Омӯзиши илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва техника – талаботи замон
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санади сарнавиштсоз ба шумор рафта, роҳу усулҳои даст ёфтан ба ҳадафҳои стратегӣ - таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар, ва дар ин замина, дурнамои рушди устувори сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро ҳамвор ва муайян месозад. Ба ибораи дигар, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як навъ хулосабардорӣ аз фаъолияти давлату ҳукумати кишвар ва дастовардҳои мардуми шарифи меҳан дар як соли охир буда, барномаи тараққиёти соҳаҳои хоҷагии халқ барои соли 2020 арзёбӣ гашта, вазифа, мақсад ва мароми рушди босуръати кишварро дақиқан ва амиқан муайяну мушаххас месозад.
Дар Паёми солона Пешвои миллат ба соҳаи илму маорифи кишвар бештар аз пештар таваҷҷуҳ намуда, доир ба ғамхориҳои пайвастаи давлат ва ҳукумати кишвар ба ин соҳа сухан карданд ва арз доштанд, ки роҳбарону кормандони соҳаи маориф дар баробари чунин дастгириҳо сатҳу сифати таълимро дар муассисаҳои таълимӣ баланд бардоранд. Дар ин раванд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди фанҳои дақиқ, омӯзишитехнологияҳои муосир ва таҷҳизонидани озмоишгоҳҳои таълимию илмӣ дар муассисаҳои таълимӣ диққати махсус зоҳир намуданд, зеро пешрафти босуръати илму техника ва раванди рӯзафзуни ҷаҳонишавӣ дар ҷомеаи муосир дигаргуниҳои назаррасро ба вуҷуд оварда, аз муассисаҳои таълимӣ тақозо менамояд, ки ҷиҳати омӯзиши он талоши бештар намоянд. Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат таъкид доштанд, ки масъулин “назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд”.
Бо назардошти ин амр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки “ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шаванд”.
Дар ин самт, Пешвои муаззами миллат дар баробари тақвият бахшидан ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, мутолиаи китобҳои бадеиро муҳим арзёбӣ намуданд. Мусаллам аст, ки бо ин пешниҳод Президенти кишвар дар баробари баланд бардоштани дониши назариявии ҷавонон ба ҷанбаи гуманистии онҳо аз ҷумла, дӯст доштани оила, Ватан, падару модар, эҳтироми устод ва умуман инсон талқин месозанд. Воқеан ин дастуроти Пешвои миллат саривақтӣ ва муҳим мебошад, зеро муҳимтарин рисолати ҳар як шаҳрванди кишвар дар ҷомеаи муосир ин ҳимояти арзишҳои миллист. Ба нигоҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бояд гузаштаи худро донад, худшиносу меҳнапараст бошад, то он ки ба мероси пурғановати ниёгони хеш ба таври шоиста баҳо дода, ҷиҳати ҳифзи арзишҳои миллӣ талоши бештар намояд.Таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба китоб, ки сарчашмаи саодати инсон аст, инсонро ба тафаккуру андеша водор мекунад ва миллате ки соҳибтафаккур аст ҳаргиз ба падидаҳои манфури ҷомеа гароиш намекунад ва ба умри ҳастии хеш умри ҷовидона мебахашад. Баргузории Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” намунаи олии таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба маънавияти ҷомеа ба шумор рафта, ба ҳукми анъана даромадани он марҳалаи наверо дар роҳи худшиносии миллӣ ва ғанӣ гардидани маънавиёти шаҳрвандон бозгӯ менамояд.
Дар ин раванд, ҳадяи китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров ба ҳар як хонавода баёнгари эҳтиром ба миллат, фарзандони фарзонаи миллат мебошад.
Раванди ислоҳоти соҳаи маориф ва густариш пайдо кардани усулҳои нави таълим дар макотиби олии кишвар як падидаи тоза дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба шумор меравад, ки имрӯз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар қатори дигар муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат афзалиятҳои бештареро дар ин самт касб кардааст. Бояд гуфт, ки дар замони муосир яке аз вазифаҳои муҳими муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвардар баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ва ба ин восита, омода намудани мутахассисони ҷавониҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ба ҳисоб меравад.
Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, махсусан омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ роҳу усулҳои муосирро ҷустуҷӯ ва дар раванди таълим онро татбиқ намуда истодааст. Раёсати донишгоҳ баҳри таъмини озмоишгоҳҳои таълимию илмӣ бо таҷҳизоти замонавӣ дар шаш факултети равияҳои дақиқ зиёда аз даҳ озмоишгоҳи таълимӣ - илмӣ таъсис ва мавриди истифода қарор додааст.
Дар соли таҳсили 2018-2019 барои бо таҷҳизоти замонавӣ маҷаҳҳазониданилабораторияҳои замонавӣ дар факултети физикаю техника лабораторияи электротехника, лабораторияи электроника, лабораторияи технологияҳои инновантсионӣ, лабораторияи механика,дар факултети биология – химия лабораторияи тиббӣ-клиникӣ, лабораторияи зоология ва физиологияи одаму ҳайвонот, дар факултети телекоммуникатсия ва технологияи иттилоотӣ лабораторияи системаҳои коммукатсионӣ,дар факултети молия ва иқтисоди бозор утоқи таълимии иқтисодиёти ҷаҳон, дар факултети педагогӣ лабораторияи инкишофи барвақтии кӯдак, дар факултетигеоэкологиялабораторияи ташхисгоҳи экологӣва дар факултети санъати тасвирӣ ва технология устохонаи кандакорӣ таъсис дода шудаанд.
Бояд қайд кард, ки дар самти илмҳои дақиқ пешравиҳои назаррас ба мушоҳида мерасанд. Агарчи дар соли 2017 3 нафар унвонҷӯи фанҳои дақиқ рисолаи номзадӣ дифоъ намуда бошанд, дар соли 2018ин теъдод ба 9 нафар расид. Яъне, аз 16%-и соли 2017 дар соли 2018 ба29% расонида шуд, ки 13% зиёд мебошад. Боиси қаноатмандист, ки дар соли 2019 як нафар устоди донишгоҳ рисолаи докториро дар самти илмҳои дақиқ дифоъ намуд.
Боиси тазаккур аст, китаваҷҷуҳи довталабони зинаи магистратура ва докторантураи PhD ба ихтисосҳои равияи фанҳои дақиқ ва тиббию риёзӣ бештар гардидааст, ки ин азбеҳтар гардиданивазъи таълими фанҳои дақиқ ва бештар гардидани базаи моддӣ-техникӣ, таъсиси лабораторияҳои замонавии тахассусӣ гувоҳӣ медиҳад.
Дар парки технологӣ дар асоси шартнома бо Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияи нави Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия то марҳалаи ҳисоботӣ 1 рисолаи докторӣдар мавзӯи “Хусусиятҳои электрофизикии дигаргунсозакҳои энергияи офтоб ва гармӣ дар асоси кремнии поликристалии дубора” ба миён омада, аз рӯйимавзӯъҳои “Коркарди технологияҳои инноватсионии ҳосил кардани энергияи гармӣ ва электрикӣ бо истифодаи нури офтоб ва маводҳои таркибии махсус»ва “Рушди соҳаи энергетикаи барқии офтобӣ дар Тоҷикистони Шимолӣ” 2 нафар докторант тадқиқот бурда истодаанд.
Таҷдид ва бо техникаю технологияҳои нави муосир муҷаҳҳаз намудани лабораторияи механикаи кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахти факултети физика ва техника, инчунин фароҳам сохтани шароити мусоид барои баланд бардоштани сатҳи маърифат ва таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудан ба рушди фанҳои дақиқ аз дастури супоришҳои Пешвои муаззами миллат маншаъ мегирад.
Дар ин радиф, метавон аз дастовардҳои назарраси донишҷӯёни факултети физика ва техникаи донишгоҳ дар соли ҷорӣ истиқбол намуд. Масалан, дар Олимпиадаи байналхалқии Донишгоҳии муштараки илмҳои математикии Ҷумҳуриҳои Белорусияву Русия, ки дар шаҳри Могилёви Ҷумҳурии Белорусия аз рӯйи ихтисоси математика доир гардид, аспиранти соли сеюми факултети математика - Достонҷон Баротов ҷойи дуюмро касб намуд. Ҳамчунин, донишҷӯён донишгоҳ дар олимпиадаи “Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ширкати муваффақона дошта, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Аз ҷумла, донишҷӯи курси дуюми ихтисоси физика Умарова Гулбаҳор аз фанни астрономия сазовори ҷои сеюм, донишҷӯи курси сеюм Шодиев Шоҳмурод аз фанни физика сазовори ҷои дуюм шуданд. Ҳамчунин Шодиев Шоҳмурод дар олимпиадаи донишҷӯёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фанни физика иштирок намуда, сазовори ҷои дуюм гардид.
Донишҷӯи соли сеюми факултети физикаю техника Шоҳмурод Шодиев ба гирифтани Стипендияи Президентӣ, докторант Фирӯза Мирзоқобилова, магистрант Алишер Бердимурадов ва донишҷӯ Умед Дилшодзода ба гирифтани стипендияи Раиси вилоят шарафёб гардиданд.
Ихтироъкорӣ ва навоварӣ дар донишгоҳ хеле назаррас буда, устодони мо соҳиби зиёда аз 40 патент мебошанд. Дар ҳамин замина, метавон таъкид дошт, ки Академики Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Масаид Шерматов, узви вобастаи ҳамин Академия дотсент Мамадҷон Маҳмудов, дотсентон Саидқаҳҳор Ёқубов, Рустаҷон Валиев ва дигар устодону донишҷӯён дар ихтироъкориву навовариҳои соҳаҳои физика ва техника ба натиҷаҳои баланд ноил гардидаанд.
Мо бояд баҳри иҷрои дастуру супоришҳо ва вазифаҳои дар ҷараёни Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвоимиллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгардида, хусусан, барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосир, сатҳи азхудкунии фанҳои дақиқ, омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ, баланд бардоштани маърифатнокии ҷавонон саъю талош намуда, ташаккули афкори эҷодиву созандаихалқ ва гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ неруи ақлониву ҷисмонии худро равона намуда, бо ин роҳ баҳри пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳиссаи муассир гузошта бошем.
Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло,
ректори МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров”, доктори илмҳои таърих, профессор