Мо бо Пешвои худ ифтихор дорем!

Дар ин лаҳзаҳои пурифтихор бо камоли эҳтиром ва муҳаббату садоқати шаҳрванди иштирок кардан дар маросими савгандёдкуни сарвари давлат бароям як ҳисси баланди инсондустиро ба миён овард. Зеро дар зери сиёсати хирадмандона ва адолатпешаи сарвари давлат тарбия ёфтаву кору фаъолият бурдан бароям шараф аст.Зеро ин сиёсатмадорӣ варзида дар як мудати кутоҳтарини идоракуни давлати тавонистан миллати парокандашударо сарчам намуда сохторҳои кониститутсиониро барқарор намуда Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифи карда тавонистанд. Қабул гардидани ҳадафҳои статеги миллӣ, бунёд наудани ҷойҳои навъи кори, баланд бардоштани шарт шароити иҷтимоӣ, иқтисодӣ барои аҳолӣбунёд намудани инфросохторҳои гуногун яке аз ҳадафҳои асли сарвари давлат мебошад. Дар зери сиёсати хирадмандонаи сарвари давлат солҳои 2013-2020 ҳаҷми воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохили беш аз ду баробар афзуда музди меҳнати миёнаи як корманд 2,4 баробар афзоиш ёфта. Зиёда аз як миллион ҷойҳои корӣ таъсис дода шуда, шумораи шаҳрвандоне, ки ба муҳоҷиратӣ меҳнати мераванд, аз 1 миллиону 100 ҳазор то 460 ҳазор нафар, яъне дним баробар кам карда шуд. Дар натиҷаи амалӣгардидани санадҳои стратегӣ сатҳи камбизоатӣ аз 38,3 фоизи соли 2013 то 26,3 фоиз дар соли 2020, яъне 12 фоиз паст карда шуда, дарозумри миёнаи шаҳрвандон аз 73 то 75 сол боло рафт.

Ҳамчунин хотирнишон бояд кард, ки дар натиҷаи пешбурди сиёсати хирадмандона бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳои кишвар, бо шуғли пурмаҳсул таъмин кардани аҳолӣ ва баланд бардоштани фаъолноки иқтисодии сокинони мамлакат солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мадумӣ”, эълон намуданд, ки ин аз сиёсати дурандешонаи Асосгузори силҳ ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷӣ бо роҳбари Пешвои муаззами миллат мақом ва манзалати худро дар байни кишварҳои абарқудрат пайдо намуд. Эълон гардидани “Дарҳои кушод” ин сарчашма ҳаст барои кишварҳои дусту бародар, ки ба ҳайси шарики боэътимодухайрхоҳ дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати шоиста пайдо намуда, ҳамчунин яке аз кишварҳои ташаббускор дар ҳалли як қатор мушкилиҳои глобалӣ, бахусус масоили мубрами амният, обу энергетика, ҳифзи муҳити зист ва тайғирёбии иқлим эътироф гардид, ки ин ҳама талошу заҳмати сарвари давлат мебошад. Имруш шаҳрвандони кишвари азизамон аз интихоби кардаи худ садҳо рози ҳастанду ояндаи давлату миллати худро дар симои пешвои муаззами миллат медонанд.

Бердишукуров А.А мудири кафедраи умумидонишгоҳи сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ