Савганд, садоқат ва ҷавонмардӣ
Имрўз дар қаламрави кишвари азизамон як воқеаи сарнавишсоз ва муҳими сиёсӣ ба вуқўъ пайваст, ки ин маъракаи қасамёдкунии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад. Сарвари давлат бо як ахлоқи намунавӣ, садоқати фарзандона ва ҷавонмардона ба халқу Ватан ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамон, ки рӯзи 11 октябри соли равон дар чорабинии бисёр муҳимми сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эътиқоду бовари бузург зоҳир намуда, сарнавишти худ ва тақдири мамлакатро барои ҳафт соли оянда ба дасти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вогузор карданд, сипоси бепоён ва миннатдории самимӣ байн намуданд. Пешвои миллат, ки барои ба вуҷуд овардани як мактуби бузурги сиёсӣ дар кишвархидматҳои арзишманд ва мондагореро ба анҷом расониданд, ки боиси ифихор ва сарбаландист. Дар баробари дастовардҳои назарраси ҳафт соли гузашта, равандҳои рушди тамоми сохторҳои мамлакатро дар ҳафт соли оянданишон дода, самтҳои афзалиятноки сиёсати минбаъдаи хешроба таври саҳеҳ бозгў карданд. Мо аҳли илму маориф ифтихор аз он дорем, ки бори дигар пойдевори тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мамлакатро Сарвари давлат илму маорифмаънидод карда, чунин таъкид намуданд: «Бо дарназардошти он, ки илму маориф соҳаҳои калидии сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб меёбад, мо ислоҳотро дар ин самт идома дода, пояҳои моддиву техникии ин соҳаҳоро таҳким мебахшем ва мақоми омӯзгорро дар ҷомеа минбаъд низ баланд мебардорем». Мо ба зарфияту тарҷибаи сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боварии комил дорем. Беҳуда халқу Ватан тақдири имрўзу ояндаи хешро ба дасти ин фарзанди фарзонаи хеш надодааст. Зеро ин чеҳраи барҷастаи сиёсӣ фарзанди содиқи халқи худ буда, Ватану меҳанашро беғараз ва аз таҳти дил дўст медорад.Мо ба Пешвои миллат дар роҳи давлатдориву давлатсозӣ, мустаҳкам кардани пояҳои ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу дўстӣ дар ҳафт соли минбаъда барору комёбиҳои беназирро таманно дорем. Боварии комил дорем, ки Тоҷикистон зери роҳбарии ин фарзанди фидоӣ Эмомалӣ Раҳмон ба як давлати ободу тараққикарда ва пешсаф дар минтақа табдил хоҳад гардид. Тоҷикистон ба пеш! Ба сўи нусратҳову музафффариятҳои беназир!
Абдуллоев Ромиз–сардори раёсати илм ва инноватсияи МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”