​Нигоҳе ба таърихи парчамдории ниёгон

Дирафши ковиёнӣ, ки аз он зиёд ёд мекунанд, ба номи Коваи оҳангар дар ривояти «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ аст. Аз мавҷудияти шахсияти таърихӣ бо номи Кова дар «Авасто» ва дигар сарчашмаҳои қадима маълумоте нест. Аммо аз сабаби надонистани маънои калимаи ковиён, ки подшоҳӣ аст, дар замони Ашкониён устура доир ба Коваи оҳангар арзи ҳастӣ кард, ки бо қонуниятҳои мифологӣ, яъне муқобили ҷодугарӣ мубориза бурдани оҳангаронро дар худ инъикос кардааст. Дар «Шоҳнома» барои ифодаи маънои парчам калимаи дирафш истифода гаштааст, ки маънояш рахшон, тобон ва дурахшон мебошад.

Дар асарҳои таърихӣ ва адабии асримиёнагӣ доир ба дирафш, парчамҳои мухталиф маълумот дода шудааст. Ман ин ҷо мехостам, ки доир ба истилоҳот, таъиноти онҳо истода гузарам.

Алам – парчам, дирафши калон, ки ба як шоҳигарӣ, сулола ва ё давлат тааллуқ дошт. Алам дар фарози қасри подшоҳ барафрохта мешуд.

Ливо – рамзи худи подшоҳ аст, ки дар гузашта бо тоҷ, тахт ва сарир якҷоя меистод.

Ҳамоно, ки бошад, маро дастгир,

Худованди тоҷу ливову сарир.

Роят – дирафш ва ё нишони ҷангӣ аст, ки дар асрҳои миёна сардорони ҷузъу томҳои лашкар онро доштанд. Дар зери роят шумораи ками одамон то сад нафар буданд. Дар гузашта ҳар маҳаллаҳои Хуҷанд роят, яъне ба ҷойе, ки 100 нафар ҷангӣ мебаромад, ташкил гашта буд. Маҳаллаҳо рояти худро доштант. Имрӯз дар Хуҷанд калимаи «роят» шакли тағйирёфтаи «роҳат» ва ё «роат»-ро гирифтааст.

Манҷуқ – аслан, баромадаш аз калимаи паҳлавӣ аст. Дар замони муғулҳо мавриди истифода қарор гирифт. Тибқи маълумоти «Луғатнома»-и Деҳхудо маънои манҷуқ – моҳчаи алам ва ё чизе аст, ки дар болои парчам гузошта мешавад.

Туғ – алами калон ва бузург, ки ба донишмандон ва олимон аз тарафи шоҳон тақдим мегашт ва дар рӯи он расми панҷа тасвир гашта буд. Шахсе, ки дорои туғ буд, имтиёзҳо дар пардохти андозҳо, дар пардохти музди истифодаи об ва ғайраро дошт. Баъди вафоташ туғашро ба сари қабраш рост мекарданд. Дар Хуҷанд то ҳол касе, ки имтиёзхоҳӣ мекунад ва ё аз кори маҳалла сарпечӣ мекунад, «ваянда туғаш ҳаст-мӣ» гуфта сарзаниш мекунанд.

Парчам – маънои порчаи матоъ, дирафши давлатро дорад.

Дар дирафшҳои қадимаи ориёӣ тасвирҳои уқоб, хуршед ва шер истифода гаштааст, ки маъноҳои ба худ хосро доштанд.Тибқи ривояти «Шоҳнома» ҳар паҳлавон дирафши худро дошт, масалан, Дирафши Рустам тасвири ҳилол, шер ва аждаҳои сесарро дошт, ки минбаъд дар дирафшҳои асримиёнагӣ ҳам он унсурҳо мавриди истифода қарор гирифтааст.

Сомониён соҳиби алам ва ливо буданд, ки тибқи муқаррароти он замон аз халифаҳои Аббосӣ гирифта буданд ва он мутобиқ бо рангҳои хулафои аббосӣ буд.

Дар дирафшҳои Ғазнавиён ва Ғуриён бошад, тасвирҳои хуршед ва шер пайдо шуда буданд.

Дар дирафшҳои сулолаҳои мухталиф, ки дар кишварҳои Мовароуннаҳру Хуросон ва Эрону Ҳиндустон арзи ҳастӣ кардаанд, дорои тасвири хуршед ва шер буданд.

Дар тӯли таърих ба назар мерасад, ки дирафшҳо бо тасвири ҳилол ҳам зиёданд. Аслан, дирафши Сиёвуш – Сиёвахш ва пайвандонаш – моҳпайкар, дорои тасвири ҳилол буд. Маҳмуди Ғазнавӣ шеру ҳилолро дар дирафшаш ҷой дод, минбаъд мебинем, ки Туркони Усмонӣ ҳилолро дар парчамашон ҷой доданд. Дар алами хонигарии Хуқанд низ ҳилол ҷой дошт. Дар алам ва роятҳои сулолаи манғитиён тасвири хуршеду моҳ мавҷуд буд ва ахиран ин хонадон аламеро бо тасвири панҷа дар заминаи сабз интихоб карданд.

Ҳамаи ин маънои онро дорад, ки мардуми тоҷик дар ҳар давру замон соҳиби дирафш, алам, ливо ва парчам будаанд. Парчам рамзи пирӯзӣ ва давлатдорӣ будааст.

Исломҷон Раҳимов, номзади илмҳои филологӣ, дотсент.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ