​Шайх Саъдии Шерозӣ - тарғибгари амнияти кишвар ва осоиши халқ

Адабиёти форсу тоҷик бисёр пурдомана буда, дар батни хеш дурдонаҳоеро маҳфуз доштааст, ки баррасиву таҳлили онон на танҳо ба мутолиагар ғизои маънавӣ мебахшад, ҳамзамон дар барномарезии ҳаёту фаъолияти шахсӣ ва ҷамъиятӣ ба кулли алоқамандони он шабеҳи дастури пурқимат хизмат менамояд. Суханварони мо аз устод Рўдакӣ то Мавлоно Ҷомӣ ва пасояндагони эшон дар осори хеш матлабҳоеро пайрезӣ намудаанд, ки асрҳо инҷониб мардумро дар роҳи инсонгарӣ, ватандўстӣ ва халқпарварӣ тарбият месозанд. Зиёда аз ин, дарозои асрҳои миёна ғайр аз осори мондагори бадеӣ, мисли муфрадоту рубоиёт, қитъаоту қасоид, ғазалиёту достонҳо ва маснавиёту асарҳои насрии адабӣ як қатор насиҳатномаҳое арзи вуҷуд кардаанд, ки маъруфтаринашон «Қобуснома»-и Унсуралмаолии Кайковус, «Насиҳат-ул-мулук»-и Муҳаммад Ғаззолӣ, «Сиёсатнома»-и Низомулмулк, «Дастур-ул-мулук»-и Самандархоҷаи Тирмизӣ вағайра мебошанд. Дар радифи ин пандномаҳо бисёр асарҳои хуби бадеӣ, мисли «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ, «Махзан-ул-асрор», «Искандарнома»-и Ҳаким Низомӣ, «Бўстон» ва «Гулистон»-и Шайх Саъдӣ, «Хирадномаи Искандарӣ» ва «Баҳористон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ ва ғайра аз арзиши баланди ахлоқиву тарбиявӣ бархурдоранд, ки қисме аз афкору ақоиди дар асарҳои мазбур тарҳрезӣ гардида, ба масоили осудагии халқу амнияти кишвар нигаронида шудааст.

«Бўстон»-и Саъдии Шерозӣ аз ҷумлаи осори барҷастае маҳсуб меёбад, ки худованди он бо як далерӣ ва ҷасорати хос перомуни масъалаҳои амнияти кишвар ва осудагии халқ пандомезона ибрози назар кардааст. Боби нахустини ин шоҳкории адабиёт «Дар адлу тадбиру рой» номгузорӣ шуда, аз бисту ҳашт ҳикоят ва хулосаҳои муаллиф доир ба ин мавзўъ иборат аст. Шайх Саъдӣ аз нахустҳикояти «Бўстон» кўшиш ба харҷ додааст, ки тавассути васияти Нўшервон бо писараш- Ҳурмуз ба масъалаи амнияту осудагии кишвару раият рўшанӣ андозад. Ба ақидаи суханвар ободии мулк ва осоиштагии халқ аз подшоҳ вобастагӣ дорад, агар шоҳ бештар бо фароғату осоиши худ машғул бошад, он гаҳ мулк вайрону халқ саргардон хоҳад шуд.

Шабеҳаи хубе, ки Саъдӣ дар мисоли чўпону гўсфандон ва дарахту решаи он нисбати шоҳу раият корбандӣ менамояд, тасвирро таъсирбахш кардааст.

«Наёсояд андар диёри ту кас,

Чу осоиши хеш ҷўиву бас.

Наёяд ба наздики доно писанд,

Шубон хуфтаву гург дар гўсфанд.

Бирав, поси дарвеши мўҳтоҷ дор,

Ки шоҳ аз раият бувад тоҷдор.

Раият чу беханду султон дарахт,

Дарахт, эй писар, бошад аз бех сахт.

Шайх Саъдӣ бар он аст, дар фикри фараҳияти рўзгори хеш будани султон мулк рў ба харобӣ хоҳад ниҳод ва осоиши бандагони он низ гум хоҳад шуд, балки мисли чўпон, ки дар фикри осоиши рама аст, амнияти мамлакаташро таъмин созад, то мисоли гург, ки рамаро медарад, душманони дохиливу беруна оромии кишварро халалдор накунанд. Ба андешаи суханвар шоҳ бояд халқи бечораро навозиш бикунад, ба доди онҳо бирасад, зеро маҳз туфайли онҳо ў подшоҳ аст. Мардуми мўҳтоҷ шабеҳи решаи дарахтанду шоҳ танаи он ва сарсабзии дарахт аз реша вобастагӣ дорад. Аз ин рў, султон хоҳад, ки дар маснади шоҳӣ дер пойдор монад, бояд дар навозиши халқи бечора кўшад.

Саъдии Шерозӣ дар ҳикоятҳои боби мазбури «Бўстон» ба масъалаҳои мухталифе дахл карда, онҳоро бо далелҳо собит ва натиҷабардорӣ намудааст, ки ҳар яке дар роҳи амнияти кишвару осоиши халқ пурқимат буда, то имрўз арзиши худро гум накардаанд.

Суханвар дар давлатдорӣ ақлу хирадро дар мақоми аввал гузошта, таъкид месозад, ки дар сурати бо умеду тарс зиндагӣ кардани инсон дар сиришти вай хирадмандӣ парвариш хоҳад ёфт ва подшоҳе, ки дар ниҳоди вай умеду тарс тухма гузоштааст, ақлу хирадаш низ комил гардидааст ва метавон дар қаламрави ў осуда умр ба сар бурд. Чунки султони хирадпеша ҳамеша ба умедворон бахшоишашро арзонӣ медорад, то поёни кораш ба хайр анҷомад.

Дигар, аз назари Саъдии Шерозӣ, подшоҳ бояд хазинаи давлатро на аз барои худ, балки барои халқу сипоҳ масраф намояд. Дар ҳикояти сеюми «Бўстон» султони додгаре ба тасвир омадааст, ки либоси хоксорона ба бар дошт ва нафаре ўро таъна мезанад, ки чаро ба худ либоси фохираро муносиб намебинад. Дар ҷавоб он султони тавозўъпеша мегўяд, ки ман на аз баҳри он андоз меситонам, ки худро мисли занон оро бидиҳаму тахту тоҷро зинат бахшам. Гарчанде дар дил ҳазор ҳавову ҳавас аст, аммо хазина танҳо барои ман нест, хазина, пеш аз ҳама, барои лашкар аст, зеро агар сипоҳиён аз шоҳ хушнуду розӣ набошанд, амнияти кишварро таъмин нахоҳанд кард. Чунончи:

Хазоин пур аз баҳри лашкар бувад,

На аз баҳри озину зевар бувад.

Сипоҳӣ, ки хушдил набошад зи шоҳ,

Надорад ҳудуди вилоят нигоҳ.

Ин маънӣ дар як байти хулосакунандаи ҳикояте аз «Гулистон» чунин инъикос ёфтааст:

Ҳамон беҳ, ки лашкар ба ҷон парварӣ,

Ки султон ба лашкар кунад сарварӣ…

Ҷои дигар, Шайх Саъдӣ, аз забони яке аз бузургони донишу хирад перомуни ҳаёти Умар ибни Абдулазиз ҳикоят менамояд, ки барои аз қаҳтсолӣ наҷот додани халқ кўшида буд.Дар ангуштарии ў санги гаронбаҳое вуҷуд доштааст, ки дар муайян сохтани қиматаш ҳатто заршиносон низ оҷизӣ мекашиданд. Соле дар диёри ў хушксолӣ ба амал меояд ва мебинад, ки мардум аз гуруснагӣ саломатиашонро аз даст дода истодаанд. Шоҳ он нигини гаронбаҳоро мефурўшад ва дар давоми як ҳафта маблағи бадастомадаро сарфи фуқарои кишвар менамояд. Чанд тан аз кирдори ў изҳори нигаронӣ карда, ин кори ўро нодуруст маънидод менамоянд, аз ваҷҳи он ки дигар чунин ангуштариро натавонад ба даст овард. Шайх Саъдӣ ҳамчун ровии қисса мегўяд, ки ин қазия аз чашшмони Ибни Абдулазиз ашкро мисоли борон меовард ва бо сўз мегуфт: «Дили мардуми кишвар аз ғаму ташвиш озурдаву маҷрўҳ аст, дар инчунин вазъият зевару ороиш барои подшоҳ писандида нест. Имкон дорад, ки ангуштари содаву бенигин бошад, аммо шоиста набошад, ки дили мардумонро ғамдидаву андўҳгин бубинам».

Саъдии бузургвор бо ин гуфтори Ибни Абдулазиз гўшзад менамояд, ки агар сиришти инсон гавҳарӣ бошад, ниёз ба гавҳарҳои зинатӣ намемонад ва ҳар инсоне, ки ба музайян сохтани зоҳираш мепардозад, ботинашро низ мисли зоҳир зинат бахшад ва ин зинат меҳру шафқат ва дилсўзӣ ба инсонҳои дигар хоҳад буд.

Боз як масъалаи муҳиме, ки Шайх Саъдӣ дар асари хеш доир ба таъмини амнияти давлату миллат ибрози назар менамояд, шинохтани зердастону дўсту душман аст. Ба ақидаи суханвар азбаски султон масъули оромиши кишвар аст, вай бояд аз зердастони худ барканор набошад, онҳоро хуб шиносад, фазилатҳояшонро қадр карда тавонад, сиёҳро аз сафед ҷудо намояд, то бегунаҳе озурдахотир нагардад ва ниҳоят, доғи корҳои сиёҳи дигарон бар номи худи султон наафтад. Барои исботи ин андешаҳояш Шайх Саъдӣ аз рўзгори шоҳ Доро ҳикояте меорад,дар он нақл меравад, ки боре ў вақти шикор аз лашкар ҷудо мемонад ва галлабоне аз ҳолаш бохабар шуда сўяш шитоб мекунад. Подшоҳ ўро душман пиндошта, сўяш камон рост менамояд, то бикушадаш. Аммо галлабон ба шоҳ хитоб карда, парварандаи галаи аспони вай буданашро изҳор менамояд. Доро бо ханда омади бахти галлабонро таъкид сохта, мегўяд, ки камонаш барои куштани вай зеҳ шуда буд. Галлабон шоҳро дуо мекунад ва бо ханда ба вай мегўяд;

«Насиҳат зи мунъим набояд нуҳуфт.

На тадбири маҳмуду рои накeст,

Ки душман надонад шаҳаншаҳ зи дeст.

Чунон аст дар меҳтарӣ шарти зист,

Ки ҳар кеҳтареро бидонӣ,ки кист.

Маро борҳо дар ҳазар дидаӣ,

Зи хайлу чарогоҳ пурсидаӣ.

Кунунат ба меҳр омадам пешбоз,

Намедониям аз бадандеш боз?

Тавонам ман,эй номвар, шаҳриёр,

Ки асбе бурун орам аз сад ҳазор.

Маро галлабонӣ ба аrл асту рой,

Ту ҳам галлаи хеш дорӣ,бипой.

Дар он тахту мулк аз халал uам бувад,

Ки тадбири шоҳаз шубон кам бувад.

Ту кай бишнавӣ нолаи додхоҳ,

Ба Кайвон барат киллаи хобгоҳ?!

Чунон хусб, к-ояд фиuонат ба гeш,

Агар додхоҳе барорад хурeш.

Ки нолад зи золим, ки дар даври туст,

Ки ҳар xавре, ки мекунад,xаври туст.

На саг домани корвонӣ дарид,

Ки деҳrони нодон, ки саг парварид.

Далер омадӣ, Саъдиё,дар сухун,

Чу теuат ба дастаст,фатҳе бикун.

Бигe, он чӣ донӣ, ки ҳаr гуфта беҳ,

На ришватситонию на ишвадеҳ.

Тамаъ банду дафтар зи ҳикмат бишeй,

Тамаъ бигсалу ҳар чӣ донӣ бигeй».

Шайх Саъдии Шерозӣ дар ин порча аз забони галлабон афкори ҷолиберо тарҳрезӣ кардааст, ки ҳар яке дар таъмин сохтани оромиву осудагии халқу кишвар арзиши баландӣ ахлоқӣ доранд.

Ба ин монанд, ҳикояте дар достони «Ҳафт пайкар»- и Низоми Ганҷавӣ маҳфуз аст, ки дар он Баҳром ҳангоми шикор бисёр ташна мемонад ва дар ҷустуҷўи об назди шубоне мерасад, ки саги чўпонии хешро азият медод, аз ваҷҳи он ки бо гург ошноӣ карда, халал дар рамаи гўсфандон оварда буд. Чун Баҳром аз кирдори чўпон ибрат мегирад, сўи шаҳр шитофта, салоҳи кор меҷўяд. Чунончи:

Чун ба шаҳр омад аз гумоштагон

Хост машрўҳи боздоштагон,

Чун дар он рўзнома кард нигоҳ,

Рўз бар вай чу нома гашт сиёҳ.

Дид саргашта як ҷаҳон маҷрўҳ,

Номи ҳар як набишта дар машрўҳ.

Гуфта дар шарҳҳои мотаму сур,

«Кушта аз шоҳ, шафоат аз дастур».

Номи шоҳро ба ҷавр бад карда,

Некномӣ ба номи х(в)ад карда.

Ба андешаи Саъдии Шерозӣ сарвари мамлакат агар хоҳад, ки осоиши худ ва кишвару раияташ ҳамеша таъмин бошад, деҳқононро, ки ризқрасони ҳамагонанд, азизу гиромӣ дорад. Зеро маҳз туфайли меҳнату заҳмати эшон дастурхони халқ пурфайзу хазинаи давлат ғанист:

Мурооти деҳқон кун аз баҳри хеш,

Ки муздури хушдил кунад кори хеш.

Мурувват набошад бадӣ бо касе,

К-аз ў накўӣ дида бошӣ басе.

Ҳамин тариқа, дар боби аввали «Бўстон» Шайх Саъдӣ масоили зиёдеро тарҳрезӣ намудааст, ки ҳар яке дар таъмини амнияти кишвару миллат то имрўз аз арзиши хос бархурдоранд. Ҳар яке ҳикояти ин қисмати асар ба сари худ пандномаеро мемонад, ки онон метавонанд дар кишвардориву халқпарварӣ ҳамчун дастурамал хизмат намоянд. Шайх Саъдӣ ҳамчун инсони ҳақшинос масъалаҳоеро мебардорад, ки ҳар яке мисоли шамъи фурўзон зулмати ҷаҳлу нодониро равшаноӣ мебахшанд, инсонҳоро ба ҷодаи дурусти зиндагӣ раҳнамун месозанд, аз беандешагиву лоуболӣ ва бетарафӣ нисбати амнияти халқу давлат нигоҳ медоранд.

Лозим ба таъкид аст, ки дар таъмини амнияти кишвару миллат, қабл аз ҳама, масъалаи касби ахлоқи ҳамида пеш меояд ва то Саъдӣсуханварони форсу тоҷик перомуни масъалаи мазбур дар осорашон ибрози назар кардаанд. Вале ин адиби башардўст мавзўи мазбурро ба назари тоза баррасӣ карда, онро бо обуранги тозаву хос тарҳрезӣ намудааст. Дар асрҳои баъди низ тарғиби масъалаи амнияту осоиши кишвару халқ ва иртиботи мўҳками он бо ахлоқ дар асарҳои намояндагони адабиёт, хоса Амир Хусрав, Мавлоно Ҷомӣ, Самандархоҷаи Тирмизӣ, Мирзо Содиқи Муншӣ, Аҳмади Дониш, Шоҳин, Возеҳ ва дигарон идома кард, ки дар хусуси қисме аз онҳо роқимони ин сутур низ мақолаҳои ҷудогона ба нашр расонидаанд.

Афзудан мебояд, ки қисмати хулосаҳои боби мазбури «Бўстон» боз ҳам борвартар аст. Зеро дар он суханвар ба тариқи ҷамъбаст оид ба мавзўоти мухталифе, ки дар ҳикоёти нахустқисмати асараш гунҷоиш ёфтаанд, натиҷабардорӣ карда, ҳосили каломи хешро ба мутолиагарон арзонӣ доштааст, ки зикри чанде аз онҳо аз манфиат холӣ нест. Чунончи:

Чу душман ба аҷз андар омад зи дар,

Набояд, ки пархош ҷўӣ дигар.

Чу зинҳор хоҳад карам пеша кун,

Бубахшову аз макраш андеша кун.

Зи тадбири пири куҳан бармагард,

Ки корозмуда бувад солхвард.

Ин ҷо Саъдии бузург масъалаи сулҳу оштиро ба миён оварда, таъкид месозад, ки агар душман роҳи мадоро ҷўяд, бояд қабул дошт, вале ҳушёриро аз даст набояд дод, ба фиреби адў гирифтор шуда, амниятро халалдор набояд кард. Аз ин рў, ҳамеша аз маслиҳату машварат бо пирони кор бархурдор бояд буд, зеро онҳо таҷрибаи кофии ҳаётӣ доранд.

Воқеъан, масъалаи сулҳу оштӣ то Саъдӣ низ дар адабиёти мо ғунҷоиш дошт. Хоса Ҳакими Тўс дар «Шоҳнома» борҳо ба ин нукта ишора кардааст. Достони «Сиёвуш» тараннумгари сулҳу оштӣ буда, маҳз бо василаи рою тадбири Рустами рўзгордида роҳандозӣ мегардад, аммо Сиёвуш қурбони макру дасисаҳои душманонаш мешавад.

Ё худ Ҳаким Низомӣ низ дар қисмати «Шарафнома»-и достони охирини «Хамса»-аш сулҳро аз ҷанг авло дониста,тундиву теғкаширо охирин чора наҳисобида мегўяд:

Муроде, ки дар сулҳ гардад тамом,

Чӣ бояд сўи ҷанг додан лаҷом

Дари чорагар бар чорагар баста нест,

Ҳама кор бо теғ пайваста нест.

Ҷои дигар мефармояд:

Карам кун,на пархошу киноварӣ,

Ки олам ба зери нигин оварӣ.

Чу коре барояд ба лутфу хушӣ,

Чӣ ҳоҷат ба тундиву гарданкашӣ.

Нахоҳӣ, ки бошад дилат дардманд,

Дили дардмандон баровар зи банд.

Ба бозуи тавоно набошад сипоҳ,

Бирав, ҳиммат аз нотавонон бихоҳ.

Дуои заифони уммедвор,

Зи бозуи мардӣ беҳ ояд ба кор.

Саъдии Шерозӣ дар поёни яке аз ҳикоятҳои боби якуми «Гулистон» низ ба ин мазмун ишора карда нигоштааст:

Подшоҳе к-ў раво дорад ситам бар зердаст,

Дўстдораш рўзи сахтӣ душмани зўровар аст.

Бо раият сулҳ кун в-аз ҷанги хасм эмин нишин,

З-он ки подшоҳони одилро раият лашкар аст.

Суханвар карампешагиро беҳ аз ҷангу кинаварзӣ ҳисобида, бо хушиву нармӣ оламро зери даст оварданро ёдрас менамояд ва дили дардмандонро аз банд раҳо кардан, яъне ба доди дармондагон расидан боиси ворастагӣ аз ташвишҳои нооромии халқу кишвар хоҳад шуд. Инчунин, ба ақидаи Саъдӣ, амнияти кишвар на дар қудратмандии сипоҳ, балки гиромидошти мардуми бечораву заиф аст, аз он ки дуои эшон аз бозуи мардӣ дида беҳтар ба кор хоҳад омад.

Хулоса, Саъдии Шерозӣ ҳамчун инсони гуманист ва ватанпарвар дар шоҳасари хеш масоили муҳимеро баррасӣ ва таҳлил кардааст, ки дар таъмини амнияти кишвару миллат судманд буда, коргирӣ аз афкори ҳикматомўзи вай баҳри накўдошти зиндагии халқ ва ободиву осудагии ватан аз аҳамият холӣ нест.

Ӯрунова М. Бобоева М.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ