​Савгандномаи Пешвои миллат – манбаи таҳлили вазъи иқтисод ва саноати Тоҷикистон

(чанд фишурда бо такя ба суханронӣ дар маросими савгандёдкунӣ)

Дар маросими савгандёдкунӣ масъалаи татбиқи ҳадафҳои олии давлат ва таҳияи шароити арзандаи зиндагӣ барои мардуми тоҷик дар ҳафт соли охир арзиши назаррас пайдо кард. Дар гузориш зимни нақд ва таҳлили соҳаҳои мухталифи ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ аввалан аз афзоиши беш аз ду баробари ҳаҷми воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (солҳои 2013-2020), баробар шудани суръати миёнаи солонаи рушди он ба 7 фоиз, афзудани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар як сокини мамлакат ба ҳаҷми 1,7 баробар, даромади пулии аҳолӣ ба ҳаҷми беш аз 2 баробар, музди меҳнати миёнаи як корманд 2,4 баробар сухан рафтааст.

Пешвои миллат дар ин суханронӣ таъсиси беш аз як миллион ҷои корӣ ва поён рафтани шумораи шаҳрвандони муҳоҷирати меҳнатӣ аз 1 миллиону 100 ҳазор то 460 ҳазор нафар, яъне дувуним баробар аз стратегияи давлат, сатҳи камбизоатӣ аз 38,3 фоизи соли 2013 то 26,3 фоиз дар соли 2020 (12 фоиз), болорафти дарозумрии миёнаи шаҳрвандон аз 73 то 75 сол, ҳаҷми умумии даромади буҷети давлат ду баробар, ҷалби сармоя дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ аз ҳисоби манбаъҳои маблағгузорӣ беш аз 100 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 30 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ, сохтмон ва мавриди истифода қарор додани як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 245 ҳазор хонанда, муассисаҳои тандурустӣ бо 9 ҳазор кат, манзили иқомат ба масоҳати 9 миллион метри мураббаъ, бунёди беш аз 1500 километр роҳи мошинӣ, 190 пул, 50 километр роҳи оҳан ва тавсеи имконияти транзитии кишвар, равона шудани беш аз 32 миллиард сомонӣ ба энергетикаи кишвар бо мақсади таҷдиди қудрати амалкунандаву бунёди иқтидори нав ва ғайраро аз натиҷаҳои судманди татбиқи амалии силсилаи асноди стратегӣ дар Тоҷикистон ва пешбурди сиёсати самарабахши молии давлатӣ арзёбӣ намудааст.

Дар байни ин нишондодҳо истиқлоли энергетикӣ аз силсилаи дастовардҳои муҳим барои кишвари мо буд. Тамоми сокинони ҷумҳурӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ медонанд, ки бо саъю талоши Ҳукумати кишвар ва дастгириву заҳмати содиқонаи мардум расидан ба ин ҳадафи стратегӣ сурати баланди амалӣ пайдо кард. Ба ин маънӣ ин иқдоми бузург дар таърихи навини тоҷикон – баҳраёбӣ аз ду агрегати нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» рӯйдоди нави Тоҷикистон ва яке аз нишондодҳои аъзами муҳимми замони мо мебошад.

Ин дастовардҳои бузург ба таҷлили 30-солагии истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикиситон заминаҳои бузургеро фароҳам меоварад.

Субҳониддини Баҳром-устоди ДДХ ба ном академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ