Президенти мо – ояндаи мо
Санаи 30 октябри соли 2020 дар таърихи мардуми тоҷик боз як саҳифаи нави таърихӣ кушода шуд, ки минбаъд барои рушду такомули соҳаҳои гуногуни иҷтимоиву иқтисодӣ заминагузорӣ мекунад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар интихобот ба номзадии президентӣ бо 90,92 фоиз пирўзӣ ба даст оварданд, ки аз боварии мардум ва садоқатмандии тамоми ниҳодҳои ҷомеа ба сиёсати пешгирифтаи Ҷаноби Олӣ гувоҳӣ медиҳад.
Зимни баргузории маросими савгандёдкунии хеш Пешвои миллат ба якчанд масъалаҳои мубрам, ки минбаъд барои пешрафти давлату ҷомеа хеле муҳим аст, махсус таъкид намуданд. Аз ҷумла, дар мадди аввал такмили барномаҳои иқтисодӣ ва дар амал ҷорӣ намудани он, ки ба саноатикунонии кишвар робита дошт мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Бояд мутазаккир шуд, ки заминаи саноатикунонии мамлакат, ки ҳадафи чоруми стратегии кишвар эълон гардидааст, аз бисёр ҷиҳат ба истиқлолияти энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон робита дорад. Пешвои миллат таъкид доштанд, ки сохта ба истифода дода шудани агрегатҳои НБО Роғун замина барои саноатикунонии кишвар мешавад.
Дар Паёмҳои ҳамасолаи хеш Пешвои миллат ба масъалаи маориф диққати аввалиндараҷа медиҳанд ва борҳо таъкид карда буданд, ки дар сиёсати пешгирифтаи давлат маориф дар ҷои аввал меистад. Дар маросими савгандёдкунӣ боз як бори дигар таъкид гардид, ки дар ҳафт соли оянда масъалаи ташаккули рушди маориф ва илм дар мадди назари ҳамешагии Пешвои миллат қарор мегирад.
Дигар соҳаи аз ҳама муҳим ин соҳаи тандурустӣ мебошад, ки тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон саломатии миллат ва ҳифзи он аз тарафи давлат кафолат дода мешавад. Бинобар ин Пешвои миллат рушд ва фароҳам овардани заминаҳои муфидро барои соҳаи тандурустӣ яке аз сиёсати муҳими давлат қайд намуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид доштанд, ки саҳми соҳибкорӣ дар рушду нумуъи кишвари соҳибистиқлол хеле муассир аст ва минбаъд низ барои муҳайё намудани шароити мусоид дар ин ҷода аз тарафи давлат кўшиш ба харҷ дода мешавад.
Дар маросими савгандёдкунии хеш Пешвои миллат ба тамоми мардуми Тоҷикистон барои боварӣ ва интихоб ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуданд, ки аз инсондўстиву хирадмандии ин шахси муътабар гувоҳӣ медиҳад.
Тоҷикистониён ба марди шуҷову сиёсатмадор ба марде ки Тоҷикистонро аз вартаи ҳалокат раҳо намуда, дар кишвар сулҳу ваҳдати миллиро истиқрор, сиёсати созандагиву бунёдкориро пеша намуда кишварро аз як харобазор ба гулистон табдил додаанд, боварии комил доранд ва умедвор ҳастанд, ки ҳамешагӣ бо ин гуна сиёсати хеш онҳоро саодатманд ва кишварро ба як давлати пешрафта табдил хоҳанд дод.
Бинобар ин дастгирӣ ва дар амал ҷорӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси фараҳмандӣ ва ифтихори ҳар як фарди тоҷикистонӣ мебошад. Мо ҳамешагӣ ифтихор дорем, ки чунин як Пешво, чунин як марди сиёсатмадор, чунин як сарвари оқилу ғамхор дорем.
Дар тамоми корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҳамешагӣ бо Пешвои миллат ҳастем ва баҳри гулгулшукуфии давлату миллатамон саҳми арзанда мегузорем.
Дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии фалсафаи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Абдулатипов У.Ҳ.