Паёме ба сӯи нусратҳои навин
Савганде ки Пешвои миллат дар таърихи 30 октябри соли 2020 ба муносибати бори дигар интихоб шудан ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд, савганди садоқатест, ки кайҳо пешорўи мардуми кишвари мо ва тамоми тоҷикони олам собитшудааст ва тоҷикони саросари ҷаҳон ва халқи шарифи Тоҷикистон низ ба камоли ихлосу иродат ҳар ҳарфу сухани Пешвои муаззами хешро истиқбол ва барои ба меҳвари амал қарор додани он пайваста талош меварзанд.
Суханронии Пешвои миллат дар маросими савгандёдкунӣ барҳақ барномаи дурнамоии зиндагонии мардум барои ҳафтсолаҳои оянда гардид, ки дар ҳар сатру каломи он дўст доштани Ватан, муҳаббату садоқат ба мардум таҷассум дошт. Бар ин асос, мардуми кишвар ҳам эҳсос ва бовар намуданд, ки ин савганди садоқат борҳост, ки аз забони Пешвои миллат ва раҳнамои азизи кишвар садо медиҳад, таҷрибашудаву озмуда аст ва халқи шарафманди тоҷик борҳост, ки ин садоқат бар қавлу амалро дар калом, андеша ва пайкору ҳидоятҳои раҳбари мамлакат санҷидаву бар он боварии эътимоди комил варзидааст. Паёми самимонаи Пешвои миллат, ки ман ҳамон Эмомалӣ Раҳмон ҳастам, ки ҳамеша аз оѓоз тамоми ҳастии хешро барои халқу Ватани азизам бахшидам, дар вуҷуди ҳар як нафар фарзанди арҷманди миллати тоҷик ва мардуми шарифи кишвар эҳсоси баланди ватандорӣ, ифтихор аз чунин раҳнаву раҳкушо ва такягоҳи бузургу боэътимод доштанро боло бурд. Бори дигар ва бо камоли садоқати бузург, ихлоси бепоён дар паёму каломи саршор аз самимияти савганди навбатии худ низ таъкид доштанд, ки “бо эҳтироми бениҳоят бузург изҳор медорам, ки ман ҳамчун як фарзанди халқи азизи Тоҷикистон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ дар мансаби Роҳбари давлат аз пуштибонии самимии мардуми шарафманди кишвар, дуои хайри падарону модарон, собиқадорону пирони рӯзгор ва махсусан, дастгирии фаъолонаи ҷавонони ватандӯсту бонангу номус рӯҳу нерӯи тоза гирифта, дар ҷодаи рафъи мушкилоти ниҳоят сахту сангини сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии кишвар бо иродаи мустаҳкам ва азми қавӣ қадам мегузоштам”
Баҳои баланди Пешвои миллат ба садоқати халқи азизи Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо баёнгари он аст, ки воқеан имрўз мардуми кишвар низ ба қавлу қасами хеш устувор ва сазовор аст, ки инро сарвари Тоҷикистони азизи мо ба шоистагӣ эҳсос намудаанд. Ин аст, ки бори дигар чун ҳамеша ба мардуми шарифи Тоҷикистон аҳди ҷавонмардӣ дода, бо сидқу ихлоси бепоён паёми муҳаббатва вафодории хешро расониданд, ки “тамоми ҳастии худро дар роҳи ҳифзи истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи комилу пойдори сиёсӣ, сарҷамъии миллат, ваҳдати миллӣ ва пешрафту ободии Тоҷикистони азизу маҳбубамон мебахшам.
Барои ман истиқлолу озодии Ватани азизам, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсии кишвари маҳбубам, ваҳдати миллӣ ва иттиҳоду сарҷамъии халқи бузургворам аз ҷумлаи муқаддасоти азизтарин мебошад2.
Муҳимтар аз ҳама, дар оинаи ин Паёми раҳнамо ва фардосоз бузургтарин барномаву ҳадафҳои олии расидан ба мақсадҳои наҷиб, ормонҳои бемисл садо доданд, ки рисолати ба иҷро расонидани ин дурнамои саодати халқ ва зиндагонии шоистаи мардум ба зиммаи ҳар як шаҳрванди кишвар низ ҳаст, зеро бояд имрўз мо якҷоя бо ваҳдатшиориву ҳамдилӣ, ҳамраъйӣ дар атрофи ѓояҳои бузургу бемисли Пешвои миллат муттаҳид шавем, то фардои пурнур, пешрафтатар аз имрўзу ҳар рўзи дигарро биофарем.
Нуралӣ Нурзод,
Номзади илмҳои филологӣ, муовини директори институти илмӣ-
тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносии МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров