 сол муқаддам рӯзнома рӯи кор омад ва дертар телевизиону радио. Вале ин воситаҳо натавонистанд ҷойгоҳи китобро танг созанд, ё аҳамияти китобро кам кунанд. Бинобар ин, бо боварии комил гуфта метавонам, ки интернет ҳам чунин қудрату тавоноиро надорад. Аммо бояд иқрор шуд, ки ин воситаи муосир то андозае тавонист ба сатҳи мутолиаи китоб таъсир расонад. Гап дар сари он аст, ки аксарият, махсусан, ҷавонон ба телефонҳои мобиливу шабакаҳои иҷтимоӣ афзалият доданд ва вақти бештари худро, ки мебояд барои мутолиа сарф шавад, ба ин воситаҳои муосир равона мекунанд.

– Яъне, Шумо гуфтаниед, ки интернет вазифаи китобро азхуд накардааст, балки вақти китобхонии моро дуздидааст?

– Бале, айнан чунин аст. Дар хона, ҷойҳои ҷамъиятӣ аксариятро андармон ба телефонҳои мобилӣ мебинем. Ин аз манзараи давраҳои гузашта ба куллӣ фарқ мекунад. Солҳои пеш ҳатто дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, нақлиёти мусофиркашон, истгоҳу кӯчаҳо мардум рӯзномаву китоб мехонданд. Ҳоло чунин манзара хеле кам ба мушоҳида мерасад.

Дар хонаводаҳо сари як миз нишаста, гоҳо бо якдигар сӯҳбат намекунанд, фикру хаёли ҳама банд ба телефон ва ё шабакаҳои иҷтимоӣ. Ин ҳолат натанҳо моро аз фарҳанги китобхонӣ андаке дур андохтааст, балки ба фарҳанги оиладорӣ низ таъсирҳои манфӣ расонидааст. Бо ин воситаҳо бештар вақтро зоеъ мекунанд ва аз ганҷинаи маънавии китоб бебаҳра мемонанд.

– Албатта, истифодаи интернет ҳам фарҳанги худро дорад. Оё аз он бархурдорем? Метавон дилпур ва хотирҷамъ буд, ки ҷомеа, хусусан, ҷавонон бо ҳар воситае набошад муҳим аз мутолиа дур нашудаанд?

– Инҷо набояд танҳо иллатро дар интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҷуст. Иллати асосӣ дар надонистани фарҳанги истифодаи ин воситаҳост. Яъне, мо, ин воситаҳои муосирро дар бештар маврид аз манфиат дида, бар зарари худ истифода мебарем, ҳамон гуна, ки телефон ва интернет ба ҳаётамон ворид гардиду андак аз китоб дур шудем. Албатта ин гуфта ба ҳамаи истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ дахл надорад. Аммо аз рӯи мушоҳидаҳо аксарияти корбарон на ба хотири ғанӣ гардонидани маънавиёт ва таъмин шудан бо маълумоту иттилооти лозима ба ин шабакаҳо ворид мешаванд. Ин шабакаҳо дар мо бештар ҳамчун воситаи муошират истифода мешаванд.

Нигаред, дар ҷомеаи 9 миллионнафараи мо беш аз 2 миллион нафар аз “Фейсбук” истифода мебаранд. Шахсан ман гоҳо ворид шуда, аз фазои маҷозии олуда дилгир мешавам. Ҳолати имрӯзаи шабакаҳои иҷтимоӣаз фарҳанги ғалати мо дар ин ҷода дарак медиҳад.

– Махзани шабакаи ҷаҳонии интернетӣ аз китобҳои гуногун хеле ғаниянд.Дар шабакаҳои иҷтимоӣ гурӯҳҳои вижае ҳастанд, ки шакли электронии китобҳоро пешкаш мекунанд. Аммо суол инҷост, ки то кадом андоза ин имконият самаранок истифода мешавад?

– На ҳамеша самаранок истифода мешавад. Аз чанд гурӯҳ ва саҳифаҳои фейсбукӣ, ки махсус ба паҳнкунии шакли электронии китобҳо сару кор доранд, пай мебарам, ки аъзои чандон зиёд надоранд. Шумораи аъзои ин гурӯҳҳо аз 6 то 10 ҳазор нафарро ташкил медиҳаду халос. Дар ҳоле, ки чуноне дар боло гуфтем, “Фейсбук” дар Тоҷикистон зиёда аз 2 миллион аъзо дорад. Интернет ва шабакаҳои иҷтимоии он имконияти хеле васеъ доранд, ҳам барои онҳое, ки мехоҳанд ҷаҳони маънавии худро бой созанд ва ҳам ба онҳое, ки аз ҷиҳати касбӣ такмил ёфтан мехоҳанд. Аслан, мо ҳуқуқи маънавӣ надорем, мардумро маҳкум кунем, ки аз интернет даст кашида, ба китоб рӯй оранд. Ҳамон ғизои маънавие, ки дар китоб ҳаст, интернет ҳам чунин имкониятро дорад. Гап дар сари он, ки мо чунин имкониятро чи гуна истифода мебарем.

Махсус қайд кардан мехоҳам, ки дар бисёр маврид китоб афзалият дорад. Масалан, агарчӣ бо мақсади муайян ба шабакаи интернет ворид мешавем, бисёр иттифоқ меафтад, ки дар ин олами беҳудуд ғӯтавар гашта, дур аз ҳадаф меафтем, вақтро зоеъ сарф мекунем. Аммо китоб чизи дигар аст. Китоб хосиятҳои ба худ хос дорад, варақ задан ва ҳатто бӯйи он ба инсон эҳсосоти наҷиб мебахшад, кайфияти онро аз чизи дигар гирифта намешавад. Бинобар ин, барои хонандаи асил ҷои китобро ҳеҷ вақт чизе иваз карда наметавонад.

– Мегӯянд, мардум солҳои пеш сермутолиа буданд ва Шумо низ шоҳиди он давраед. Шавқ, ҳавас ё ҳавсала – кадоме водор мекард, ки рӯ ба китоб оред?

–Ҳарду – ҳам шавқ ва ҳам ҳавсала. Кӯдак будем, симчӯби назди дарвоза чароғи фурӯзоне дошт. Ҳангоми шаб, вақте чароғро хомӯш карда, волидон ба хоб рафтан водор мекарданд, бо равшании ҳамон чароғ китоб мехондам. Натанҳо ман, аксари ҳамсолон ҳамин хел дӯстдори китоб буданд. Айёми донишҷӯӣ дар рӯбарӯи китобхонаи ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе як мағозаи хурди китобфурӯшӣ буд. Баробари гирифтани идрорпулӣ ҳамаи донишҷӯён ба сӯи ин фурӯшгоҳ мешитофтем. Агар китоби хостаамон дар фурӯш набошад, хеле афсурдаву нороҳат мешудем.

Модарам боре бо шӯхӣ гуфтанд, ки “ман дар ғами пур кардани сандуқи арӯсиат ҳастаму ту боши маблағро фақат барои китобхарӣ сарф мекунӣ. Ба ҷои сару либос ба сандуқат китобҳоятро андохта, ба шавҳар медиҳам”. Бо гузашти солҳо боз хубтар дарк кардам, ки дар назди молу чизи дунё сарвати ҷамъкардаи ман – китоб бобақо будааст. Барои китоб, ки ганҷи бебаҳост, набояд чизеро дареғ дошт. Ба донишҷӯёни имрӯза низ маслиҳат медиҳам, ки молу вақтро барои китобу китобхонӣ дареғ надоранд.

– Ду сол аст, ки сарварии китобхонаи марказии донишгоҳро бар дӯш доред, вазъ ва сатҳи мутолиа бароятон аз наздик ошност. Мегуфтед чи гуна фарҳанги китобхониро дубора эҳё кунем?

– Воқеан, солҳои охир сатҳи мутолиа дар ҷомеаи мо хеле паст рафта буд ва ин ҷои пӯшидагӣ надорад. Чанд сол аст, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади эҳёи фарҳанги китобхонӣ иқдому ташаббусҳои муассир амалӣ карда мешаванд. Пешвои миллат борҳо дар баромадҳояшон таъкид кардаанд, ки бояд дар хонадони ҳар фарди кишвар китоб ҷойгоҳи хоса дошта бошад. Ҳамин сиёсати маънависози Сарвари давлат буд, ки имрӯз китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров бознашр ва ба ҳар хонаводаи кишвар ройгон тақсим карда мешавад. Бешубҳа, ин нодиртарин ташаббус дар роҳи тарғиби фарҳанги китобхонӣ мебошад. Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ”, ки аллакай ба ҳукми анъана даромадааст, аз иқдоми дигари ҳавасманд ва ҷалб намудани мардум, хусусан, наврасону ҷавонон ба китобхонӣ мебошад. Бе ҳеҷ дудилагӣ гуфта метавонам, ки пас аз чанд соли дигар ба шарофати ҳамин гуна ташаббусҳо кулли мардуми кишвар китобхон мешаванд.

Дар ин қатор дар китобхонаи марказии донишгоҳ низ сафи хонандагон рӯз аз рӯз зиёд мешавад. Аз рӯи таҳлилҳо агар солҳои пеш рӯзе то 40 нафар ташриф меоварданд, ҳоло теъдоди ташрифкунандагон рӯзе ба 400-500 нафар мерасад. Баъзан барои нишастан ҷо намерасад. Ҳамчун роҳбари китобхона мушоҳида мекунам, ки хонандагони ҳамешагӣ дорем ва онҳо ҳар рӯз ташриф меоранд. Аз ин хулоса мекунам, ки баробари китоб, китобхона низ арзиши худро дубора пайдо намуда истодааст.

Давоми ду сол шумораи обуначиён аз 4500 нафар имрӯз сарҳади 10000 нафарро гузаштааст. Вале ин нишондиҳандаҳо моро қаноатманд намесозанд. Мо бояд фазо ва муҳитеро барои ташрифоркунандагон муҳайё созем, ки майлу шавқи китобхонии онҳоро бедор кунад, барои ҷалби аз ин ҳам бештари донишҷӯён ба китобу китобхонӣ мусоидат намояд. Агар дар умум баҳо диҳем, вазъият хеле беҳтар аст. Вале бо вуҷуди ин, ҳанӯз фарҳанги китобхонӣ ба тарғибу ташвиқ ва тарбия ниёз дорад. Тарбияи китобдӯстии насли ҷавон, пеш аз ҳама, аз оила сарчашма мегирад. Сониян, ин кор аз омӯзгорон вобастагии зиёд дорад.

– Раёсати донишгоҳ ва китобхонаи марказӣ баҳри ҷалби донишҷӯён ба китобу китобхонӣ, таблиғи аҳамияту манфиати мутолиа кадом иқдомҳоро амалӣ намуданд ва боз чи нақшаҳо доранд?

– Донишгоҳ сомонаи китобхонаи элекронии худро дорад. Дар махзани китобхона китобҳои нодир бисёранд. Ҳоло тасмим ҳаст бо дастгирии ректори донишгоҳ сканери тезсуръат харидорӣ карда, шакли электронии ин китобҳоро омодаву пешкаши хонандагон гардонем. Бори аввал дар таърихи зиёда аз 50 сол махзани китобхонаро аз нав ба қайд гирифтем ва дар натиҷа маълум гардид, ки он 252 ҳазор адад китобро дар бар мегирад. Сол аз сол маблағгузорӣ барои харидории китоб аз тарафи донишгоҳ зиёд шуда, махзан боз ҳам ғанӣ гардида истодааст.

Барои ҷалби донишҷӯён низ якҷоя бо раёсат ва факултаҳои донишгоҳ чорабиниҳои гуногун гузаронида истодаем, ки натиҷаҳои хуб ба бор меоранд.

Миёни омӯзгорону донишҷӯён ҳар сол пурсиши афкор гузаронида, шароити китобхона ва хизматрасониро мувофиқ ба талаботи замон ва хостаҳои муштариён ба роҳ мондем. Умедворам, ин иқдому ташаббусҳо боис мешаванд, ки донишҷӯён ҳарчи бештар ба китобхона рӯй оранд.

–Ташаккур барои сӯҳбат!

Мусоҳиб

Бобоҷон ҚУРБОНОВ,

“Нури маърифат”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ