​Сафарҳои кории Пешвои миллат самарабахшанд

Аз санаи 19 августи соли ҷорӣ сарвари кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафари корӣ доштанд то ки аз вазъи иҷтимоӣ, иҷтисодӣ, кишоварзӣ дидан намоянд ва бо сокинон мулоқот намоянд. Таи чанд рӯзи сафари кории худ сарвари кишвар, Эмомалӣ Раҳмон аз чанд иншоотҳои нав дидан намуда, инчунин барои оғози якчанд иншоотҳои дигари ҳаётан муҳим дастуру супоришҳо доданд.

Таи сафари кории худ сарвари кишвар бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳия мулоқоти судманд намуданд. Дар ноҳияи Дарвози ВМКБ барои фаъолияти корхонаи “Корон калсит” микрокалсит ва коркарди мармар ҳусни ифтитоҳ бахшида, дастур доданд, ки дар давоми як сол боз ду коргоҳи истеҳсоли саноатӣ бо фарогирии 200 ҷойи корӣ сохта ба истифода диҳанд. Инчунин дар ноҳияи мазкур аз оғози корҳои сохтмонӣ канали обрасонӣ дар мавзеи Дашти Луч, қисми низомииҚӯшунҳоихушкигард дидан намуданд. Сарвари кишвар ба бинои нави Суд, боғи фарҳангӣ фароғатӣ, меҳмонхонаи муосири “Чорчаман Хилс”, парки иноватсионии саноатию технологии ноҳияи Дарвоз ҳусни ифтитоҳ бахшидандба истифода дода, ба ятимону бепарасторондар тарабхонаи “Ориёно”тӯҳфаҳо тақдим намуданд.

Сипас санаи 20 август аз ноҳияи Ванҷи ВМКБ дидан намуданд. Дар ин ноҳия низ аз намоиши ҳунарҳои мардумию маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуда, ба фаъолияти якчанд иншоотҳои муҳим аз ҷумла бинои маркази савдои “Ванҷ сити”, Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ, бинои Комиссариати ҳарбӣ ба истифода дода шуданд. Инчунин бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи мазкур мулоқот намуданд.

Сарвари кишвар аз ноҳияи Рушони ВМКБ низ дидан намуда, бо роҳбарону фаъолон ва сокинони он мулоқот намуданд. Дар доираи сафари кории худ дар ин ноҳия низ якчанд иншоотҳо ба истифода дода шуданд. Аз ҷумла, майдони Парчами давлатӣ, Муассисаи тазсилоти миёнаи умумии рақами 9 дар шаҳраки Вамар, Маркази логистикии Агентии захираҳои моддии давлатӣ, майдончаи варзишӣ дар деҳаи Барзуд.

Азшахри Хоруғ низ сарварикишвар дидан намуда, дар ин ҷо низ фаъолият якчанд иншоотҳо ифтитоҳ гардиданд: қисми якуми бинои Муассисаи тазсилоти миёнаи умумии рақами 8, Майдони Нишони давлатӣ, бинои нави Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”, коргоҳи дузандагии “Баҳори ишқ”, бинои Маркази савдои “Нигини Хоруғ”, бинои Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назаров, майдончаи варзишӣ. Инчунин ба сохтмони пули мошингузар санги асосӣ аз ҷониби сарвари кишвар гузошта шуд.

Дар охир бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Хоруғ мулоқот гузаронида шуд. Дар ин мулоқот Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, аз сафари кории худ дар шаҳру ноҳияҳоиДарвоз, Ванҷ, Рушон ва Хоруғро натиҷагирӣ намуда, таъкид доштанд, ки аз рӯи мушоҳидаҳо вилоят дар натиҷаи таваҷҷӯҳи доимии давлату Ҳукумати мамлакат ва заҳмату талошҳоиватандӯстонаи мардуми сарбаланди он ба таври назаррас обод шуда, сатҳи зиндагии мардум тадриҷан беҳтар шуда истодааст. Дар ин суханронии худ сарвари кишвар таъкид намуданд, ки маҳз бо мақсадитаъмин намудани рушду тараққиёти вилоят мо асри 21-ро асри рушди Бадахшон ва ин минтақаи биҳиштосои кишварамонро – дарвозаи тиллоии Тоҷикистон эълон намуда, бо ҳамин мақсад садҳо нақшаву барномаҳои созандаро амалӣ карда истодаем.

Ҳар он сафари корие, ки аз ҷониби сарвари кишвар ба ин ё он вилояти Ҷумҳурии Тоҷикисон карда мешаванд, албатта натиҷаҳои хуб ба бор меоранд ва самарабахшанд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ