Эмомалӣ Раҳмон – эҳёгари давлати навини тоҷикон
Ҳамасола рўзи шонздаҳуми ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Ин сана яке аз санаҳои муҳими таърихи навини тоҷикон ба шумор меравад. Зеросанаи шонздаҳуми ноябри соли 1992 иҷлосияи тақдирсоз оғоз гардида Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида аст.Аз рўзи аввали фаъолияти сиёсии худ то ба имрўз Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша кўшиш бар он намуда буданд, ки давлатдории миллиро тақвият бахшанд, сулҳу субот ва ҳаёти арзандаро барои миллати тоҷик фароҳам оваранд. Маҳз бо шарофати сиёсати Пешвои миллат бо тавонистем аз бўҳрони ҳамаҷонибаи сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавӣ бароем. Имрўз тоҷконро тамоми мардуми дунё ҳамчун халқи сулҳофар ва фарҳангдўст мешиносад. Мардуми Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмонро чун наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби давлатдории муосири миллӣ ва дар маҷмӯъ, ҳамчун ба меъмори давлатдории навини тоҷикон ва пешвои эътирофшудаи умумимиллӣ медонанд. Сиришти мардумӣ, эҳсоси худӣ, иродаи қавӣ ва таҷрибаи бузурги Эмомалӣ Раҳмон қалби ҳар шаҳрвандро саршор аз ҳисси боварию эътимод ба фардо, ба ояндаи фарзандони худ ва ба дурнамои давлату миллат менамояд. Ин ҳолати нодирест, ки мардум ба роҳбари худ ҳамчун ба худ, балки бешатар аз худ бовар ва эътимод дорад.
Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хидматҳои бузургу мондагори таърихиро анҷом додааст, ки ҳамагӣ ба манфиати мардум ва рушду шукуфоии кишвар нигоронида шудаанд. Таҳкими сулҳу субот, роҳандозии равандҳои демократӣ, риояи ҳуқуқу озодиҳои шахс, таъмини зиндагии саодатмандонаю шоиста аз ин қабил маҳсуб меёбанд. Ташаббусҳову иқдомҳои наҷибона ва инсонпарваронаи Эмомалӣ Раҳмон дар боби ҳимояи арзишҳои олии инсонӣ, мубориза бо равандҳои номатлуби зидди башарӣ, аз қабили терроризму экстремизм ва роҳандозии ҳамкорию робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо давлатҳои хурду бузурги олам Тоҷикистонро ба кишваре табдил дод, ки дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт намунаи ибрати дигар кишварҳо гардидааст.
Саркорбобоева М.М. - кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ