Бо Пешвои миллат ба суи ҳафт соли комёбиҳо!
Тавре огаҳӣ дорем санаи 11 октябри соли 2020 тариқи интихоботи умумихалқӣ номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд. Дар фазои озоду осуда, оромию субот хеле бонизому идона баргузор шудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон олитарин ифодаи ваҳдату ҳамбастагии саросарӣ, иттиҳоди комили халқу давлати Тоҷикистон нишонаи бебаҳси масъулиятшиносию ватандўстии ҳар як шаҳрванди соҳибшарафи ин сарзамини куҳантамаддун аст.
Санаи сиюми октябр мардуми шарифи тоҷик тарики хамаи шабакахои телевизионии ҷумҳуриявӣ маросими тантанавии савганёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро тамошо карданд. Дар доираи савгандёдкунӣ фаъолияти ҳафтсолаи Президенти кишвар ҷамъбаст карда шуда, нақшаҳо барои ҳафт соли оянда пешбинӣ карда шуд. Дар фосилаи ҳафт соли сипаришуда мо тавонистем бо сарварии Пешвои муаззами миллат ба ҳадафҳои стратегии худ ноил гардем. Масалан сохта ва ба истифода дода шудани нақбҳову НОБ-ҳои хурду бузург дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.
Дар суханронии худ Пешвои муаззами миллат қайд намуданд, ки «Дар навбати аввал, моро зарур аст, ки тавассути вусъат бахшидани татбиқи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” нисбат ба имрӯз беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардумро таъмин намоем, зеро ҳар як фарди кишвар сазовори зиндагии шоиста ва ҳаёти осудаву арзанда мебошад. Дар ҳафт соли оянда дар бахши иқтисодӣ ба се вазифаи асосӣ - бо роҳи баланд бардоштани гуногунсамтиву рақобатнокии иқтисоди миллӣ таъмин намудани рушди устувор, афзоиш додани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ва расидан ба сатҳи рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои даромадашон миёна афзалият дода мешавад. Дар ин раванд, тавассути саноатикунонии босуръати кишвар сифати рушди иқтисоди миллӣ таъмин гардида, дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ густариш дода мешавад.Дар ҳафт соли оянда мо бояд афзоиши ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро то ду баробар ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолиро ба 45 фоиз расонида, сатҳи камбизоатиро то 15 фоиз коҳиш диҳем».
Умед дорем, ки ҳамаи ин нақшаҳои аз тарафи сарвари давлат пешбинӣ карда шуда сарбаландона амалӣ карда шуда Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мамлакати индустриалӣ аграрӣ табдил меёбад. Бо Пешвои миллат ба суи ҳафт соли комёбиҳо!
Бердишукуров А. мудири кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ
Ҳомидова М.-муаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ