​Мужда аз баҳори дониш

Бахти баланди халқу миллати тоҷик аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша аҳли илму маорифро чароғи равшани рӯзгори халқ баршумурда, барои боз ҳам рифъат бахшидани ҷойгоҳи онон нақши муассир мегузоранд.

Ин субҳ низ Пешвои маърифатпарвари миллат баъди ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №102-ро дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахти мамлакат бо аҳли маориф ва масъулони соҳаҳои марбута мулоқоти судманд анҷом дода, аввалин дарси донишу сулҳро барои толибилмони дабистонҳо, олимону муҳаққиқони ҷавон ва навроҳону ҷӯяндагони илм иро намуданд.

Дар суханронии худ Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба хиради азалии мардуми сарбаланди тоҷик таъкид доштанд, ки бояд ҳар фарзанд, шурӯъ карда аз кӯдакистон то зинаҳои олии таҳсилоти касбӣ, дар рӯҳияи худшиносӣ, худогоҳӣ, навоварӣ, ихтироъкорӣ ва ҷӯяндагиву пӯяндагӣ тарбият ёбад ва ба камол расад.

Дар мулоқот масоили рисолати волидон дар тарбияи неку солими фарзандон, вазифаю масъулияти муаллимону устодон, дараҷаи саводу зарфияти саводи омӯзгор, омода сохтани муаллимони донишманду навовар, таҳкими имкониятҳои вобаста ба забономӯзии наврасону ҷавонон, таҳияву таълиф ва таъмини китобҳои дарсӣ, мундариҷаву муҳтавои маводи таълимӣ, дастрасӣ ба технологияи муосир, ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани сифати таҳсилоти касбӣ, омода кардани мутахассисони дар бозори меҳнат рақобатпазир, соҳибкасб намудани наврасону ҷавонон ва дигар ҷанбаҳои меҳварии соҳа мавриди таҳлилу баррасии Пешвои миллат қарор гирифт.

Бояд зикр намуд, ки Президенти мамлакат дар тамоми маърӯзаву мулоқоти худ бо аҳли илму маориф аз гузаштаи шодиофар ва зиндагиномаи ибратомӯзи нобиғагони миллати тоҷик, амсоли Абӯнасри Форобӣ, Закариёи Розӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абӯрайҳони Берунӣ, Муҳаммади Хоразмӣ, Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ ва дигар бузургон, аз онҳое, ки бунёдгузорони илми ҷаҳонӣ мебошанд, бо меҳру садоқат махсус ёдовар мешаванд.

Ин гуфтори омӯзандаи Пешвои миллат дар ин мулоқоти судманд дигарбора ҳофизаи таърихи халқро ба ёду ҳуши аҳли маориф ҷилвагар сохт, то ин ки дар рушди соҳа амиқу ҷиддӣ саҳм гузошта, идомадиҳандаи кори аҷдоди бонангу номуси худ бошанд: «Халқи тоҷик таърихи бисёр рангину пурифтихор дорад. Миллати соҳибтамаддуни мо дар тӯли таърихи деринаи худ давраҳои бисёр сахту вазнинро паси сар карда, таърих, забон, фарҳанг ва ойинҳои миллии хешро ҳифз кардааст.

Аз ин рӯ, ҳамаи моро зарур аст, ки гузаштаи пурифтихори халқамонро ба насли оянда омӯзонем, то ки онҳо ба қадри истиқлолу озодӣ, яъне мафҳумҳои муқаддасу сарнавиштсози миллатамон расанд ва барои ҳимояи ин неъмати бебаҳо омода бошанд».

Бовар дорем, ки соли нави таҳсил ва солҳои минбаъда ин ҳидоятҳои Сарвари давлат сармашқи кори аҳли маориф қарор мегирад ва мо якҷоя барои расидан ба ормонҳои умумимиллӣ муттафиқона хидмат менамоем.

Баҳром Мирсаидов, дотсенти кафедраи адабиёти муосири тоҷики

МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ