Қасамёдкунии Пешвои миллат - сарчашмаи рушди босуботи кишвар
"Ман ҳамчун президент қасам ёд мекунам, ки Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро ҳимоя мекунам, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи шаҳрвандонро кафолат медиҳам, истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро ҳимоя мекунам, ба мардум содиқона хидмат мекунам."
Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси президенти Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард. Дар маросиме, ки рӯзи 30 октябр дар Қасри “Кохи Сомон” баргузор шуд, сарвари тозаинтихоби ҷумҳурӣ бори панҷум савганд ёд кард. Савгандёдкунии Президенти нави миллат Эмомалӣ Раҳмон бори панҷум бозгӯи боварии халқ ба шахси боэътимод ба ҳисоб меравад. Маҳз кӯшишу суботи ин шахси барӯманд аст, ки некӯаҳолии халқи тоҷик торафт рушд намуда истодааст.
Қисми муҳимтарини маросими савгандёдкунӣ на бафарзанди фарзонаи миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон тақдим намудани рамзҳои президентӣ - нишони сарисинагӣ, ордени Ситораи Президенти Тоҷикистондараҷаи аввал ва шаҳодатномаи президентӣ, расмияти тантанаи савгандёдкунӣ ва муаррифии худи рамзҳо, балки суханронии президент буд, ки дар он ӯ вектори сиёсати худро барои ояндаи наздик шарҳ дод. Дар суханронии худ, роҳбари Тоҷикистон ба сокинони кишвар барои эътимод ташаккур гуфт ва таъкид кард, ки дар тӯли замони раҳбарӣ ӯ тағир наёфтааст ва "ҳамон принсипҳои беш аз 20 соли пешро риоя мекунад."
“Ман ҳамоно шахсе ҳастам, ки солҳои 1992 будам, ман тағир наёфтаам. Меҳри миллатам маро водор мекунад, ки боз ҳам кӯшиш намояму ҳаёти ҳар як шаҳрванди ватанамро беҳтар намоям”
Аз ҷумла, Раҳмон тасмим гирифтааст, ки дар ҳафт соли оянда Тоҷикистонро комилан ба истиқлолият табдил диҳад, нишондиҳандаҳоро дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёт ва дар соҳаи иҷтимоӣ афзоиш диҳад, сатҳи зиндагии аҳолиро беҳтар созад, энергетикаи сабз ва бахши сайёҳиро беҳтар созад, сифати роҳҳо ва коммуникатсияро дар кишвар баланд бардорад, барномаҳои навро барои беҳбуди вазъи занон дар ҷомеа, дастгирии ҷавонон ва гурӯҳҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазир бахшад.
Инчунин дар суханронии худ ваъда дода гуфта шуд, ки боз ҳам баҳри рушду нумӯи кишвари азизу маҳбубамон дар солҳои наздик Тоҷикистонро ба кишвари транзитӣ табдил дода, вазифаи дигари стратегӣ, таъмини амнияти озуқавории кишварро пурзӯр хоҳад намуд.
Дар заминаи гуфтаҳои болоӣ ва бо дарназардошти он, ки илму маориф соҳаҳои калидии сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад якояки моро зарур аст, ки кӯшишу ғайрат намуда ислоҳотро дар ин самт пайгирӣ намуда, пояҳои моддиву техникии ин соҳаҳоро таҳким дода баҳри омода намудани мутахассисони соҳибкасбу ботаҷриба, ҷавонони даврони истиқлол шароиту имкониятҳои заруриро фароҳам оварем, таълиму тарбия намоем фаъолияти софдилона карда бошем, то онҳо ҳамчун насли ояндасози фардои давлат ва халқи худ омода гашта дар рушди минбаъда саҳмгузор бошанд.
Бигзор савганди ба номи поки Худо, ба нону намаки мардуми шарифи Тоҷикистон, ба поси хотири ҷовидонаи фарзандони фарзонаи диёри бостониамон намудаи сарвари маҳбубамон доимо амалӣ гашта сулҳу субот, бахту саодат, осмони софу беғубор ва саломатии комил ба ҳар як хонадони мардуми шарафманд насиб гардад.
Юсупова Д.М.- дотсенти кафедраи технологиява методикаи таълими он.