Ифтихори ватандорӣ!
Шукӯҳу шаҳомати ташкил ва баргузории маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодати олии тамаддунофариву соҳибфарҳангии миллати тоҷик ва сарвари арзандаи он мебошад. Андешаҳои оқилонаю самимона, одилонаю содиқона ва пур аз арзишҳои маънавии Пешвои муаззами миллат таҷассумгари воқеияти дирӯзу имрӯз ва ояндаи дурахшони кишвар буда дар дилу дидаи ҳар як тоҷикистонӣ ҷойгоҳ ёфтани ин шахсияти мӯътабарро инъикос менамуд. Хусусан, суханони хоксоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмамалӣ Раҳмон , ки “ман ҳамон Эмомалӣ Раҳмонам, ки халқи азизам бо интихобаш шарафманд кард ва ман тамоми ҳастиямро ба халқу Ватанам бахшидаам ва то лаҳзаи вопасин ба халқи шарифам хизмат мекунам” гувоҳии фазилатҳои олии инсонии Пешвои муаззамро нишон медиҳад. Дар қиёси сарварони давлатҳои дигар Пешвои мо тавонисанд бо заҳмату талошҳои босуботу пайгирона, иродаи қавию матонати мардона, садоқату файзу баракоти тоҷикона мавқею манзалати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ ва боло бардоранд. Иқдомҳои наҷибонаю инсондӯстонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об, хусусан обҳои ошомиданӣ боис гардид, ки Тоҷикистонро дар миқёси ҷаҳон ҳамчун асосгузори дипломатияи байналмилалии сиёсати захираи об эътироф карда шавад.
Танҳо тӯли солҳои 2013-2020-ум 2-3 карат афзудани ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва дигар нишондодҳои иқтисодии кишвар нишонаи собитқадамӣ ва устувории сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки бо дастгирӣ ва ҳамовозии ҳамаҷонибаи мардумимеҳнатқарин солҳои минбаъда низ рушду такомул меёбад. Дурнамои дар баромади Пешвои муаззами миллат баёнгардидаи соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимои кишвар то солҳои 2030-ум ҳар як шахси ватандӯсту содиқро водор менамояд, ки баҳри пешрафти ҷомеа ва расидан ба ҳадафҳои инсондӯстонаи дурнамои рушди кишвар бо дасту дилу нияти пок камари ҳиммат банданду саҳмгузори воқеии хизмат ба Ватан ва пайрави Пешвои муаззам бошанд.
Тоҷикистон ба пеш!
Ба сӯи фатҳи қуллаҳои нави иқтисодӣ, маънавию сиёсӣ!
Собиров М.С. –мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факлтети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, дотсент
Дадобоев М.А. – сармуаллими кафедраи геоэкология ва методикаи таълими факлтети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”