Тоҷикистон дар марҳилаи рушди иқтисодиёти рақамӣ

Тоҷикистони муосири имрӯзаро марҳилаҳои рушди иқтисодиёти рақамӣ фаро гирифта истодааст, ки таҳти назорат ва идора қарор додани онҳо барои рушди давлату миллат, корхонаву ташкилотҳо ва оилаҳо низ бениҳоят муҳим мебошад. Яке аз марҳилаҳои муосир ин иқтисоди рақамӣ мебошад, ки доир ба он дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдатимиллӣ - Пешвоимиллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистонмуҳтарамЭмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин зикр шудааст: "Сармояи инсонӣ ҳамчун муҳаррики пуриқтидор ба пешрафти инноватсия ва технологияҳои нав мусоидат мекунад ва бинобар ин, илми муосири ватанӣ бояд ҷавононро бештар ба илмомӯзӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ сафарбар намояд".

Давлати имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди иқтисодиёти рақамиро бо татбиқи технологияҳои ахборӣ идора намуда, аз ҷумла, роҳҳои таъмини бехатарии онро низ коркард намудааст. Барои он, ки иқтисоди рақамӣ ба манфиати умум хизмат намояд, он бояд ҳамаҷониба дар ҳамаи самтҳо истифода бурда шавад. Технологияҳои нав, махсусан зеҳни сунъӣ ногузир бо тағйироти назаррас дар бозори меҳнат, аз ҷумла ихтисори ҷойҳои корӣ дар баъзе соҳаҳо ва фароҳам овардани имкониятҳои нав дар дигарон дар миқёси давлат, робитаи ногусастанӣ доранд.

Технологияи босуръат паҳншаванда, рақамҳои гуногуни фаъолиятҳои иқтисодӣ ва иҷтимоиро шаклан дигаргун месозад. Вале фарогирии васеъшудаи нобаробарии рақамӣ дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва махсусан кӯчактарин кишварҳо, иқтисоди рақамӣ хатари боз ҳам бузургтарро ба бор меорад. Барои аз нав дида баромадани марҳилаву ҳадафҳои рушди бахши рақамӣ ва тарҳи ояндаи ҷаҳонишавии муносибати ҳамаҷониба ба технологияҳои нав, тақвияти шарикӣ ва идоракунии бештар талаб мегардад.

Иқтисоди рақамӣ бо сабаби қобилияти ҷамъоварӣ, истифода ва таҳлили миқдори зиёди иттилоотии аз тарафи компютер дастрасшаванда яъне, маълумоти рақамӣ, бо суръати бениҳоят афзоишёбанда идома дорад. Чунин маълумоти рақамӣ дар асоси таҳлили «роҳҳои рақамӣ», ки дар барномаи амалиётҳои гуногуни рақамӣ дар натиҷаи фаъолияти шахсони алоҳида, гурӯҳҳои иҷтимоӣ ё корхонаву ташкилотҳо боқӣ мондаанд, ҷамъ оварда мешаванд.

Вобаста ба таҷрибаи кишварҳои мутараққӣ ва бо такя бар арзишҳои ахлоқию маънавии хеш, имрӯз ҷомеаи кишварро зарур аст, ки сари масъалаи истифодаи дурусту оқилонаи интернет ва рушди иқтисоди рақамӣ андеша намоем. Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи иқтисоди ҷаҳонӣ ба ин равандҳо ташаккули бахшҳои иқтисодиёти иттилоотӣ, аз ҷумла иқтисоди рақамӣ шомил аст. Бояд дар мамлакат якчанд марҳила ва лоиҳаҳои рушди иқтисодиёти рақамиро дар шароити имрӯза татбиқ намуд:

  • дар соҳаҳои хоҷагии деҳот, хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва истифодабарии захираҳои ахборӣ бо таъмини дастурҳо ва намудҳои хизматрасонии электрониро бояд муайян ва ҷорӣ намуд;
  • давлат дар фаъолияти истифодабарии рушди иқтисодиёти рақамӣ, бозори технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла муассисаю корхонаҳои хусусӣ, паркҳои технологӣ ва марказҳои хизматрасониро ташкил намуда, сармоягузорони хориҷиро ҷалб намоянд ва барои онҳо шароит фароҳам оваранд;
  • мутобиқ намудани рушди инфрасохтори замонавии телекоммуникатсионӣ дар шароити муосир, технологияи алоқа ва рушди хизматрасониҳои шабакавӣ, рушди хизматрасониҳои ҳозиразамони телекоммуникатсиониро бояд ҷорӣ намуд;
  • дар идоракунии давлат ва соҳаҳои иқтисодиёт, хизматрасониҳои ҳозиразамони электрониро ҷорӣ намуд ва бо кӯмаки иқтисодиёти рақамӣ, тиҷорати электронӣ ва дастури таъминоти бозориро бояд рушд дод;
  • сегменти Интернети миллӣ, ташкили медиа - контенти рақамӣ, захираҳои моддӣ - техникӣ ва иқтисодиро бо роҳи рушд ва таклифотҳо коркард намуд;
  • ноҳияҳо ва шаҳрҳоро бо инфрасохтори ҳудудӣ ва истифодабарии онро тавассути электронӣ идора намудан, хусусан манзили истиқоматӣ ва хизматрасониҳои коммуналӣ - маишӣ, ба роҳ мондани хизматрасониҳои муосири транспортӣ барои «шаҳр ва ноҳияи муосир» ва коркарди «системаи муосир», бахшида ба солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”;
  • омӯзонидан ва такмил додани кадрҳои боэътимод, омоданамоии кадрҳо то ҷараёни оғози лоиҳаҳо.

Барои ба таври васеъ ошкор намудани иқтидори иҷтимоию иқтисодии технологияҳои рақамӣ ва пешгирӣ намудан аз оқибатҳои нохуш, зарур аст, ҳарчи зудтар ҳамкории байни шаҳриву ноҳиявӣ, давлатӣ ва байналмилалӣ мустаҳкам карда шавад. Иқтисодиёти рақамӣ ҳаёт ва ҷомеаи моро бо суръати бесобиқа ва таносуби бемайлон тағйир медиҳад, ҳамзамон имкониятҳо ва мушкилоти бузургро эҷод мекунад.

Дар ҳақиқат, имрӯзҳо таваҷҷуҳ ба иқтисоди рақамӣ зиёд аст ва таҳқиқи муҳаққиқони ҷавон дар самти илм ва инноватсия, технологияҳои нав мусоидаткунанда ба шумор меравад. Иқтисоди рақамӣ пеш аз ҳама дар асоси технологияҳои рақамӣ ба вуҷуд меояд. Яъне фаъолияти иқтисодӣ тавассути технологияҳои рақамӣ ба роҳ монда мешавад.

Дар ин самт хизматрасониҳои тиҷорати электронӣ, "мол" - ҳои электронӣ дар тиҷорат васеъ ба роҳ монда шудааст. Ҳамзамон гардиши маблағҳо тавассути воситаҳои электронӣ ба роҳ монда мешаванд, ки омили муҳимтарини тиҷорати электронӣ мегарданд. Ба вуҷуд овардани иқтисоди рақамӣ на танҳо ба тиҷорат хос аст, он инчунин дар соҳаҳои алоҳида: ҳарбӣ, маориф, тандурустӣ, бонкдорӣ, суғуртавӣ ва ғайра низ имконпазир аст. Масалан, ба роҳ мондани хизмати ҳарбии алтернативӣ, омӯзиши фосилавӣ ва таълими пурра гирифтан новобаста аз ҷои зист, видеоконфронсҳо дармуассисаҳои тиббӣ ва алоқа бо якчанд духтурон бо якдигар аз беморхонаҳои гуногун барои муҳокимаи корҳои худ, баргузор намудани итиқоли маблағ, музоядаҳои электронӣ ва ғайра. Ҳангоми рушди иқтисоди рақамӣ якчанд ҷиҳатҳои мусбӣ ва бартариятҳоро мушоҳида кардан мумкин аст (инҳо: сарфаи вақт, сарфаи маблағ, интихоб, рақобатпазирӣ, дастрасӣ ба иттилоотҳои электронӣ доир ба молу маҳсулот, шаффофият, мониторинг ва ғайра).

Ҳангоми дар иқтисодиёт истифода кардани технологияҳои муосир пеш аз ҳама вақт сарфа мегардад. Вақт дар иқтисод нақши муҳим дорад. Ҳамаи ҷараёнҳои иқтисодӣ бо вақт алоқамандии зич доранд. Масалан, он кореро, ки инсон дар як рӯз анҷом медиҳад, технологияи муосир метавонад дар як соат анҷом диҳад. Ҳамзамон технологияҳои ҳозиразамон ҳатто дар бораи ҳар як ҷузъиёти истеҳсолот ва хизматрасонӣ маълумоти дақиқ дода метавонад. Ин гуна маълумотҳо барои банақшагирӣ ва баровардани қарори дуруст шароит фароҳам меорад. Масалан, сомонаи durahshon.tj Шумо метавонед аз ин сомона ба худ маводҳои дарсӣ, сурудҳои тоҷикӣ, китобҳо ба забони точикӣ ва ғайраҳоро сари вақт пайдо намуда истифода намоед.

Ҳангоми истифодаи технологияи рақамӣ дар иқтисодиёт на танҳо вақт, инчунин маблағро низ сарфа кардан мумкин аст. Масалан, ҳангоми коргузории электронӣ дар ташкилот имкон дорад, ки қисми зиёди хароҷотҳо доир ба rоғаз, ранг, мубодилаи ҳуҷҷатҳо сарфа гарданд. Ҳамзамон технологияҳои рақамӣ дақиқ муайян мекунанд, ки кадом миқдор маҳсулот барои истеҳсолот зарур аст, саҳми ҳар корманд дар корхона то кадом андоза аст ва ғайра.

Истифодаи технологияи рақамӣ дар иқтисодиёт боиси сарфа шудани қувваи корӣ ва ба вуҷуд омадани ҷойҳои кории нав мегардад. Айни замон дар бисёр корхонаву ташкилотҳо якчанд вазифаҳо ва кормандон ихтисор шуда истодааст, аз ҷумла котибон. Зеро ҳар корманд бевосита худаш маводҳои заруриро омода ва нашр менамояд, ки ҳамаи ҳуҷраи кории онҳо бо технологиҳои ҳозиразамон муҷаҳаз гардонида шудаанд. Ҳамзамон ҳангоми мубодилаи ҳуҷҷатҳо нафари алоҳида зарур нест. Инчунин корҳои хазинадор, муҳосибот ва дигар мутахассисон низ осон гаштааст. Масалан, тавассути барномаҳои махсуси муҳосиботӣ тамоми ҳисобу китоби даромад ва хароҷот дар як барнома ҷойгир шудааст ва истифодаи он қулай аст. Яъне зарурат ба шумораи зиёди кормандон дар бахши муҳосибот аз байн меравад. Ҳамзамон ҷойҳои нави корӣ пайдо мегардад. Масалан, айни ҳол барои ба низом овардани шабакаҳои дохилию берунии корхонаву ташкилотҳо кормандони шабакавӣ қариб дар тамоми корхонаву ташкилотҳо зарур мебошад. Онҳо барои ба низом овардани коргузории электронии корхона ва ташкилот мусоидат менамоянд.

Ҳангоми истифодаи технологияҳои рақамӣ дар идоракунии фаъолияти корӣ, интизом ва шаффофият низ ба вуҷуд меояд. Имрӯзҳо истифодаи технологияҳои рақамӣ ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро, ҳам аз ҷиҳати моддӣ ва ҳам аз ҷиҳати иҷтимоӣ иҳота кардааст. Роҳбарият метавонад тамоми бурду бохти фаъолияти ташкилотро тавассути барномаи зарурии хоси ташкилот таҳти назорати худ қарор диҳад. Масалан, дар донишгоҳ маъмурият тавассути технологияҳои рақамӣ метавонад давомоти донишҷӯёнро дар дарс назорат намояд, сифати дарсгузарии устодонро мушоҳида намояд ва таълимро самаранок гардонад. Имрӯзҳо технологияҳои рақамӣ яке аз самтҳои пешрафтаи автоматикунонии раванди таълим ба ҳисоб меравад. Барои ташаккул додани таъминоти барномавӣ ва методӣ, базаи моддӣ, инчунин баланд бардоштани дараҷаи ихтисоси устодон пешрафти бомувафаққияти татбиқи технологияҳои иттилоотии ҳозиразамон дар соҳаи маориф дида мешавад. Дар донишгоҳҳо талабот ба комплекси таълимии электронӣ, дарсҳои видеоӣ ва технологияҳои мултимедиавӣ зиёд аст ва назорати ҷиддӣ бурда истодаанд, мақсад ва ҳадафҳои асосӣ аз он иборат аст, ки донишҷӯён маводҳоро сари вақт, дастрас намуда вақти худро беҳуда нагузаронанд. Инчунин барои маниторинг ва таҳлил шароит ба вуҷуд меояд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иқтисодиёти рақамӣ рушд намуда истодааст, яке аз онҳо ин моликияти зеҳнӣ ба ҳисоб меравад. Дар иқтисодиёти рақамӣ нақши калидиро моликияти зеҳнӣ мебозад. Аз як тараф эҷодкорон барномаҳои электронии махсуси худро омода намуда ба омма пешкаш менамоянд, аз тарафи дигар рақобат дар ин соҳа зиёд мегардад. Истифодаи технологияи рақамӣ имкон медиҳад, ки муоширати инсоният дар дилхоҳ макон ва замон ба осонӣ сурат гирад. Дар ин ҷараён хароҷотҳои алоқавӣ сарфа мешаванд, баъдан тавассути технологияҳо маблағҳои заруриро хусусан муҳоҷирон ба хонаводаашон мерасонанд.

Соҳибкорон ва тоҷирон ҳатто ба бозор ташриф наоварда, молро тавассути технология аз назар мегузаронанд. Технология воситаи осонтарин ва арзонтарини рекламаи молу маҳсулот гардидааст. Яъне дар сомонаҳои рекламавӣ (масалан, дар сомонаҳои far.tj, somon.tj, durahshon.tj) тамоми маълумоти молу маҳсулот гузошта мешавад ва ин имкон медиҳад, ки савдо ва тиҷорат рушд ёбад. Омилҳои номбаршуда охирин нестанд, зеро технологияи рақамӣ мисли рақам имкониятҳои беохир дорад.

Ҳангоми муомилоти молу маҳсулот тавассути технологияҳо нишондодҳо барои омма дастрас мегарданд. Омӯзиши бозор осон мегардад. Тавассути омӯзиши бозор ва талабот маҳсулоти зарурӣ метавонад омода гардад. Имрӯзҳо сомонаҳо ба ҷои реклама намояндагӣ намуда, кори онҳоро бисёр осон мегардонад. Ин ҳама натиҷаи кори технологияҳои рақамӣ мебошад, ки бо ёрии он мо метавонем, чунин сомонаҳо ва рекламаҳо сохта, тариқи шабакаи интернетӣ фаъолият барем. Технологияҳои рақамӣ ва интернетӣ дар замони имрӯза воситаи асосии ҷаҳонишавӣ ба шумор меравад ва маҳз бо ҳамин восита иттилоот ва андешаҳо ба тамоми дунё, ҳар лаҳза паҳн мегарданд, ки ҳам ҷанбаҳои манфӣ ва ҳам мусбиро доро ҳастанд.

Сомонаҳоикорхонаҳову ширкатҳобозабонитоҷикӣ, кимақсад, вазифавамоҳияти онҳоро инъикос менамоянд, бисёр кам аст. Илова бар он, маҳздар шароити имрӯза WEB – технологияҳо, иқтисодиёти рақамӣ бо суръати хеле баланд тараққӣ карда истода, дар ҳамаи соҳаҳо истифода бурда шуда истодаанд. Ин ҷараён аз ҳисоби он, ки имрӯз шабакаи Интернет барои ҳама дастрас аст, боз ҳам васеътар паҳн шуда истодааст.

Дар ин ҷода олимону муҳаққиқонро зарур аст, ки ба таҳлили масъалаҳои воқеӣ ва зарурӣ машғул шаванд ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсиониро рушд дода, онро дар тамоми соҳаҳои ҳаёт пайваст намуда, самаранок истифода баранд. Аз тарафи дигар, ҳар соҳибкасб метавонад аз ин технологияҳо истифода бурда, ба истеҳсолот ва эҷодиёти нав машғул гардад. Дар рушди иқтисоди рақамӣ нақши калидиро давлат мебозад. Зеро давлат метавонад тамоми масъалаҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии марбут ба иқтисоди рақамиро бо таври устувор ба низом дарорад.

Қобили зикр аст, ки дар ин ҷараён илм ҳамчун воситаи муайян кардани татбиқи технологияҳои рақамӣ дар иқтисод баромад мекунад. Яъне дар асоси нишондодҳои илмӣ ҳамгироии технология ва иқтисодиёт ба амал меояд. Дар ин ҷараён ҷанбаи ҳуқуқии масъала дар он ифода меёбад, ки қонунгузор барои рушди иқтисоди рақамӣ бояд шароити мусоид фароҳам оварад. Таҷрибаи қонунгузории давлатҳои пешрафта нишон медиҳад, ки баҳри рушди иқтисоди рақамӣ имтиёзҳои андозию гумрукӣ, бақайдгирию ташкилӣ ба роҳ монда мешавад. Инчунин маҳдудиятҳои беасосе, ки боиси косташавии иқтисодиёт мегардад аз байн бурда мешавад.

Ҳамин тариқ, тибқи қонун низоми иқтисодӣ муайян ва идора карда мешавад ва ин усул дар давраи ҳозира, ки онро марҳилаҳои рушди иқтисодиёти рақамӣ арзёбӣ менамоянд, қобили татбиқ аст. Албатта, марҳилаҳои рушди иқтисодиёти рақамӣ танҳо аз масъалаҳои дар боло овардашуда иборат нест. Барои ба роҳ мондани рушди иқтисодиёти рақамӣ пеш аз ҳама корҳо тадқиқотиву санҷишҳои соҳавӣ гузаронида шуда, аз натиҷаҳои ба миёномода барномаҳои давлатӣ қабул намудан зарур аст. Дар мақола ҳамаи самтҳои иқтисоди рақамиро фаро гирифтан имконнопазир аст. Аз ҳамин лиҳоз, умедворем, ки ояндаи наздик оид ба марҳилаҳои рушди иқтисодиёти рақамӣ дар ҳамкорӣ бо дигар олимон ва мутахассисон тадқиқоти мушаххаси илмиро анҷом дода, онро барои татбиқи рушди иқтисоди рақамии кишварамон равона созем.

Шукуров Абдуназар Абдухалилович

сармуаллими кафедраи технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти

факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотии

МДТ ”Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ