​Тоҷикистон - дар роҳи рушди сайёҳӣ

Аз таҷрибаи ҷаҳонии кишварҳои хориҷӣ ва сарчашмаю адабиёти илмию оммавии ҳар давру замон бармеояд, ки новобаста ба бузургиву кӯчакии давлатҳо, таърихи нав ё қадиму ҳазорсолаи халқияту миллатҳо ва дороиву нодории аҳолӣ аксарияти шахсиятҳои дар таърихи ҳаёт умр ба сар дошта бо ҳар роҳу восита ба сайру саёҳати дохилӣ ва беруна робита доштанду доранд.

Дар ҷаҳон ва замони муосир низ қишрҳои гуногуни ҷомеа, алалхусус, ҷавонону наврасон, занону бонувон, куҳансолон, муҳоҷирону соҳибкорон ва дигар шаҳрвандон ба саёҳат шавқу рағбати беандоза дошта, бо мақсади саёҳат, омӯзиши илм ва касбу ҳунар, анҷоми кашфиётҳо, варзиш, пайдо намудани робитаҳои дӯстӣ, кору фаъолият, табодули таҷриба, ба роҳ мондани тиҷорат, кишваршиносӣ ва амсоли инҳо роҳи сафарҳои гуногунро аз як минтақа ба минтақаи дигар, аз як кишвар ба мамлакати дигар пеш мегиранд, ки онро метавон ба саёҳат ва ё сайёҳии дохилӣ ва хориҷӣ мансуб донист.

Воқеан, имрӯз соҳаи сайёҳӣ дар бештари мамолики дунё ба яке аз сарчашмаҳои сердаромадтарин ба ҳисоб меравад, ки он баробари таъсиррасонӣ ба ғанӣ гардидани буҷаи давлат, ба баланд шудани сатҳи некӯаҳволии мардум нақши басо арзандаро иҷро менамояд. Аз ҷониби дигар, сол аз сол сафи сайёҳон ва таваҷҷуҳи онҳо ба минтақаҳои сайёҳии кишварҳои гуногун бештар шуда истодааст. Чунончӣ, аз маълумоти омори расмии соли 2017 бармеояд, дар тамоми ҷаҳон қариб 1,2 миллиард сафарҳои байнал-милалии сайёҳӣ анҷом дода, мувофиқи пешбинии мутахассисони соҳа, ин нишондиҳанда то соли 2022 ба 1,4 миллиард ва то соли 2030 ба 1,8 миллиард сафари сайёҳӣ мерасад. Ин бори дигар шаҳодат медиҳад, ки таваҷҷуҳба рушди сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба ин ё он кишвар яке аз мавзуъҳои муҳиму фаъолияти самараноку манфиатбахш ба ҳар оилаву ҷамъият боқӣ хоҳад монд.

Дар ин раванд, якчанд мамлакатҳои хурду бузургро метавон номбар кард, ки аз даромадноктарин кишварҳо аз ҳисоби туризм ба ҳисоб мераванд, аммо дар асл ин кишварҳо аз эҳтиёҷмандтарин мамлакатҳо ба шумор намераванд. Масалан: Иёлоти Муттаҳидаи Амрико $488 млрд., Чин 224 млрд., Олмон 130,8 млрд., Япония 106,7 млрд., Бритониёи Кабир 103,7 млрд., Франсия 89,2 млрд., Мексико 79,7 млрд., Италия 76,3 млрд., Испания 68,8 млрд., Бразиля 56,3 млрд. ва амсоли инҳо мебошанд.

Одатан ҳамон кишваре ба сайёҳӣ эҳтиёҷ дорад, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ эҳтиёҷманд аст. Масалан, давлатҳои хурду бузурги Харватия, Тайланд, Ямайка, Исландия, давлати баҳримиёназаминии Малта яке аз кишварҳои аз ҷиҳати ҷуғрофӣ ва ё аз масоҳат хеле хурд бошанд ҳам, даромади асосии ин давлат аз ҳисоби сайёҳӣ аст. Дар ин кишварҳо миқдори сайёҳон сол аз сол афзоиш ёфта, зебогии диёр, ҷойи сабти филмҳои бадеӣ, бузургтарин маркази омӯзиши забони англисӣ, қабули донишҷӯён аз тамоми мамлакати дунё, ҳунарҳои дастӣ, рассомию наққошӣ, сифати баланди хизматрасонӣ ва амсоли инҳо сайёҳонро ба худ ҷалб сохтааст.

Аммо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори кишварҳои мутараққии дунё имконияти бештарро доир ба саёҳату сайёҳӣ соҳиб аст. Кӯҳҳои осмонбӯс, обҳои мусаффо, ҳавои дилкаш, кӯлҳо, дарёҳо ва баҳрҳои хурду бузург, табиати зебову нотакрор, паррандагони хушхону ҳайвонҳои нодир, ҷойҳои таърихиву фарҳангӣ, роҳҳои обод ва фазои софу беғубор ҳамчун яке аз кишвари амнтарин барои сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ шинохта шудааст.

Чунин имкониятҳои фарох ва табиати зиндаву макони таърихиву муқаддас соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро водор сохт, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018-умро “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва дар Паёми имсола солҳои 2019-2021-умро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ“ эълон карданд. Ин имконият дод, ки базаи моддиву техникии соҳаи сайёҳӣ, иншоот, мавзеъҳои сайёҳӣ ва ҳама гуна намуди хизматрасониҳо ба шароити ҷаҳони муосир мутобиқ гардонида, ҳамчун манбаи даромаднок барои давлату миллат ва ҷомеа истифода шавад. Дар ин замина, давоми соли 2018 якчанд тадбирҳои муҳим аллакай роҳандозӣ шуданд, ки он минбаъд барои пешрафти соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат хидмат хоҳад кард.

Якум. Дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтани Кумитаи рушди сайёҳӣ ва дар минтақаҳо шуруъ намудани фаъолияти шӯъбаю бахшҳои сайёҳӣ ин аз таваҷҷуҳи доимӣ ва дурнамои давлату ҳукумати кунунӣ маҳсуб шуда, он ба рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ заминаи асосӣ хоҳад гузошт. Таъсиси ин мақомоти давлатӣ барои амалишавии Барномаҳои дурнамо, тарҳрезӣ, амалӣ ва натиҷагирии нақшаҳои дурамали рушди сайёҳӣ мусоидат менамояд.

Дуюм. Барои ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ва таъмини хизматрасонии онҳо тибқи маълумоти оморӣ дар ҳашт моҳи соли 2018 беш аз 60 ширкати нави сайёҳӣ таъсис ёфтаанд, ки ҳамаи онҳо ба бозори сайёҳии мамлакат ворид шудаанд. Маҷмуъан, шумораи ширкатҳои сайёҳӣ дар Тоҷикистон ба 140 адад расидааст, ки ҳамаи онҳо дар муаррифии минтақаҳои сайёҳии мамлакат ва хизматрасонии баланд ба сайёҳони хориҷӣ нигаронида шудааст. Ин имконият медиҳад, ки на танҳо саёҳати дохилӣ дар кишвар рушд кунад, балки ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ барои ғанӣ гардидани буҷаи оила ва давлат хизмат намояд. Ба ин маънӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат хеле равшан таъкид доштанд, ки «Ба Кумитаи рушди сайёҳӣ супориш дода мешавад, ки барои инкишофи намудҳои гуногуни сайёҳӣ, таъсиси инфрасохтори зарурӣ, омода намудани маводи иттилоотӣ ва хатсайрҳои нав дар мавзеъҳои гуногуни кишвар, инчунин, такмили қонунгузории танзимкунандаи фаъолияти соҳа чораҳои зарурӣ андешида, лоиҳаи Стратегияи рушди сайёҳиро барои давраи то соли 2030 омода ва барои баррасӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд». Аз ин лиҳоз, рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои Тоҷикистон даромади хуб ба бор хоҳад овард.

Сеюм. Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои фаровонеро ба саёҳатҳои “дохилӣ”, “сайёр”, “экологӣ”, “зиёратӣ”, “худфаъолиятӣ”, “варзишию кӯҳгардӣ” (намуди истироҳати фаъоле, ки ба ташкили хатсайрҳои пиёдагард дар шароити кӯҳсор алоқаманд аст) ва “кӯҳнавардӣ” (алпинизм) доро мебошад. Тибқи қонунгузории мамлакат дар зери мафҳуми сайёҳ - шаҳрванд, истифодабарандаи хизматрасонии туристӣ, ки аз ҷои истиқомати доимӣ ба кишвари (макони) дигари муваққатӣ ба мақсади солимгардонӣ, шиносоӣ, зиёрат (ба истиснои ҳаҷ), тиҷорат, варзиш ва дигар мақсадҳои вобаста ба саёҳат сафар мекунад, фаҳмида мешавад.

Ҷалби онҳо ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон аз якчанд ҷиҳат ба ҷомеаи мо манфиат хоҳад овард, ки асоситаринашро номбар мекунем:

  • Бо ҷойҳои корӣ ё корҳои мавсимии даромаднок таъмин намудани шаҳрвандон дар ширкатҳои сайёҳии мамлакат, ҳамчун роҳбалад, тарҷумони забонҳои хориҷӣ, ронанда, ҳунарманд ва дигар хизматрасониҳо барои сайёҳон ҷалб намудани сокинони мамлакат;
  • Ба фурӯш гузоштани маҳсули меҳнати пазандагону ҳунармандон, дӯзандаю армуғонсозон, кашидадӯзон, қолинбофу зардӯзон, рассомону кандакорон ва дигар ҳунарҳои мардумии сокинони мамлакат;
  • Ғанӣ гардидани буҷаи давлат, оила ва баланд шудани сатҳи зиндагии мардум;
  • Тарбияи экологию зебоипарастӣ, маънавию маърифатӣ, рӯҳию равонӣ ва шинохти таъриху фарҳанги кишвар аз ҷониби шаҳрвандон;
  • Таъсиррасонӣ ҷиҳати аз байн рафтани муаммоҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва низоъҳо дар оила ва ғайра.

Хулоса, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди сайёҳӣ баробари нафту газ ва тиллову нуқра байни ҷомеаи ҷаҳонӣ арзиши баланд дошта,имкониятҳои зуруриро барои сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ фароҳам овардааст.

Аз ҷумлаи низоми содаи гирифтани раводиди навъи сайёҳӣ барои сайёҳони хориҷӣ, аз андозҳо озод намудани истеҳсоли маҳсулоти хонагии ҳунармандӣ ва фурӯши онҳо, панҷ соли аввал аз пардохти андоз аз фоида озод намудани ширкатҳои сайёҳӣ, ташкил ва пешниҳод намудани беш аз 60 хатсайри сайёҳӣ барои сайёҳон, тарғиби минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон тавассути роликҳои ташвиқотӣ дар телевизион ва шабакаҳои иҷтимоии дохилию хориҷӣ, мувофиқат намудани меҳмонхонаҳо барои шаҳрвандони хориҷӣ бори дигар собит мекунанд, ки Тоҷикистон дар татбиқи ин ҳадафҳои судманд ва рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон қадами устувор гузошт.

Минбаъд дастгирӣ ёфтани ташаббусҳои мақомоти давлативу ҷамъиятӣ, соҳибкорону ширкатҳои сайёҳии ватанӣ барои мустаҳкам намудани базаи моддию техникӣ, бунёди иншооти сайёҳӣ ва идома додани анъанаҳои неки созандагиву бунёдкорӣ барои рушди минбаъдаи Тоҷикистон нақши муассир хоҳад бозид.

Ф. Ҳодибоев, сардори маркази иттилоот ва таҳлили МДТ «ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров», номзади илмҳои фалсафа

А. Ҳодибоева, муаллимаи кафедраи забони англисии факултети забонҳои шарқ


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ