Заминаҳои асосии тараққиёти иқтисодиёти рақамӣ

Дар ҷаҳони муосир яке аз масъалаҳои актуалӣ ва бештар муҳокима шаванда рушди босуръати иқтисодиёти рақамӣ мебошад. Ба назар чунин мерасад, ки технологияҳои инноватсионии фарогири ҳудуди васеъ бо суръати баланд тараққӣ намуда, ояндаи наздик тасаввуроти моро оид ба имкониятҳо куллан дигар месозанд. Тараққиёти босуръати шабакаҳои иҷтимоӣ, бозори смартфонҳо, иҷозати бемаҳдуд ба интернет, технологияи таълими мошинӣ ва интелекти сунъӣ куллан оламро дигаргун месозанд. Дар ин замина, таҳлили манбаҳои ташаккул, барқароршавӣ ва тараққиёти иқтисодиёти рақамӣ мувофиқи мақсад мебошад.

Инқилоби рақамӣ, ки иқтисодиёти ҷаҳониро фаро гирифтааст, бо ҳудуд, сурат ва доираи тадбиқи худ касро дар ҳайрат мегузорад. Ҳар яке аз зинаҳои навбатиирушди он аз қаблиаш пуршиддад буда, минтақаҳои навро фаро мегирад. Гузариш аз мошинҳои ҳисоббарори калон ба компютерҳои фардӣ даҳсолаҳо тӯл кашиданд, имрӯз бошад табаддулотҳои инқилобӣ дар самти технологияҳои инноватсионӣдар як сол ва моҳҳо рух медиҳанд.

Давраи якуми инноватсияҳои рақамӣба автоматизатсияи технологияҳои мавҷуда ва бизнес – ҷараёнҳо оварда расониданд. Зинаи дуюм дар мобайни солҳои 90 – ум ташаккул ёфт, ки ба паҳншавии интернет, алоқаи мобилӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ, пайдоиши смартфонҳо бо тараққиёти босурати истифодабарии технологияҳо аз тарафи истифодабарандагони ниҳоӣ заминаи мустаҳкам гузошт.

Миқдори зиёди мафҳумҳои наве, ки аз тарафи муаллифони мақолаҳои бисёр оид ба технологияҳои рақамӣ истифода мешавад, ба мураккабии фаҳмиши моҳияти зуҳуроти иқтисодиёти рақамӣ оварда расониданд. Мафҳуми «иқтисодиёти рақамӣ» аз тарафи Бонки байналмилалӣ чун парадигмаи суратбахши тараққиёти иқтисодӣ бо ёрии технологияҳои рақамӣ муайян карда шуд. Ин таъриф чун дигар таърифҳои маъмул пеш аз ҳама, истифодабарии технологияҳои иттилоотӣ коммуникатсиониро дар назар дорад. Масалан, доктори илмҳои иқтисодӣ, академик.Владимир Иванов нисбатан таърифи васеъро пешниҳод менамояд: «Иқтисодиёти рақамӣ – ин муҳити виртуалие мебошад, ки пурракунандаи ҳақиқати мост» [4;с.4].Ҳамаи амалиёти мо дар ҳақиқати виртуалӣ ба системаи истеҳсол, тақсимот, иваз ё истеъмолнигаронида мешавад. Аммо ҳақиқати виртуалӣ бо сохтани компютер пайдо нашудааст. Ҳамаи фаъолияти таффакурии инсон метавонад ба он тааллуқ дошта бошад.

Профессори академияи илми Федератсияи Россия, доктори илмҳои техникӣ Роман Мешеряков чунин меҳисобад, ки ба мафҳуми «иқтисодиёти рақамӣ» ду муносибат мавҷуд мебошад. Муносибат якум “классикӣ” мебошад: иқтисодёти рақамӣ – ин иқтисодиётест, ки ба технологияҳои рақамӣ асоснок шудааст. Муносибати дуюм – васеътар: «иқтисодиёти рақамӣ» – ин истеҳсол ва истифодабарии иқтисодиёт бо ёрии тенологияҳои рақамӣ мебошад.

Консепсияи иқтисодиёти рақамӣ дар даҳсолаи охири асри XX пайдо шудааст. Яке аз олимоне, кипринсипҳои асосии иқтисодиёти рақамиро муайян намудааст, Николас Негропонте ба ҳисоб меравад. Соли 1995 ӯ оид ба норасогиҳои молҳои классикӣ (вазн, ашёи хом, нақлиёт) ва бартариҳои иқтисодиёти нав (набудани вазни мол, виртуалӣ, ҷойивазкунии лаҳзавии глобалӣ) баён карда буд. Соли 1999 Билл Гейтс дар асари худ «Бизнес бо суръати ақл» ақидаи инқилоби иттилоотиро мушаххас гардонида буд. Мувофиқи ақидаи ӯ тараққиёти технологияҳои иттилоотӣ ва алалхусус интернет, ба ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти ҷамъият таъсири бузург дорад. Дар ин ҳолат соҳибкории муосир, бояд ба тағйирот ва даъватҳои «иқтисодиёти нав», ба монанди, афзоиши талаботи мизоҷон ва тезу тундшавии рақобат фаврӣ таъсир расонанд. Билл Гейтс менависад: «Дар оянда дар бозор ду намуди ширкатҳо боқӣ мемонад: он ширкатҳое, ки бо Интернет ҳастанд ва он ширкатҳое, ки аз бизнес берун шуданд. Имрӯз ҷаҳон дар роҳи гузариш ба зинаи пас аз саноатии иқтисодиёти рақамӣ қарор гирифтааст, ки қодир аст, куллан бозори ҷаҳониро тағйир диҳад:

  • захираи асосӣ гардидани иттилоот ;
  • бемаҳдуд будани майдонҳои савдо дар Интернет;
  • қобибилияти рақобати ташкилотҳо бо иштирокчиёни нисбатан бузурги бозор.

Масштаби фаъолияти амалиётӣ фақат бо андозаи Интернет маҳдуд аст.

Дар тӯли 10 соли аввал базаи иқтисодиёти рақамӣ бизнеси савдои электронӣ ва хизматрасонӣ ба ҳисоб мерафт. Дар оянда хизматрасониҳои пешниҳодшаванда бо мутаҳҳидкунии технологияҳои номувофиқ хеле тағйир ёфт. Дар ин замина ташаккули муносибатҳои куллан нав дар идоракунии ҷараёнҳои истеҳсолӣ ба амал омад.

Дар тӯли давраи муайян мураккаб гардидани сохторҳои ҷамъиятӣ ва муносибатҳо, рушди экспоненсиалии селаи маълумот, дар навбати аввал масъалаи ташаккули иқтисодиёти рақамиро ба миён овард. Муҳимияти ҷараёнҳои ҷоришаванда имконияти гузоштани масъаларо оид ба ташаккули намуди нави иқтисодӣ ба миён мегузорад, ки дарон муносибат оид ба истеҳсол, коркард, нигаҳдорӣ, додугирифт ва истифодабарии ҳаҷми афзуншавандаи маълумот соҳиби қиммати ҳалкунанда мегардад. Маълумот (ахбор) асоси таҳлили иқтисодӣ мегардад, ки қонуниятҳои фаъолияти системаҳои муосири иҷтимоӣ- иқтисодиро тадқиқот менамояд. Чӣ тавре, ки як қатор таҳлилгарон тасдиқ менамоянд, имрӯз барои агенти иқтисодӣ худи омили бадастории ягон захира муҳим нест, балки мавҷудияти маълумот оид ба ин захира имконияти истифодабарии онҳо бо мақсади банақшагирии фаъолияти худ муҳимтар аст.

Бо назардошти ин гуфтаҳо, аз нуқтаи назари мо зери мафҳуми «иқтисодиёти рақамӣ» бояд намуди муосири хоҷагидорӣ фаҳмида шавад, ки тавсифкунандаи нақши муҳими ахбор ва методҳои идоракунии он ҳамчун захираи муайянкунанда дар соҳаи истеҳсол, тақсим, иваз ва истифода мебошад.

Иқтисодиёти рақамӣ дар умум базаи тараққиёт ба ҳисоб меравад ва таъсирро ба соҳаҳои гуногун ба монанди бонк, савдои чакана, нақлиёт, энергетика, маориф, тиб ва ғайра дорад. Технологияҳои рақамӣ ба монанди интеренети лавозимот (IoT), маълумоти калон (big data), истифодабарии тачҳизотҳои мобилиӣ ва девайсҳо намудҳои алоқаҳои иҷтимоӣ, муносибатҳоииқтисодӣ, институтҳоро дигаргун месозанд. Намудҳои нави кооператсия ва координатсияи агентҳои иқтисодӣ барои ҳалли муштараки масъсалаҳои муайян (sharing economy) пайдо мешаванд.

Гарчанде нақши таъсири технологияҳои рақамӣ ба трансформатсияи системаҳои иҷтимоӣ – иқтисодӣ ба таври кофӣ аён мебошад, бисёре аз муаммоҳо то ҳолпурра омӯхташуда нашудаанд. Ба муаммоитараққиёти потенсиали рақамӣ бо мақсади ба дастории рушди инноватсионии ширкатҳои ҷудогона ва соҳаҳо диққати лозима дода нашудааст, аз мадди назар аспектҳои институтсионалии иқтисодиёти рақамӣ дур монда, муаммоҳо ва тараққиёти ояндаи тараққиёти тиҷорат дар шароити ташаккули иқтисодиёти рақамӣ кам омӯхта шудааст, ба таври бояду шояд мавқеи иқтисодиёти рақамӣ дар системаи умумии муносибатҳои муосири хоҷагидорӣ инъикос нашудааст.

Асоси иқтисодиёти рақамӣ сектори истеҳсоли маҳсулотҳои рақамӣ ва хизматрасониҳо мебошад, ки бо технологияҳои рақамӣ алоқаманданд. Омори кишварҳои ТҲИТ (ташкилоти ҳамкории иқтисодӣ ва тараққиёт) ба номуътадилии умумиҷаҳонӣ нигоҳ накарда, оид ба рушди устувори савдои ҷаҳонии маҳсулотҳои иқтисодиёти рақамӣ(ба ҳисоби миёна, рушд қариб 4%-ро ташкил медиҳад), бо суръати баланд зиёдшавии ҳаҷми хизматрасониҳо(то 30% дар як сол) шаҳодат медиҳад.

Хароҷотҳои корхона ба тадқиқотҳои бо технологияҳои рақамӣ алоқаманд, зиёд мешаванд. Ин ба он ишора мекунад, ки сектори технологияҳои рақамӣ нақши калидиро дар инноватсияҳо дорад.

Инфрасохтори рақамӣ тараққӣ намуда дастрас мегардад, сифати шабакаҳои коммуникатсионӣ бо меъёри воридкунии технологияҳои 4G ва воситаҳои ирсоли маълумотбо нахи оптикӣ баланд бардошта шуда, дар ин самт нархҳо барои хизматрасонии алоқаи мобилӣ паст мефароянд, имконияти истифодабарии таҷҳизотҳои барои истифодбарии интернет меафзояд, ки ҳамаи ин дар натиҷа имконияти ояндабинии дарбаргирии васеъ ва тараққиёти технологияҳои рақамиро имконпазир мегардонад.

Имрӯз потенсиали бузурги истифодабарии технологияҳои рақамии муосир дар фаъолияти ташкилоту корхонаҳо мавҷуд мебошад. Ба чунин масъалаҳо, ба монанди, чӣ тавр истифодабарии техникаи муосири ҳисобӣ, таъминоти барномавӣ, мавҷудиятимутахассисони баландихтисос диққати бештар бояд дод. Ҳаминро ҷиддӣ ба эътибор гирифт, ки технологияҳои рақамӣ дороипотенисали калон барои суратбахшии ҷараёнҳои инноватсионӣ буда, аз ҳамин сабаб, нишондиҳандаҳои сармоягузорӣ ба тараққиёти потенсиали рақамииширкату корхонаҳо омили асосии рақобатпазирии он дар шароитҳои муосир мебошад.

Моделҳоинави пайдошудаи бурдани тиҷорат, сохторҳои шабакавӣ, ки ба методҳои дастаҷамъонаи истеҳсол ва истеъмол асоснок шудаанд, муносибатҳои муқаррарии бозориро трансформиронӣ намуда, коркарди қарорҳои навро дар соҳаи идоракунии корхонаи муосир талаб менамоянд. Тараққиёти ояндаи технологияҳои рақамӣ ба ҳамаи иқтисодиёт аҳмият дорад. Агар имрӯз ба ҳиссаи савдои чакана дар интернет қариб 10%-и ҳамаи трансаксия рост ояд, дар оянда ин адад фақат афзоиш меёбад.

Ҳукуматибисёрдавлатҳо бо пешггӯии чунин тағйиротҳо, ҳар бештар ба тараққӣ додани иқтисодиёти рақамӣ бо истифодабарии бартариҳои он барои ҷавоб ба даъватҳои асосии даврони муосир ба монанди кам намудани сатҳи бекорӣ, мубориза бо камбизоатӣ, деградатсияи(ҷараёни бадшавии тавсифоти ягон объект) муҳити атроф кӯшида истодаанд.

Стратегияҳои муосири миллии рақамӣ масъалаҳои тараққиёти иқтисодиёт, сохтани корхонаҳои инноватсионӣ, баландбардории шуғли аҳолӣ, ташаккулисектори самарноки ҷамъиятиро ба миён оварда истодаанд. Оид ба имкониятҳоитараққиёти иқтисодиёти рақамӣ бештар дар мамлакати мониз ҳарф мезананд.

Дар умум, номгӯи зерини чорабиниҳоро ҷудо намудан мумкин аст, ки аз тарафи давлат тадбиқ шуда, ба тараққиёти иқтисодиёти рақамӣ равона карда шудааст: тараққӣ додани инфрасохтор, ки заминаро барои ташаккули моделҳои нави пешбурдани тиҷорат пешниҳод менамояд, сохтани шабакаҳои илмӣ иҷтимоӣ; кам кардани монеаҳо дар татбиқи иқтисодиёти рақамӣ; баландабардории дараҷаи истифодабарии технологияҳои рақамӣ, таълим вабозомӯзиитахассусии мутахассисон; таъмини боварӣ ба эътимоднокӣ ва бехатарии инфрасохтори рақамӣ, баҳодиҳии хатар; тарақиёти сектори рақамии иқтисодиёт.

Сектори рақамии иқтисодиёт ба технологияҳои инноватсионӣ асос меёбад, ки аз тарафи саноати электронӣ сохта мешавад. Он бо ду унсур пешниҳод шудааст. Дар аввал, ин саноати электронист, истеҳсоли микрочипҳо, компютерҳо ва тачҳизотҳои телекоммуникатсионӣ, электроникаи таъиноти маишӣ. Дуюмаш, ин ширкатҳое мебошанд, ки хизматрасониро дар соҳаи технологияҳои рақамӣ пешниҳод менамоянд ва воситаҳои рақамии истеҳсол, нигаҳдорӣ, идоракунии маълумотро истифода мебаранд. Муҳимияти тараққиёти сектори рақамӣ барои иқтисодиётҳои миллӣ бо он тасдиқ мешавад, ки як қатор давалтҳо имрӯз барномаҳои комплексӣ ва бениҳоят калонро татбиқ менамоянд, ки ба тараққиёти секторҳои рақамии иқтисодиёти онҳо, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар ин самт,баландабардории рақобатпазирии саноати электронӣ ва IT-технологияҳо равона шудааст.

Дар шароитҳои муосир муаммои сектори рақамӣ бешубҳа ба рақобатпазирии иқтисодиёт таъсир мерасонад, чунончи қафомонӣ дар гирифтан ва коркарди маълумоти муҳим, надоштани малакаи истифодабарии захираи рақамӣ дар охир ба аз даст додани мавқеи пешинаи бозорӣ оварда мерасонад. Аз мавқеи назарияи ассиметрияи савдои байналхалқӣ вобастагии рақамии як давлат аз дигар ба зиёдшавии қафомонӣ дар тараққиёти иқтисодии байни ин ду давлатҳо оварда мерасонад. Хусусияти чунин вобастагии сохторӣ ин набудани имкониятибартарфкунии он мебошад, чунончи тараққиёт дар соҳаи технологияҳои рақамӣ бо суръати хеле баланд рух дода истодааст, технологияҳои нав бошанд метавонанд фақат дар асосии натиҷаҳои пешина амалӣ карда шаванд. Агар давлат соҳиби ин технологияҳо набошаду ин ё он ҳалҳои техникӣ ё технологӣ гум шуда бошанд, он гоҳ сохтани ягон сизи нав ва гузариш ба қадами оянда имконнопазир мебошад. Аз ҳамин сабаб, ҳолати сектори рақамӣ, алахусус, базаи элементии он, тачҳизоти махсуси технологии таъминкунандаи пареметрҳои зарурии микросхемаҳо омили муайянкуанандаи тараққиёти ҳамаи ҷамъият мегардад. Воридшавии маҳсулоти рақамӣ бо воридот аз дигар давалат(импорт) ба вақти кӯтоҳ метавонад, шиддати муамморо аз байн барад, аммо бо назардошти он, ки коэффисенти навкунӣ дар ин сектор бениҳоят баланд ва ивази пурраи парки тачҳизот ва таъминоти барномавӣ дар ҳар 2-3 сол ба амал меояд, пайвастшавӣ ба воридоти(импорт) чунин системаҳо асос барои сохтани мавқеи рақобатпазир дар соҳаи мазкурба ҳисоб намеравад.

Имрӯз дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ мубориза барои пешвоӣ дар соҳаи технологияҳои рақамӣ идома дорад, ки имконияти бадастории бебаҳси бартариҳои таҳлилиро дорад. Иқтисодиёти рақамии пайдогардида намуди нави захира – маълумотро тавлид намуд, ки дар вақти чунин тасдиқоти баҳсталаб омили муосири фаъолияти бомуваффақияти иқтисодиро ифода менамояд.

Илми иқтисодӣ дар шароитҳои муосир вазифадор аст, ки ба бисёр саволҳо ҷавоб гӯяд, киимрӯз бисёр мутахассисон ва ҷамъиятро нигарон менамояд. Селаи бефосилаи маълумот самарҳои навро тавлид менамоянд, ки ба илм то ҳол нофаҳмост. Бар замми ин муаммо дар он ифода меёбад, худи ин самараҳо ба тағйиротҳои тез маҳкум буда, фаҳмиш ё назарияи пешниҳодшуда, дар вақти кӯтоҳ ба хатари модификатсияи куллӣ дучор мешаванд. Муҳимаш дар он аст, ки иқтисодиёти рақамӣ самараҳои навро тавлид месозад, ки бо дигаргуншавии муносибатҳои иқтисодӣ алоқаманд буда, дорои табиати иттилоотист. Дигар хел карда гӯем, миқдори моделҳои рафтор зиёд гардида истодааст, ки ба маълумот асоснок, шуда дар бисёр ҳолат ба талаботҳои сифатии пуррагӣ, аниқӣ, муҳимият ҷавобгӯ нестанд. Оппортунизми[1] хоҷагидорӣ сӯиистофдаи маълумотро оид ба рақибон, бозор ва технологияҳо дар назар дорад. Миқдори ҷиноятҳои иқтисодӣ дар кибермуҳит афзоиш меёбад, ки дар натиҷа ширкатҳо зарар мебинанд. Зуд бадасторӣ ва коркарди маълумоти муайян ҳамчун омили истеҳсолот муҳим гардида, унсури рақобати беадолатона мегардад. Илми иқтисодиёт ба чунин муаммоҳо бетараф шуда наметавонад. Категорияҳои кӯҳнаи иқтисодӣ, тачҳизоти терминологӣ, интерпретатсияи ин ё он фаҳмиш ба тағйирот рӯ ба рӯ мешаванд. Тараққиёти тадқиқот дар соҳаи назарияи институтсионалӣ, ки бо чунин категорияҳо ба монанди иттилоот, трансаксия амалиёт мебаранд, аз рӯи ақидаи мо, ба паси саркунии душвориҳои илмӣ мусоидат менамоянд.

Назарияи инстутусионалӣ бо истифода аз аппарати назарияи иттилоот бо методҳои таҳлили хароҷотҳои трансаксионӣ дорои имкониятҳои калон оид ба гузаронидани тадқиқотҳои ояндаи муносибатҳои иқтисодӣ мебошад.

Ташкилоти муосир бо маҷмӯи алоқаҳо тавсиф дода мешавад. Аз ҳамин сабаб муаммоиагрегатсияи маълумот оид ба алоқаҳо ба комплекси ягонаи идоракунии ташкилот, муттаҳидкунии муҳитҳои иттилоотии гуногун ба муҳити ягонаи рақамии корхона ба миён меояд. Зери мафҳуми муҳити иттилоотӣ маҷмӯи воситаҳои барномавӣ – техникӣ барои коркарди маълумот, идоракунии ҷараёнҳои технологӣ пешбинӣ шуда фаҳмида мешавад, ки ба коркарду ҷорӣ намудани қарорҳои махсус дар амал барои ин ё он соҳаи фаъолияти корхона пешбинӣ шудаанд. Аз потенсиалӣ рақамии ширкат зинаи даромаднокии он, хароҷотҳои трансаксионӣ ва ояндабинии бозорӣ вобаста мебошад. Қайд намудан зарур аст, ки имкониятҳоирақамӣ назар ба дастрасии ашёи хом, мавҷудияти захираҳои молиявӣ ё муносибатҳои манфиатнок бо ҳамкорон оид ба тиҷоратмуҳим мегарданд.

Маълумотҳои батартибовардашуда захираҳое ба ҳисоб мераванд, ки доимо ё дар марҳилаи дарозмуддат имконияти банақшагирии амалиётҳои ояндаро фароҳам оранд.

Прогресси техникие, ки ба мукаммалгардонии бемайлонаи системаҳои техникӣ ва баландбардории самарнокии онҳо оварда мерасонад, моҳиятан ба пайдоиши маълумот оид ба имкониятҳои нави ин системаҳо оварда мерасонад. Ҷамъияти прогрессивӣ фақат дар он ҳолат тараққӣ менамояд, ки ба ивази имкониятҳои куҳна оид ба коркарди маълумот имкониятҳои нави аз пешина афзалиятнок сохта шаванд. Ин ҳолат на танҳо бо он ифода ёбад, ки коркарди ҳаҷми афзуншавандаи маълумот имконпазир гардад, балкиистифодаи онҳо бо мақсади таъмини истеҳсолот бо фоидаи калон дар ҳолати сарфаи захираҳо имконпазир гардад.

Гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ – ин қадамест, барои беҳтарсозии вазъи иқтисодии давлат. Иқтисодиёти рақамӣ имконияти кам намудани вақти барориши маҳсулоти нав ба бозорро таъмин намуда, дараҷаи чандирии истеҳсолотро баланд мебардорад ва инчунин сифати маҳсулот, самарнокииҷараёни истеҳсолотро беҳтар намуда, дар охир ба беҳтар шудани рақобатпазирии саноат ва зиёдшавии маҷмӯи маҳсулоти дохила оварда мерасонад.


Низомиддинов С.Ш. – н.и.и., дотсенти кафедраи барномарезӣ

Узоқова Г.М. – н.и.и., дотсенти кафедраи назарияи иқтисодӣ


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ