​Садоқат ба Пешвои миллат, садоқат ба миллат аст

Халқи бузугтафаккур ва охирбини мо бори дигар аз адолат ва далолаташон барои расидан ба ҳадафҳои наҷиби инсонӣ ва ормонҳои олии башарӣ, ки ҳамин чанд рӯзи қабл дам заданд ва дами масеҳогунаашон малҳам ба решҳои тафаккурӣ ва сиёсиашон гардид, зеро нооромии вазъи кунунии ҷаҳон, ки қабл аз интихобот ёдрас мешуду “назариясозон” кишварҳои ба ҷанг кашидашударо пас аз интихобот мисол меоварданд ва рӯзҳои сахту сангинро пайдарпай ёдрас менамуданд, ба хубӣ паси сар шуд. Зеро халқи маърифатгаро ва маърифатхудои мо чӣ гуна нафареро интихоб накунад, ки Ӯ: “Марҳила ба марҳида таҷлили ҷашнвораҳои марбут ба гиромидошти чеҳраҳои мондагор ва бузургони миллати тоҷикро рӯи кор овард. Дар ҳамин росто мақолаи мо низ омода гардидааст, ки фарогири хизматҳои наҷибӣ, инсони бузург ва меҳанпараст ёдрас гардад.

Қисмати аввали мақолаи фарогири ҷашнвораҳоест, ки то кунун баргузор гардиданд. Албатта ин мухтасаран аст ва ин мақола маҳоли фарогирии ҳамаи онро надорад. Шартан ин қисматро аз ҳазораи «Шоҳнома»-и А. Фирдавсӣ оғоз ёфта, баъдан бо бузургдошти устод Рӯдакӣ, Носири Хусрав, Умари Хайём, Соли бузургдошти Имоми Аъзам, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Нақибхон Туғрал омада расид ва санаҳои 15-17 октябри соли ҷорӣ таҷлили ҷашни бошукуҳи 700-солагии Камоли Хуҷандӣ далели расо ва бурҳони қотеъ аст, ки амсоли ин аркони маънавӣ ва сиёсии халқи тоҷикро таҳким бахшид.

Он чи дар боло зикр гардид, марбут ба инсонҳо буд, ки дар ин ё он давраи таърихии халқи мо ба сар бурдаанд. Қисмати дуввуми мақола мо марбут ба ҷашнвора ва ё санаҳои таърихии халқи тоҷик мебошад. Дар мисоли 1100-солагии давлати Сомониён, 2700-солагии китоби муқаддаси Авесто, 2500-солаии шаҳри Истаравшан, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, Соли бузургдошти тамаддуни Ориёӣ, Соли забони тоҷикӣ, Ҷаҳонишавии ҷашни Наврӯз, 5500-солагии шаҳри Саразм. Эҳё кардани ҷашнҳои куҳан аз ҷумла Сада, Меҳргон аз ҳамин қабиланд, ки ба раванди худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ суръат ва вусъати тоза ато кард. Муҳимияти баргузории ин ҷашнҳои бузурги таърихӣ имконият фароҳам овард, ки ҷомеаи кишвари мо ба таъриху фарҳанг ва адабиёти миллӣ руҷӯъ намоянд. Фузун бар ин, тадбирҳои шоистаи фарҳангиву адабии мо тоҷикон аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хушнудӣ пазируфта шуд, ки дар мисоли афзун намудани захираҳо оби тозаи нўшокӣ аз соли 2003-2005, 2005-2015, 2018-2028 ва охирини он баъд аз тадбири созанда ва самарофари Пешвои миллат таљлли 5500 солагии Саразми Бостонӣ, ки соли 2020 аз тарафи созмони бошукуҳи чаҳонӣ СММ ҷашни гирифта шуд, мебошад.

Қисмати сеюми мақола фарогири асарҳои худи Пешвои муаззами миллат мебошад, зеро сарвари кишвари мо дар баробари бедор намудани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ дар ниҳоди ҷомеа боз ба офаридани асарҳои гаронмояву фузунпоя даст задаанд, ки дар мисоли «Аз Ориён то Сомониён», «Забони миллат-ҳастии миллат» дар ду ҷилд, «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Чеҳраҳои мондагор» «Уфуқҳои истиқлол», «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ» «Тоҷикистон дар остонаи фардо», «Ҷавонон ояндаи миллат», «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун», «Истиқлолият неъмати бебаҳост», «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат, «Тоҷикистон: Даҳ соли Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ», «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугўи тамаддунҳо» мебошанд. Ин дар ҳолест, ки мухтасаран муаллиф ба овардани номи асарҳо пардохтааст.

Бо ин ҳама таъкидот хостем барои шумо иброз дорем, ки дар садоқат ба миллатамон бедор бошем ва дар роҳи расидан ба саъодат ва саломатии он саҳмгузор бошем, то битавонем ин мероси фарҳангиву маънавии худро ба пасояндагон мерос гузорем. Иддаои куҳанбунёд ва навгароии халқамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.

Дар ҳамин росто албатта садоқат ба миллат нишонгари он аст, ки мо ба Пешвои миллатамон ва дар симои он кас ба тамоми халқи бузургамон арҷ гузорем. Зеро беадолатист, ки як нафаре, то ин андоза барои мо хизмат кунаду мо атрофаш набошем.

Исмоил Саидов - магистранти донишгоҳ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ