Паём - Роҳнамои зиндагӣ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳуҷҷатест, ки ҷомеаи моро ба фардои нек роҳнамоӣ мекунад. Дар Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон дар пайванди мантиқӣ бо шароити ҷаҳони муосир мавриди таҳлил қарор гирифтанд. Агар ба муҳтавои Паёмнавбатӣ эътибор диҳем, мебинем, ки дар он ба ҳар як бахши ҳаёти ҷомеа қисмате ҷудо гардида, муҳимтарин самтҳои фаъолияти бахшҳобарои ояндаи наздик вазифагузорӣ шудаанд.
Дар Паёми имсола бисёр масъалаҳои муҳиму аввалиндараҷа аз кабили инкишофи минбаъдаи соҳаи саноат, кишоварзӣ, таъмини озуќавории мамлакат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, дастгирии соҳибкорӣ, соҳаи илму маориф, тандурустиву фарҳанг, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳимояи манфиатхои миллӣ, ҳифзи озодиву истиќлолияти кишвар, пешгирии ҷинояткории ноболиғон,мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм, тарбияи кадрҳо, боло бурдани фарҳанги ҷомеа, эҳёи ҳунарҳои мардумӣвазифагузорӣ карда шуд.
Аз нахустин рузҳои истиқлолият, муҳимтарин ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба се самт: таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳои аз бунбасти коммуникатсионӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ равонагардида буд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат дар ҷодаи муваффақ гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ – истиқлолияти энергетикӣ тадбирҳои мушаххас андешида истодааст. Бо мақсади рушди босуботи соҳаи энергетика дар доираи ин ҳадафҳо дар солҳои истиқлолият дар кишварамон иншоотҳои гидроэнергетикӣ ва монанди як қатор нерӯгоҳҳои хурду бузурги барқӣ, хатҳои интиқоли барқи баландшиддат ва зеристгоҳҳои барқии пуриқтидор сохта ба истифода дода шудаанд.Масъалаи муҳими дигар, ки дар Паём мавриди баррасӣ қарор гирифт, ин раҳоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад, зеро бидуни ҳалли ин масъала ба рушди босуботи иқтисодии мамлакат умед бастан мушкил аст. Бунёди инфрасохтори нақлиёт барои ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ва осон намудани содироти маҳсулоти ватанӣ ниҳоят муҳим мебошад. Имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 8,5 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст. Пешвои миллат зикр карданд, ки: «саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул кардем, зеро рушди саноат барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он замина мегузорад».Татбиқи иқдомҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амалисозии ислоҳот дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бахусус дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дастгирии бахши хусусӣ ва роҳандозӣ намудани тадбирҳои зарурӣ барои рушди соҳаҳои афзалиятнок дар ин давра самараи хуб дода, дар кишвар барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ фазои мусоид фароҳам овард.
Тарбияи хештаншиносӣ ва миллӣ дар ҳар як шаҳрванд сифатҳои баланди ахлоқӣ, инсондӯстӣ, озодандешӣ, ташаббускорӣ ва амсоли онро ташаккул медиҳад. Мақсаду вазифаи тарбияи миллӣ ташаккули инсони комил, соҳиби ватан, нангу номуси миллӣ, ифодагари симои зеҳниву маънавӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва арзишҳои дигари инсонӣ мебошад. Бахусус, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, ки воридшавии унсурҳои бегонаро ба фарҳанги миллӣ осон гардонидааст, рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат, хусусан, насли наврасу ҷавон зарур ва ҳатмӣ мебошад. Яке аз супоришҳои наљиби Пешвои миллат ин буд, ки «бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуровкитоби “Тоҷикон” – ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30 – солагии истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намояд». Аз ин суханон бармеояд, ки тарбия аз оила оѓозмеёбад. Ин ба он далолат мекунад, ки волидайн дартарбияи фарзандони худ диќќат дода, ба тарбияи ахлоқиву ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ бештар назари худро равона кунанд ва дар адои вазифаи хеш масъулият ҳис намоянд.
Дар умум бояд гуфт, ки Паёми навбатии Пешвои миллат чун паёмҳои пешин саросар ба беҳбудбахшии шароити зиндагӣ, вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд нигаронида шудааст.
Барои амалӣ сохтаниин нақшаҳо танҳо саъю талоши софдилона, ҳисси масъулият дар назди халқу Ватанва иқдому ташаббусҳои созанда моро ба ҳадафҳоимуайян намудаамон наздик мекунад. Мардуми шарифу сарбаланд, ватандӯсту ватанпарвар ва қавииродаву заҳматдӯстӣ кишварамон аз ӯҳдаи бартараф кардани ҳамаимушкилот ва иҷрои ҳама гунна амалҳои нек мебароянд, Ватани азизамонро боз ҳам ободу зебо ва пешрафта гардонида, барои зиндагии арзандаи ҳар фарди ҷомеа шароити мусоид фароҳам меоранд.
Бердишукуров А,
мудири кафераи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ