Савгандёдкунии сарвар - эҳёи боз як оини бостонии давлатдории ниёгон

Дар таърихи 30-юми октябри соли равон барои мардуми тоҷик як рўзи фараҳбахш ва хотирмон буд. Дар ин рўз Президенти кишвар мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди дар интихоботи 11 октябри соли равон пирўзи ба даст оварданаш савганд ёд кард, ки он дар Қасри Сомони пойтахти кишвар баргузор гардид.Бори дигар ҳамчун Президенти кишвар интихоб гардидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз он шаҳодат медиҳад, ки халқи тоҷик ба ў итминони комил доранд. Дар суханронии сарвари кишвар бисёр нуқтаҳои муҳими самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар қайд карда шуд. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки: «Моҳи сентябри соли 2021 дар шаҳру ноҳияҳои кишвар беш аз 25 ҳазор иншиооти муҳими иҷтимоиву истеҳсолӣ ва сайёҳӣ бунёд ва ба истифода супорида мешавад, ки ин боиси ташкили даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ва ҳалли бисёр мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ мегардад».

Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст дар ҳафт соли охир Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист дар ҷодаи ҳадафҳои стратегии худ: баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ, истиқлолияти энергетикӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардад. Датовардҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ дар ҳафт соли гузашта ба даст овард, дар ҳафт соли ояндаҶумҳурии Тоҷикистон ба як давлати транзитӣ табдил дода хоҳад шуд.

Инчунин ҳадафи чоруме, ки Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмондар самти саноатикунонии босураъати кишвар баён намуданд ба натиҷаҳои дилхоҳ хоҳад расид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии худ оид ба он ҳадафҳое, ки дар ҳафт соли ояндаи пешбурди кишвар баён гардид дар самтҳои сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар, ҷолиби қайд аст. Дар ин ҷода пешвои муаззами кишвар Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки рушди ҳафтсолаи Ҷумҳурии Тоҷикистоннисбати ҳафт соли гузашта, ҳаҷми маҳсулоти дохилии кишвар то ду баробар ва ҳисси табақаи миёнаи аҳолиро ба 45 фоиз расонида, сатҳи камбизоатиро то 15 фоиз коҳиш хоҳад ёфт.

Бояд қайд намуд, ки сарвари кишвар аз давраи ба сари ҳокимият омаданаш ба масъалаи баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа тамоми чораҳои заруриро меандешад ва онҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд. Дар суханронии худ Пешвои муаззами миллат намуд, ки: «Имрўз занон дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва хизмати давлатӣ нақши бисёр арзишманд доранд ва мо дар оянда барои онҳо шароити ҳарчи беҳтар муҳайё мекунем ва ташаббусҳои занону бонувони мамлакатро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем.Ба хотири боз ҳам баланд брдоштани мақоми иҷтимоии занон ва васеъ намудани фаъолити онҳо дар соҳаи иқтисодиёт «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030»-ро таҳия ва амалӣ месозем» .

Инчунин дар суханронии худ Пешвои муаззами кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба пешбурди рушди иқтисоди миллӣ, дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ, сифати хзматрасонӣ дар соҳаи илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва бисёр дигар масъалаҳои муҳим барномаи ҳафт соли минбаъдаи кишваро қайд намуданд.

Мавриди зикр аст, ки ин гуна чорабинии сиёсӣ дар таърихи соҳибистиқлолии кишварамон бо чунин тартиб бори сеюм ҷараён гирифта, азэҳёи боз якоини бостониидавлатдории ниёгонамон гувоҳӣ медиҳад.

Исмоилова М.Б.- сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ