Ман ҳамон Эмомалӣ Раҳмонам!
Рушд ва такомули ҷомеаи башарӣ дар ҳар давлати алоҳида раванди ба худ хосаро касб менамояд, ки вобаста ба он пойдорӣ ва устувории рукнҳои давлатдорӣ таҳким меёбад. Тавъам ба чунин раванд эълон гардидани маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғоз ёфтани интихоби номзадони арзанда ба ин мансаби олии давлатӣ шаҳодати мавҷуд будани меъёрҳои демократӣ дар кишвари азизамон мебошад. Алалхусус, аз ҷониби ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ пешниҳод гардидани номзадон инъикоси ақидаи воқеъии ҷомеа буда ҳар як шаҳрванди комилҳуқуқ метавонад дар он озодона ибрози андеша намояд.
Хурсандиовар аст, ки аз ҷониби Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқи касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳизби халқӣ – демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидани номзадии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин мансаби олии давлатӣ арзи ҳастӣ намуд. Зеро, талошҳои пайваста, иродаи қавӣ, матонат ва сиёсати хирадмандонаи ин шахсияти арзанда буд, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол сулҳу салоҳ пойдор гардид, иктисодиёт пешрафта ва ҷомеа орому осуда баҳри меҳнати суботкорона сарҷамъ шудааст. Таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ тавассути кордонӣ, манфиатхоҳии миллӣ ва дигар хислатҳои наҷиби мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи нав ва хеле баланд қарор гирифтааст. Хусусан, ба сифати асосгузори дипломатияи байналмилалӣ дар соҳаи об эътироф гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсияти мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бевосита алоқаманд буда аз иқдомҳои шоиста. инсондӯстона ва дурандешонаи он кас, аз қабили “Соли 2003 – Оби тоза”, Даҳсолаи байналмилалии амалиёт “Об барои ҳаёт”давоми солҳои 2005-2015, ”Соли 2013-соли ҳамкории байналмилалӣдар соҳаи об” ва Даҳсолаи байналмилалии амал”Об барои рушди устувор”давоми солҳои 2018-2028” сарчашма мегирад. Зеро дар муддати 29- соли истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбари Пешвои муаззмами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист истиқлолиятӣ сиёсии худро дар байни 161 кишвари ҷаҳон муаррифи намуда бо 126-тои онҳо муносибатҳои дипломати баставу, аъзои 51 созмонҳои минтақавию байналмилалӣ гардидааст, ки ин ҳамақаҳрамониҳои пайвастаги сарвари давлат мебошад. Имруз тамоми шаҳрвандони кишвар ифтихор аз он доранд, ки чунин сарвари оқилу доно, дурандеш, меҳрубон дораду дар зери сиёсати адолатпарваронаи ин нафар сарчам омданд. Имрузҳо ҳақиқатан ҳам шаҳрвандони азизи мо бо дарки баланди худшиносӣ аз ҳуқуқҳои кониститутсиони худ моҳирона истифода намуда санаи 11-ми октябри соли 2020 ба номзадҳоиарзандаи худ овози худро доданд.
Натиҷаи овози одилонаи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки сарвари давлат Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гирифтани 90,92 % овоз бори дигар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд, ки ин хулоса аз дурандеш будани халқи Тоҷикистон шаҳодат медиҳад. Санаи 30-уми октябри соли 2020 ҳар яки мо шоҳиди савгандёдкуни сарвари давлат гардедем, ки бароямон як руҳияю илҳоми нав барои гузоштани қадамҳои нав барои комёбиҳои навин бо роҳбари Пешвои муаззми миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад зеро аз ҳама сухани бузуги “тиллоие”, ки сарвари давлат ҳангоми савгандёд кардани худ қайд намуданд, ки дар мағз мағзи қалби ҳар як шаҳрвандони кишвар ҷо ёфтаву оташи меҳри ватандориро дубора дар қалби мо бедор намуда дар чашмони ҳар як шаҳрвандони азизи кишвар ашки шодиро ба бор овард “Ман ҳамон Эмомалӣ Раҳмон” ҳастам гуфтани сарвари давлат барои ҳар яки мо басанда аст. Зеро ин сухани сарвари давлат барои мардуми шарифиТоҷикистон такягоҳ ва пуштибони тоҷикон будани он нафар дар тамоми лаҳзаҳо хамроҳи халқи худ буданро ифода менамояд, ки ин падидаи нек моро барои ояндаи дурахшони Тоҷикистони маҳбубамон ва зиндагии осудаи халқи азизамон умедвориву дилпурӣ месозад. Эътимоди моро барои фардои орому босуботи давлат боз ҳам қавӣ мегардонад. Ҳатто сарвари давлат ҳангоми савгандёд кардани худ иброз намуданд, ки “Ман аз хурду бузурги Тоҷикистон муҳаббату самимият ва меҳрубонииниҳоят зиёд дидам ва бо чунин халқи азизу меҳрубон шабу рӯз, содиқона, бо виҷдони пок, дасту дилу нияти нек ва бо тамоми ҳастӣ хизмат мекунам”.
Рӯзиев Самандар-муаллимикафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ