Паёми ояндасоз ва масъулиятафзо
Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 26-уми декабри соли 2019 ироа гардид, воқеан санади муҳими таҳлилӣ, раҳнамо, дурнамои инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа буда, дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон, стратегияву барномаҳои рушди устувори мамлакат тарҳрезӣ гардида, барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва таъмини рушди устувори мамлакат, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ҳамчун ҳадафи олии давлату ҳукумат равона карда шудааст. Паём на танҳо дурнамо ва пешрафти кишвари моро ба як соли оянда, балки ба даҳсолаҳои дигар муайян ва мушаххас менамояд.
Яке аз хусусиятҳои Паёми навбатии Президенти кишвар аз он иборат аст, ки рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар ҳафт соли охир аз соли 2013 то соли 2019 муқоиса, таҳлил ва хулосабарорӣ карда шуда, муваффақиятҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа муайян ва вазифаҳои минбаъда мушаххас гардид. Паёми Пешвои миллат, ҳамчунин ҳисоботи муфассал дар назди мардуми кишвар доир ба иҷрои пурраи Барномаи пешазинтихоботии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати ҳафт соли сипаришуда мебошад.
Пешвои миллат дар баробари дигар масъалаҳои муҳим доир ба интихоботи дар пешистодаи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои вакилони халқи вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоати шаҳраку деҳот, ки санаи 1-уми марти соли 2020 баргузор мегардад, сухан ронда, таъкид ба амал оварданд, ки интихобот бояд ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор гардад ва ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ҳуқуқи конститутсионии иштироки бевосита ва бавоситаро дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ истифода бурда тавонад.
Иштирок дар интихобот ҳуқуқи конститутсионии тамоми шаҳрвандони кишвар буда, тибқи моддаи 27-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як шаҳрванд аз синни 18 солагӣ ҳуқуқи иштирок кардан дар райъпурсӣ ва интихоботро дошта, тибқи моддаи 49-и Конститутсия аз синни 30-солагӣ метавонад номзадиашро барои вакилӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузорад. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок бевосита ва бавосита дар интихобот ҳуқуқи баробар дошта, аз синни 18-солагӣ номзадиашонро ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилоят, шаҳру ноҳия ва вакилии ҷамоати шаҳрак ва деҳот пешниҳод карда метавонанд.
Интихоботи вакилон ба тариқи пинҳонӣ сурат гирифта, ҳар шахс як овоз дорад ва ҳеҷ кас ҳуқуқи дахолат намуданро ба интихобкунандагон надорад.
Пешвои миллат дар Паём вобаста ба ин чорабинии сиёсӣ аз ҳодисаҳои нангин, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар оғози солҳои истиқлолият ёдовар шуда, таъкид карданд, ки нооромиву бесарусомониҳо, ба гурӯҳҳои ба ҳам муқобил ҷудо шудани шаҳрвандони кишвар аз интихоботи президентии соли 1991 оғоз шуда, оқибат ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оварда расонид. Дар ин замина Пешвои муаззами миллат таъкид ба амал оварданд, ки: “Интихобот ҳамчун маъракаи муҳими сиёсӣ аз ҳар як шаҳрванди кишвар ба хотири рушду ободии фардои мамлакат ва осоиши наслҳои оянда фарҳанги баланди сиёсӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносиро тақозо мекунад”.
Ин суханҳои Сарвари давлат моро водор месозад, ки дар интихоботи навбатӣ фаъолона ширкат варзида, бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ барои интихоби номзадҳоиарзанда ва сазовор ба вакилӣ саҳмгузор бошем ва дар вазъияти тезутунди ҷаҳони муосир ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, манфиатҳои миллию давлатиро аз манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ, маҳаллӣ, ҳизбӣ боло гузорем.
Хусусияти дигари Паёми имсола дар он зоҳир мегардад, ки Пешвои миллат ба масъалаҳои тозаву озода нигоҳ доштани мафкураи мардум, донистани таъриху фарҳанги миллӣ ва ҳифзи он, пешгирии терроризму экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, амалҳои коррупсионӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа бо диду назари нав баҳогузорӣ намуда, ба мақомоти дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Сарвари давлат таъкид доштанд, ки “амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодаанд, возеҳ нишон медиҳанд, ки терроризм имрӯзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст”. Ин суханҳои дурандешона ва нуқтасанҷонаи Президенти кишварро дар вазъияти муосир давлатҳои алоҳида, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд хуб дарк намоянд ва нисбати ин омилҳои номатлуб муборизаи якҷоя ва оштинопазир баранд.
Дар шароити муосир таъмини суботу амният, ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии давлат масъалаи аввалиндараҷа ба шумор меравад. Терроризми байналмиллалӣ ҳамчун душмани бераҳму шавқат, арзишҳои умумибашарӣ, фарҳаги миллии ҳалқу миллатҳо, ҳаёту саломатии одамонро зери хатари ҷиддӣ мегузорад.
Яке аз омилҳои ба амнияти ҷаҳонӣ халал воридкунанда рӯ ба афзоиш ниҳодани шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-ифротӣ маҳсуб меёбад, ки барои содиршавии амалҳои террористӣ мусоидат мекунад. Дар ин замина Пешвои миллат чунин ибрози андеша намуданд: “Созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияи муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд”.
Тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намудани ғояҳои динӣ-ифротӣ дар замони муосир масъалаи ташвишовар маҳсуб ёфта, мубаллиғони он бо ҳар гуна дурӯғу бӯҳтон нисбат ба давлату миллати тоҷик мехоҳанд нақшаҳои нопок ва ноҷавонмардонаи худро амалӣ гардонанд. Дар ин маврид мо бояд дар тарбияи насли ҷавону ояндасоз, зираку ҳушёр, таҳаммулпазир ва бо донишҳои муосир мусаллаҳ камари ҳиммат бандем.
Дар самти сиёсати хориҷии мамлакат Пешвои миллат зикр намуданд, ки “Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари пешбарандаи сиёсати сулҳҷӯёнаву созанда эътироф гардида, эътибор пайдо намудааст”. Пешвои миллат, рушду тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва таъмину таҳкими амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказиро ҳамчун яке аз рукнҳои бунёдии сиёсати хориҷии давлати мо арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки “амнияту суботи минтақаи мо, қабл аз ҳама бо вазъи Афғонистон вобастагӣ дорад ва идомаи муноқишаву низоъ дар Афғонистон метавонад ҳам барои ин кишвар ва ҳам барои минтақа оқибатҳои манфии дарозмуддатро ба бор орад”.
Сарвари давлат ишора намуданд, ки дар ин кишвари ба дӯсту ҳамсоя таи чил сол аст, ки ҷангу хунрезӣ, амалҳои террористӣ идома дошта, роҳи ҳаллу фасли ин мушкилӣ на бо роҳи низомӣ, балки танҳо ба воситаи фишангҳои сиёсиву дипломатӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мебошад.
Дар Паём таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои Афғонистон ва дигар мушкилоти глобалии ҷаҳон дар сафи пеш қарор дошта, Душанбе ба маркази баррасии масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ, минтақавӣ табдил ёфтааст.
Сарвари давлат ишора намуданд, ки ҳадаф аз стратегияву барномаҳои қабулшуда ва вазифаҳое, ки дар паёми навбатӣ мушаххас гардиданд, пеш аз ҳама таъмини пешрафти иқтисодиёт, ободии Ватан ва муҳимтар аз ҳама баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми Тоҷикистон мебошад.
Амалӣ намудани ин нақшаҳои наҷибу созанда аз ҳар як сокини Тоҷикистон масъулияти баланд, ҳисси ватандӯстиро баҳри шукуфоӣ ва пешрафту ободии Ватани азизамон тақозо менамояд.
Аз ин рӯ, ҳар яки мо вазифадор ҳастем, ки мазмун ва мӯҳтавои Паёми Пешвои миллатро амиқ омӯзем, таҳлил намоем ва онро чун барнома, роҳнамои кору фаъолияти худ қарор дода, дар тадбиқи амалии дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ки аз Паём бармеоянд, ҳиссагузор бошем.
Иброҳим Ҷабборов, декани факултети таърих ва ҳуқуқи
Донишгоҳи давлатии Хуҷандба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Шавкат Шарифов, дотсенти кафедраи таърихи Ватан ва археологияи
Донишгоҳи давлатии Хуҷандба номи академик Бобоҷон Ғафуров