Пешвои миллат - арбоби барҷаста ва кафили сулҳу субот
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат арбоби барҷастаи сиёсӣ, сиёсатмадори ҳушёру заковатманд ва шахсияти бузурги таърихии миллат маҳсуб меёбад, ки дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузоштаанд.
Дар таърихи навини давлатдории миллии миллати тоҷик Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсиятест, ки ҷони худро сипар намуда, кўшишу ғайрат намуданд, то ки мардуми шарифи тоҷикро аз вартаи нестӣ, ҳалокат, нобудӣ бираҳонанд ва дар ташкили давлати миллии тоҷикон пояи асос бигузоранд.Далели бисёр ҳам возеҳу равшани Пешвои воқеӣ ва мардумӣ будани Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки ба шарофати заковату хирад ва ҷонисориҳои ў ягонагии давлат ва халқ ба вуҷуд омадааст. Ҳамчунин, муҳаққик Н. Асозода қайд менамояд, ки Эмомалӣ Раҳмон на фақат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, балки Асосгузори мактаби давлатдории миллӣ ва эҳёгари суннатҳои давлатдории аз ёдрафтаи миллати тоҷик аст.
Бояд ёдовар шуд, ки дар таъриху тамаддуни инсоният ҳамон миллат бурд кардааст, ки тақдир бар вай шахсиятҳои бузург эҳдо намудааст, то чун оҳанрабо халқашро дар атрофаш муттаҳид кунад, дар сарзаминаш бо созандагиву бунёдкорӣ машғул шавад, тамомияти арзияшро ҳифз карда, марзу бумашро аз ҳуҷуми душманон эмин нигоҳ дорад.
Давлати тозабунёди тоҷикон таҳти роҳбарии фарзанди сарсупурдаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо азму иродаи қавии мардуми ватанхоҳу фидоии миллат аз гирдоби хатарноки нобудӣ, ки воқеъ шуда буд, ба қафо гашт ва ба шоҳроҳи азими рушду тараққиёт қадамҳои устувор гузошт.
Пешвои муаззами миллат бо дарназардошти поён ёфтани ихтилофот дар ҷомеа баҳри боз ҳам мустаҳкамтар намудани пойдевори давлатдории миллӣ бо муроҷиат ба мардуми Тоҷикистон мегўянд: "Бақову пойдевори давлати Тоҷикистон ва истиқлолияту соҳибихтиёрии он аз кўшишу ғайрат ва азму иродаи мову шумо вобаста аст. Ман зиёиёни хирадманд, деҳқонону коргарони заҳматкаш, пирони рўзгордида, занону духтарони меҳрубон ва ҷавонони навовару ғайратмандро даъват мекунам, ки Ватанро бо меҳнати ҳалол обод намоянд".
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, дар санаи 22-юми декабри соли 2016 чунин изҳори назар карда буданд: "Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кишвари моро аз масири пешрафт чандин даҳсола ақиб партофт ва мардуми Тоҷикистонро маҷбур сохт, ки барои бартараф кардани харобиву хисороти он солҳо заҳмати шабонарўзӣ ва мушкилоту монеаҳои басо гаронро таҳаммул намоянд".
Вақти он расидааст, ки ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ба хидматҳои фидокоронаи фарзанди фарзонаи миллат Президенти мардумии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷ гузошта, дар партави сиёсати созандаву маънавибунёди Пешвои миллат муттаҳид гашта, барои Ватан содиқ будани худро, ватандўсту ватанпараст будани худро бо саҳми арзандаи худаш собит созад. Ҷавонон бошанд, бо донишу фитрат ва нерўи бозуи ҷавони хеш, бо забондониву ихтироъкориву навоварии худ ба халқи шарафманд ва меҳнатдўсти тоҷик ва давлати ҷоноҷони худ хизмати содиқона намоянд.
Дар фарҷоми сухан тазаккур бояд дод, ки чун Исмоили Сомонӣ, ки асосгузори давлати тоҷикон дар арсаи таърих эътироф мешавад, Эмомалӣ Раҳмон низ асосгузори давлати тоҷикон дар даврони соҳибистиқлолӣ ва дар остонаи ҳазорсолаи нав маҳсуб мегардад. Воқеан ҳам, Пешвои хирадманди миллат Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузори давлатдории навини тоҷикон, арбоби барҷастаи давлат, кафили сулҳу субот ва ваҳдату якпорчагии Тоҷикистони азиз арзёбӣ мегарданд.
Рӯзи Президент ва 28-солагии баргузории анҷумани саодати миллат – Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олиро ба ҳар як ҳамватани фидоии арҷманд шодбош мегӯям!
Юсуфзода Ғайрат Маъруф - омўзгори кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ