Савганди садоқат ба халқу ватан

Санаи 30 октябри соли 2020 дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бо хати заррин навишта хоҳад шуд, зеро бо савганд ёд кардани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти аз навтихобшудаи кишвари азизи мо марҳилаи нави рушуд тараққиёти Тоҷикистони мо тавассути барномаҳои дурнигарона асос гузошта шуд. Дар навбати аввал, бояд изҳор дошт,ки барҳақ дигарбора ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Пешвои муаззами миллат ин пеш аз ҳама ҳосили ирода, ихлоқ ва садоқату муҳаббати халқи тоҷик мебошад, ки самараи он ба ҷонибдории ин абармарди таърихи тоҷикон овоз додани беш аз 90 фоизи интихобкунандагон ба шумор меравад. Ин буд, ки Пешвои муаззами миллат ҳам бо камоли ихлосу муҳаббат ва самимияте, ки нисбат ба халқи азизи хеш, ба мардуми Тоҷикистон ва тамоми тоҷикони ҷаҳон доранд, баробари сипосгузори ҳамаи онҳо назди мардуми азизи хеш сари таъзим фуру оварда, садоқати олии хешро ба халқи тоҷик ва тамоми тоҷикони олам нишон доданд.

Савганди садоқати Пешвои миллат, ки башорате аз пешрату шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар мароҳили баъдӣ мерасонанд, дар вуҷуди тамоми мардуми кишвар чароѓи муҳаббатро нисбат ба фардои дурахшон ва зиндагонии саршори муҳаббати хеш фурўзон кард. Ҳамакнун вақти он аст, ки мо ҳам савганди садоқат ба Пешвои муаззами миллати хеш ва ормон андешаҳои фардосози ин сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, ваҳдатсозу ваҳдатофар, сулҳпарвар ба забон оварем, то фардои пур аз нишоту комгориву пешрафту шукуфоиро барои тамоми мардум, барои ин сарзамини меросбари тамаддуни бузурги ҷаҳонӣ армуѓон биоварем. Боварии комил дорам, ки мардуми шарифи тоҷик дар роҳи расидан ба ин ормонҳои бузург, татбиқи ин барномаҳои фардои пур аз комгориву шукуфоиҳои Тоҷикистони азиз бо ҳамон ихлосу иродате, ки ба Пешвои миллати хеш барои ҳафт соли оянда овоз доданд, бо камоли садоқат талош ва кўшиш ба харҷ медиҳанд.

Нуралӣ Нурзод,- номзади илмҳои филологӣ, муовини директори институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносии МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ