Ояндаи мунаввари Тоҷикистони соҳибистиқлол

Имрӯзҳо дар саросари Тоҷикистони биҳиштосо марҳилаи бунёдкориву созандагӣ идома дорад. Халқи меҳнатдӯсти тоҷик дар Ватани маҳбуб шукри осоиштагии кишвар намуда, баҳри ободии меҳан камари ҳиммат баста, зина ба зина ба комёбиҳои назаррас ноил шуда истодааст.

Соли 2020 барои халқи тоҷик соли интихоботҳои ҳам вакилони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ ва инчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки бомуваффақият гузаронида шуданд. Мардуми тоҷик дар раванди интихобот иродаи сиёсии хешро мустақиман изҳор намуда, дар ҷодаи интихоби номзади арзанда муносибати ҷиддӣ намуд ва хато накард.

Таърихи 11 октябри соли 2020 интихоботи президентӣ гузаронида шуда, дар он ба номзадии Э.Раҳмон интихобкунандагон 90,92% овоз доданд. Дар радифи иқдомҳои нек таърихи 30 октябри соли 2020 маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи Сомон бо як шукӯҳу мазмуни том гузаронида шуд.

Фарзанди фарзонаи миллат Э.Раҳмон аз оғози фаъолияти хеш кӯшиш ба харҷ дод, ки Ватанро аз вартаи ҳалокат барорад, сулҳу осоиштагӣ барқарор созад, марҳила ба марҳила соҳаҳои хоҷагии халқро ба низоми муназзам дароварда, баҳри халқу миллати хеш шароити хуб фароҳам оварад. Нуфузи геополитикии Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ баланд намуда, бо давлатҳои ҳамҷавор ва дуру наздик муносибати хуби дипломатиро ба роҳ монад. Вазъи муосири кишвар далели гуфтаҳост.

Дар маросими савгандёдкунӣ низ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иҷрои вазифаҳои дар пеш истода сухан карда, ҳар як самти фаъолият ва сиёсати давлатиро маънидод карданд ва кушода доданд. Мавсуф баён намуданд, ки Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи сиёсати байналхалқӣ дар ҳафтсолаи минбаъда ба мақсад ва ҳадафҳои дурнамои сиёсии хеш ноил гардида, баҳри фароҳам овардани шароити зиндагонии арзанда ҳамаҷониба кӯшиш менамояд.

Доир ба мақому манзалати зан ҷомеа сухан ронда, Пешвои миллат Э.Раҳмон таъкид доштанд, ки барои занону духтарон дар сиёсати давлатӣ аҳамияти хоса дода шудааст, то ки эшон соҳибмаълумот ва соҳибмаърифат гарданд, дар ҷомеа мавқеи устувор пайдо созанд, дар пешбурди кору пайкори хеш саҳмгузор бошанд. Баҳри мустаҳкамсозии оила нақши зан-модар бениҳоят бузург мебошад. Аз ин лиҳоз, омӯхтани илмҳои замонавӣ, техникаву технологияҳо, забонҳои хориҷӣ ва ҳамчунин маърифати рӯзғордорӣ барои занҳо аҳамияти муҳим дорад ва сарвари давлат Э.Раҳмон нисбати эшон ғамхориҳои арзишманд намуда истодаанд.

Ба ҷавонон ҳамчун ба ояндаи кишвару миллати тоҷик назар афканда, Пешвои миллат Э.Раҳмон эшонро ба худшиносивуватанпарварӣ, худогоҳиву меҳнатдӯстӣ, ваҳдати милливу ягонагӣ даъват намуда, дар сиёсати давлатӣ баҳри ҷавонон мақому манзалати хоса ҷудо карда шудааст.

Қобили тазаккур аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои қадршиносӣ ва эҳтиром ба халқи тоҷик сари таъзим фуруд оварданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки баҳри ояндаи кишвар бо мардуми сарбаланди тоҷик якҷоя кӯшиш ва талошҳо меварзанд, то ки Тоҷикистони азиз ободу сарсабз ва пешсаф гардад.

Ўлмасова Мавзуна - сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ