Таассурот: Ҳомии илму маориф

Субҳи имрӯз мо, устодон ва донишҷӯёни факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо аҳли маорифи пойтахт дар Рӯзи дониш, ки мустақиман тариқи ҳамаи шабакаҳои давлатии телевизионӣ пахш гардид сарҷамъона тамошо намуда, як ҷаҳон таассурот бардоштем.

Зимни суханронӣ дар Рӯзи аввали соли хониши 2020-2021 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли маорифчиён ва хонандагону донишҷӯёни кишварро бо оѓози соли таҳсили нав муборакбод намуда, вобаста ба вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, таъсири пандемияи короновирус, тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии паҳншавии ин бемории нави сироятӣ, иқдомҳои созандаи Роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар оид ба рушди соҳаи маориф, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, таъмини ҷойҳои нишаст барои хонандагон ва вазифаҳои оянда дар назди маорифчиён ҷиҳати беҳдошти сатҳу сифати таълиму тарбия ва ҷалби хонандагон ба донишомӯзӣ андешаронӣ карданд.

Чун ҳамеша муҳтавои суханронии Пешвои миллатробаёни бурду бохт дар соҳаи маориф ва дастуру роҳнамоиҳои хирадмандона ҷиҳати пешбурди ин соҳаи ҳаётан муҳим фарогир буд.

Сарвари давлат дар баробари муваффақиятҳо аз камбудиҳои маорифи кишвар арзи нигаронӣ намуданд ва ҷиҳати омоданамудани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи соҳа, ташкили бомароми раванди таълим ва роҳҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва ба донишандӯзӣ фаро гирифтани насли ояндасози кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Таъкид гардид, ки барои боз ҳам беҳтар намудани шароити таҳсил ва фароҳам овардани имкониятҳои замонавии таълим, дар кишвар бунёди даҳҳо муассисаи таълимӣ бо назардошти талаботи замон идома доранд ва то таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми бештари онҳо мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.

Зимни суханронии пурмуҳтаво Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин доир ба паҳлуҳои гуногуни соҳаи илму маориф, тарбияи кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар зинаи таҳсилоти олӣ, ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани сифати таҳсилоти касбӣ, мутобиқ кардани мазмуну муҳтавои китобҳои дарсӣ, ба талаботи замон мутобиқ кардани сатҳи азхудкунии барномаҳои таълимӣ андешаронӣ карда, барои ҳалли мушкилот дар ин самт ба Ҳукумати кишвар, масъулини вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Чун анъана Соли нави таҳсил бо дарси сулҳ оғоз мегардад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки насли наврас ва ҷавонони имрӯзаи кишвар бояд аз гузашта сабақ омӯзанд ва барои таҳкими сулҳу субот дар мамлакат талош намуда, дар ҳифзу устувории давлатдории миллӣ саҳми бевоситаи хешро гузоранд.

Бинобар ин Пешвои миллат устодону омӯзгоронро вазифадор намуданд, ки якҷо бо падару модарон насли наврасро барои ҳифзу пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва боз ҳам мустаҳкам намудани давлати озоду соҳибистиқлоламон омода созанд.

Таъкид гардид, ки дар шароити кунунӣ илму дониш нишондиҳандаи асосии дараҷаи инкишофи ҳар як давлату миллат буда, бо раванди рушди нерӯи инсонӣ робитаи мустақим дорад. Тамоми сохторҳои илму маориф ва умуман, муассисаҳои иҷтимоиро вазифадор гардиданд, ки бо мақсади бунёди ояндаи дурахшон ба таълими илмҳои табииву риёзӣ, ки аз эълон гардидани солҳои 2020 - 2040- солҳои омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ бармеояд, зиёдтар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд ва мафкураи техникии насли наврасро қавӣ гардонанд.

Ба андешаи Сарвари давлат шарти асосии амалӣ кардани ин ҳадаф беҳтар намудани сатҳу сифати таҳсилот, ҷорӣ кардани усулҳои нави таълим ва самаранок истифода намудани соатҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимӣ мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи соҳибкорону тоҷирон, шахсони саховатпеша ва онҳое, ки ташаббусҳои роҳбарияти давлату Ҳукуматро дастгирӣ карда, барои фарзандон, яъне насли ояндасоз иншооти замонавии таълимӣ бунёд мекунанд, изҳори сипос карданд.

Устодон ва донишҷӯёни факултети филологияи тоҷики

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ