​Пешвои миллат фардои дурахшони роҳи мо

Ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳалаи нави таърихӣ лаҳзаҳои босаодатубошарафе барои миллати соҳибтамаддун мебошад. Гузаштаи ақвому миллатҳо ҳикматеро равшан месозад, ки Истиқлолият неъматест, ки ба осонӣ даст намедиҳад ва бузуртарин қавму халқҳо дар амри расидан ба он талошу сарсупурдагӣ ва ҷонбохтагӣ зоҳир кардаанд. Ҳамин роҳи пурранҷ барои миллати тоҷик дар ин давраи таърихӣ дар вурудгоҳе, ки ҷаҳонро ба рўйкардҳои тоза ва пайкорҳои қудратҳои нав раҳнамоӣ мекард, пурнишебу фароз буд. Дар ин марҳала яъсу ноумедӣ, шикастагӣ ва беормонӣ афзуд ва миллат ба парешонӣ омад. Ин ҳолат дар чанд соли аввали марҳалаи истиқлоли Тоҷикистон дар сари забонҳо буд ва ранҷу фишорҳои афзуни рўҳӣ барои ҷомеа афзуд.

Аз сарнавишт шукргузорем, ки ин роҳи норавшан бо сулҳу саодат ва раҳнамоии ваҳдати миллат дар кўтоҳтарин фурсат пайдо шуд. Ба бахти мардуми тоҷик зимоми роҳбарии давлатдориро Аосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар дӯш гирифтанд, ки ормонҳои миллати тоҷикро ба дуриҳо бурда ва фардои пиндорҳои ояндасозро дар оинаи ҳақиқат ҷилвагар месозанд.

Заҳмату талош, донишу таҷриба ва ҷаҳонбинии сиёсии Пешвои муаззами миллатро ҳалқ бо иштироки фаъолонаи худ қадрдонӣ карда, муҳаббату самимияташонро санаи 11-уми октябри соли 2020 бо додани раъйи хеш исбот намуданд.

Тавре Пешвои миллат дар маросими савганд таъкид карданд: “Ин муҳаббату самимияти халқи азизам маро водор месозад, ки ба хотири ободии Тоҷикистон, оромии Ватан ва осоиши ҳар як хонадони кишвар даҳчанд заҳмат кашам”.

Таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мардуми тоҷик дарси зиндагӣ ба рӯзгори осоишта ва оѓози инкишофи тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷумҳурӣ мебошад. Тамоми таъкидҳое, ки дар маросими савгандёдкунӣ ироа гардид, барои боз ҳам беҳтару шоиста намудани зиндагии халқи Тоҷикистон равона шуда, бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки шиори Пешвои миллати мо таъмини зиндагии шоиста ва некўаҳволии мардум буда, ба халқ содиқона хизмат кардан аст.

Рисолати бузурге, ки Пешвои миллат дар минбари савгандёдкунӣбарои ояндаи дурахшони Тоҷикистони маҳбубамон ва зиндагии осудаи мардум бар дўш гирифтанд, барои ҳафт соли дигар умеду ормонҳои мардуми тоҷикро пару боли тоза мебахшанд

Раҷабов Боҳир – мудири шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ