Паёми ояндасози Пешвои Миллат
Дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд.
Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26.12.2019, шаҳри Душанбе
Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукўҳу шаҳомати хоса, диди нав ва файзу баракати тоза ироа гардид.
Бояд таъкид намуд, ки тамоми мардуми Тоҷикистон Паёми навбатии Президенти кишварро бесаброна мунтазир буда, аз он умеду боварии калон доштанд. Барҳақ, бо боварии комил метавон гуфт, ки Паёми ояндасозу ҳадафманди Президенти мамлакат ҳамчун чароҒи дурахшон умед ва боварии халқу миллати тоҷикро ба сўи ояндаи неки кишвар боз ҳам мустаҳкаму нерўманд гардонид.
Дар Паёми навбатӣ Пешвои муаззами миллат бурду бохти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакатро дар соли сипаригашта ҳаллу баррасӣ намуда, тамоми самтҳои ояндаи рушди ҷомеаи кишварро муайян намуданд. Дар Паём ҳадафҳои стратегии дохиливу хориҷии кишвар дар солҳои наздик таҳлил ва баррасӣ карда шуданд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём вобаста ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир кулли мардуми кишвари моро ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ даъват намуда, таъкид доштанд:
Амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гeшаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодаанд, возеҳ нишон медиҳанд, ки терроризм имрeзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст.
Инсоният дар симои терроризми байналмилалӣ бо душмани бераҳму шафқат ва маккоре рe ба рe омадааст, ки тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ягон ваҳшоният рeй намегардонад.
Созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири uаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ uояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд.
Албатта ҳар як шаҳрванди кишвари азизу ҷоноҷонамонро зарур аст, ки ҳамеша ва дар ҳар ҳолат ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, бар зидди ҷараёнҳои тундрав муборизаи беамон баранд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки дар солҳои охир рушди бемайлони маорифу тандурустӣ, фарҳанг, илм, иҷтимоиёту иқтисодиёт ва дараҷаи некўаҳволии мардуми кишвар баръало ҳис карда мешавад.
Дар самти соҳаи маориф ва илми кишвар имрўз бо боварии комил метавон гуфт, ки пешравиҳои назаррас ва дастовардҳои бузурги соҳа дида мешаванд ва давра ба давра бо амалишавии лоиҳаҳои давлатӣ ин соҳа торафт ба куллӣ рушд меёбад.
Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди маорифи кишвар таъкид доштанд:
Соли ҷорӣ ба маблаuи 500 миллион сомонӣ 130 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 32 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода супорида шуд.
Аз ин шумора 32 муассиса бо қариб 10 ҳазор ҷойи нишаст аз ҳисоби соҳибкорону шаҳрвандони саховатпешаи кишвар ба маблаuи беш аз 122 миллион сомонӣ бунёд шуда, ҳиссаи онҳо дар сохтмон ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои соҳаи маориф ва дигар бахшҳо рeз ба рeз афзуда истодааст.
Соли 2020 сохтмони 181 муассисаи таҳсилоти умумӣ дар ҳаҷми 900 миллион сомонӣ бо муҳайё намудани 54 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.
То ҷашни 30 — солагии истиқлолияти давлатӣ 128 муассисаи томактабӣ ва 338 муассисаи таҳсилоти умумӣ бунёд гардида, дар маҷмeъ, 1332 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ тармиму таҷдид карда мешавад.
Илова бар ин, ҳоло бо саъю кeшиши соҳибкорон зиёда аз 400 муассисаи фарҳангӣ, 105 беморхонаву дармонгоҳ, 257 маркази саломатӣ ва 467 бунгоҳи тиббӣ бунёд ва таъмиру азнавсозӣ шуда истодааст.
Боиси хушнудист, ки ҳар сол музди меҳнати кормандони соҳаи бюҷетӣ, аз ҷумла маорифу илм низ зиёд карда мешаванд. Бо иқдоми неку одилона ва наҷиби Пешвои муаззами миллат аз 1-уми сентябри соли 2019 музди меҳнати кормандони соҳаи маорифу илм ва фарҳангу тандурустӣ ба ҳаҷми 15 фоиз зиёд карда мешавад. Ин иқдоми оқилонаву одилонаи Пешвои миллат саривақтӣ буда, тамоми маорифчиёни кишварро боз ҳам рўҳбаланд мегардонад ва аҳли маорифу илм боз ҳам бо нерўи дучанд ва азму иродаи қавӣ баҳри таълиму тарбияи насли навраси солиму ояндасози ҷомеа ва рушди соҳаи маориф софдилонаю содиқона талош меварзанд.
Асосгузору сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи хеш таъкид бар он намуданд, ки чор ҳадафи стратегии давлату миллат – расидан ба истиқлолияти энергетикии кишвар, таъмини амнияти озуқаворӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии кишвар дар солҳои наздик пурра иҷро мегардад.
Сарвари бедордили давлату миллат мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлолро бори дигар ба худогоҳию хештаншиносӣ, ифтихор аз ватандорию шукргузорӣ аз забону фарҳангу миллати куҳанбунёди хеш, тинҷию осоиштагии кишвари азиз ва гиромидошти арзишҳои миллию умумибашарӣ даъват намуда, иброз доштанд:
Мо миллати фарҳангӣ, тамаддунсоз ва аз насли ориёӣ буда, бояд ба таърихи гузаштаамон ҳарчи бештар рe оварем ва дар қалби фарзандонамон меҳри китобхонӣ ва ҷустуҷeи илму донишро ҷой кунем.
Ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ бо дарназардошти завқи наслҳои имрeза аз муҳимтарин вазифаҳои мо дар замони муосир ба ҳисоб меравад.
Бо пешниҳоди мо чанд рeз пеш Конфронси генералии ЮНЕСКО доир ба баргузории ҷашнҳои 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700 — солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ қарор қабул кард.
Ба оламиён муаррифӣ кардани осори илмиву адабӣ ва намунаҳои фарҳанги тоҷикон ҳамчун миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз, шаҳрсозу шаҳрдор ва соҳиби девону дафтар аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини мо ба ҳисоб меравад. Яъне мо бояд фарҳангӣ будани миллати худро ба ҷаҳониён бештар муаррифӣ намоем.
Гузашта аз ин Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон тамоми мардуми Тоҷикистонро ба он ҳидоят намудаанд, ки бо шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлату миллат ба Ватани азизи худ содиқ бошанд, Ватанро дўст доранд ва баҳри ободиву шукуфонии он софдилона меҳнат намоянд ва музаффариятҳои Истиқлолиятро ҳифз намоянд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шарифи Тоҷикистон муроҷиат намуда, иброз доштанд, ки имрўз моро зарур аст, ки бояд ба хотири ободу зебо гардонидани кишвар ва некўаҳволии халқамон софдилона бо ҳисси баланди хештаншиносиву худогоҳӣ меҳнат намоем.
Ин дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як шахси ватандўсту худогоҳи халқу миллатро водор месозад, ки баҳри эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистон ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни пуршукӯҳи 30 – солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дасту дили гарм ва ниятҳои поку беғараз аз сидқи дил хидмат намуда, дар рушду нумуи босуръати халқу кишвар саҳми босазои худро гузоранд.
Аҳрорҷон Убайдуллоев, устоди кафедраи педагогикаи
умумии МДТ “ ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”,
Ваҳҳоҷахон Аҳрорзода, донишҷӯи соли дуюми
факултети забони англисӣ