​Фарзанди фарзонаи миллати тоҷик

Таърих гувоҳ аст, ки 9-уми сентябри соли 1991 Иҷлосияи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тантана истиқлолияти миллии халқ ва кишварамонро эълон кард. Агар дар дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ истиқлолияти миллӣ дар вазъияти оромӣ ба миён омада бошад, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҳафтумин мамлакати Иттиҳодияи Шўравӣ ба ҳисоб мерафт, Истиқлолияти миллии кишвар ба осонӣ ба даст наомадааст. Дар солҳои 90-уми садаи ХХ гуруҳҳои ифродгаро дар заминаи маҳалгароии шадид ва ҷоҳпарастии ҷоҳилона, гирдиҳамоиҳо созмон дода, бедодгариҳои зиёдеро дар Душанбешаҳр ва гирду атрофи он ба амал оварданд, вазъияти Тоҷикистонро муташанниҷ карданд, ки дар натиҷа қисми зиёди аҳолӣ пароканда шуда бархе дар Афѓонистон, дигаре дар Русия ва нафарони зиёди дигар дар Амрико паноҳ бурданд. Иқтисодиёт ва илму фарҳанги халқи тоҷик талафоти калон дид, маърифату маънавият рў ба таназзул овард. Миллати тоҷик дар вартаи ҳалокат қарор дошт.

Маҳз дар чунин вазъияти вазнин неруҳои солим, шахсиятҳои хирадманд дар шаҳри Хуҷанд, дар қасри таърихии Арбоб Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро даъват карданд. 19 ноябри соли 1992 Қарори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба Раисии Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон интишор кард. Маҳз дар ҳамин қасри таърихӣ фарзанди миллати тоҷик Эмомалии Раҳмон савганд ёд кард, ки миллаташро аз вартаи ҳалокат эмин нигоҳ дошта ҷангро басанда, фирориёнро ба ватан оварда, ҳаёти осоиштаро дар мамлакат барпо мекунад. Ў ба савганди хеш содиқ монд ва Тоҷикистонро аз вазъияти ҳалокатбораш раҳо дод. 27 июни соли 1997 байни Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифини муттаҳидаи тоҷик ҳуҷҷати умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин рўз дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рўзи Ваҳдат сабт шуд. Иҷрои рисолати бузурге, ки Сарвари давлат дар минбари ин маҷлисгоҳи иқболи миллати тоҷик барои овардани сулҳу ваҳдат аҳд гирифт, дар фосилаи чанд соли охир умеду ормонҳои мардуми тоҷикро пару боли тоза бахшида, таъмини куллии истиқлолияти ҷомеаро тақвияти бештар бахшид. Алъон ба шарофати Истиқлолияти миллӣ ва хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат Эмомалии Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистонро беш аз 140 мамлакати ҷаҳон ба расмият шинохт. Кишвари мо ҳамчун як қисми ҷомеаи ҷаҳонӣ бо якчанд давлатҳои хурду бузурги олам ҳамкориҳои иқтисодӣ ва робитаи фарҳангӣ пайдо намуд.

Расидан ба истиқлолияти коммуникатсионӣ дар заминаи ифтитоҳ, таҷдиду тармими роҳҳо, кушоиши нақбҳо, истиқлолияти энергетикӣ, бо шеваи таҳияи тарҳу лоиҳаҳои ҷадид дар бахши сохтмони нерўгоҳҳои барқии хурду бузург, ки дар сари онҳо бунёди бузургтарин нерўгоҳи барқи обии «Роѓун» қарор дорад, ислоҳоти куллии соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва мусоидат дар ҷаҳонишавии низоми таълим ва тандурустӣ аз муҳимтарин ва нодиртарин дастовардҳое мебошад, ки шарофати истиқлолият ва раҳнамоиҳои фарзанди истиқлолофари тоҷик Эмомалӣ Раҳмон барои тоҷикон насиб гардонид.

Санаи 11 октябри соли равон интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он фарзанди миллати тоҷик Эмомалии Раҳмон бо гирифтани 90,92% овоз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Аз ин нишондод бармеояд, ки миллати тоҷик фарзанди худ – Эмомалии Раҳмонро дўст медорад, ба ў эътимоду эътиқод дорад ва бо боварии том ба сўи ў назар афканда, дуои хайр додааст. Дар навбати хеш Президенти кишвар рўзи 30 октябри соли равон дар рафти савгандёдкунӣ миллати худро бовар кунонид, ки ба мардуми шарифи Тоҷикистон содиқона хизмат намуда, барои пешрафти ҷомеа саҳмгузор хоҳад буд. Ў дар рафти суханронӣ ба мардуми бонангу номуси тоҷик муроҷиат намуда, махсусан ҷавонони кишварро неруи созанда ва ояндаи Тоҷикистон таъкид карда, даъват ба амал овард, ки барои пешрафти мамлакат тамоми дониш, малака ва маҳорати хешро сарф намоянд.

Кишвари мо дар ҳоли рушд қарор дорад ва ин ба шарофати Истиқлолияти миллӣ ва фаъолияти шабонарўзии фарзанди бовафои миллати тоҷик, Президенти кишвар – Эмомалии Раҳмон мебошад. Маҳз эҳсоси баланди ватандўстиву инсондўстӣ мардумро ба роҳи рост ва ояндаи дурахшон ҳидоят менамояд. Мо бояд ватанамонро самимона дўст дорем, нишондодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Эмомалии Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, барои рушду нумуи кишвари азизамон саҳми босазо гузошта бошем.

Ўлмасова З. Ҳ.доктори илмҳои филология, профессор, мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷики МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”




МАРКАЗИ ИТТИЛООТ