Дар худ фикрҳои мусбиро бедор кунед! (Ё чанд сухан аз усули Эмиля Куэ)
Номи Эмиля Куэ дар таърих ҳамчун ихтироъкунандаи усули «тасдиқкунӣ» машҳур гардидааст. Ӯ бо беморони худ озмоиш ташкил карда, ба онҳо мегӯяд, ки ҳар субҳ ва шом ҷумлаи тасдиқии “Ҳар рӯз ман худро беҳтар аз дирӯз ҳис мекунам!”-ро такрор намоянд. Беморон ҳар субҳ ва шом ҷумлаи мазкурро аз 2 то 10 дақиқа пайваста такрор мекарданд. Озмоиши мазкур ба саломатии беморон таъсири ҷиддӣ расонида, натиҷаҳои дилхоҳ ба бор овард. Аз натиҷаҳои худ Куэ ба илҳом омада, якчанд китобҳоро вобаста ба худталқинкунӣ навиштааст. Ӯ тавассути усули тасдиқкунӣ ҳазорон беморонро табобат кардааст, ки далели инро хуҷҷатҳои тиббӣ тасдиқ мекунанд.
Ҳангоми иҷрои усул бояд ба се ҷиҳат эътибор дод:
1. Ба тасдиқи худ бовар кардан на он қадар зарур аст. Агар бовар кунед бисёр хуб аст. Дар ҳолати бовар накардан ғамгин нашавед ва ҷумлаҳои мусбии худро пайваста такрор кунед.
2. Ҳангоми истифода бурдани усули тасдиқкунӣ бояд ҷумлаҳое, ки инкорӣ ҳастанд, истифода набаред. Масалан: “Ман бемор намешавам”, “Ҳангоми баромад кардан ман ба ҳаяҷон дода намешавам”. Дар ҷумлаҳои мазкур пайвандаки “на” (намешавам) мавҷуданд. Олимон исбот карданд, ки зершуур пайвандаки “на”-ро дарк наменамояд. Ба ҷои ҷумлаҳои дар боло зикршуда беҳтар аст, ҷумлаҳои тасдиқиро истифода баред. Ба монандӣ: “Ман худро хуб ҳис карда истодаам!”, “Саломатии ман беҳтар шуда истодааст!”, “Муваффақона баромад мекунам!” ва ғайра.
3. Ҷумлаҳои тасдиқии Шумо бояд мушаххас, кӯтоҳ ва фаҳмо бошанд. Ҳангоми сохтани ҷумлаҳои тасдиқӣ кӯшиш намоед, ки онҳо аз даҳ калима зиёд набошанд. Ҷумлаи тасдиқӣ метавонад ҳатто аз ду калима иборат бошад. (Ором ҳастам!).
Ҳамин тавр, Шумо ҳам метавонед ҷиҳати беҳтар намудани саломатӣ ва вазъи худ аз усули «тасдиқкунӣ» истифода намоед.
Ҳангоми баёни ҷумлаҳо бояд эҳтиёт шуд ва пайваста ҷумлаҳои тасдиқии мусбиро, ки бо ҳадафи Шумо алоқаманд аст, такрор кард. Ба ин васила, ба майнаи худ таъсир расонид, то ки дар он фикрҳои мусбӣ (позитивӣ) бедор шаванд.
Ҳусейн ЗАЙТМЕТОВ,
номзади илмҳои психологӣ,
мудири кафедраи психологияи
иҷтимоӣ ва касбии ДДХ
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров