​ПАЁМ: Сарчашмаи саодати маънавӣ ва худшиносии миллӣ

Тайи чанд соли охир Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар поёни моҳи декабр ва ҳамзамон яке аз рӯзҳои анҷоми солироа мегардад, ба таври барҷаста ва равшан ҳадафу мароми мардуми тоҷикро барои боз як соли дигар муқаррар менамояд.Паёми навбатии Пешвои миллат дар баробаришарҳу тафсири ҳамин ҳадафу рисолати бузурги мардуми тоҷик дар ростои як соли таърихии моро дар истиқбол қарор дошта ба таври возеҳ ва мустанад як марҳилаи таърихии ташаккули давлатдории миллии моро дар тамоми риштаҳои хоҷагии халқи мамлакат натиҷагирӣ ва бегумон вазифаҳои бузургро на танҳо барои соли оянда, балки даҳсолаҳои дигар муайян гардонид. Бегумон дар баробари ҳамаи Паёмҳои Пешвои миллат, Паёми навбатӣ як рисолати бузурги таърихиро таҷассум ва ба як марҳилаи нави тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо оғоз ниҳод, ки он дар вуҷуди хеш таҳаввулоти давлатдории миллии тоҷикон ва ҳифзи асолату ҳастии миллати тоҷикро барои садсолаҳои дигар таҷассум гардонид.

Таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба масъалаи коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва афзудани синни миёнаи умри инсон дар Тоҷикстон, ки он ба 75 расидаанд, худ шореҳи барҷастаи он аст, ки дар ҳақиқат дар дарозои ҳафт соли рафта ба амал пайвастани барномаҳои бузурги давлатӣ, ба марҳилаи бузурги таҳаввулоти хеш расидани се ҳадафи стратегии мамлакат ва эълони ҳадафи чаҳорум кишвари моро аз ҳар ҷиҳат ба пешрафтҳои назаррас ноил гардонида, нуфуз ва эътибори Тоҷикистонро дар миқёси кишварҳои олам хеле боло бурд. Аз ин нуқтаи назар ба мушоҳида мерасад, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатии хеш таъмини рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакатро дар робита авлалияти бештар ба нуфузи мақоми Тоҷикистон дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ шарҳу тафсир намуда, беҳтарин роҳҳои муаррифии дастовардҳои кишварро дар саросари олам муқаррар сохтанд. Таваҷҷуҳи бештари ниҳодҳои давлатӣ, соҳибкорону дигар ташкилоту корхонаҳо ба афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти миллӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ, додани имтиёзҳо ба соҳибкорони хориҷие, ки хостори сармоягузорӣ ба иқтисодиёти миллӣ ҳастанд, инчунин содда гардонидани имкониятҳои додани раводид ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки айни замон дар хориҷа кору фаъолият доранд, вусъати барномаҳо дар самти муаррифии имкониятҳои рушди сайёҳӣ, таҳқиқи мероси маънавӣ ва маконҳои таърихиву фарҳангии Тоҷикистон ва муаррифии онҳо дар расонаҳои ахбори умуми кишварҳои дигар ҳамагӣ тадбирҳои бузурге маҳсуб мешаванд, ки дар оянда тавассути амалӣ шудани онҳо мақом ва эътибори кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари дорои чунин имкониятҳои бузург боз ҳам боло хоҳад рафт.

Барои мо омӯзгорону устодон сармояи ифтихор ва сарфарозист, ки ҳамасола дар Паёми Пешвои миллат ба масъалаи рушди соҳаи маориф ва боло бурдани дастоварду нишондодҳои он бо мақсади расидан ба меъёрҳои ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Имсол низ Пешвои миллат бо камоли ихлосу иродат ва ғамхории пайваста нисбати соҳаи илму маориф изҳор доштанд, ки “Дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд”.

Пешвои миллат дар заминаи шарҳу тавзеҳи муҳимтарин барномаҳои давлатии марбут ба дастгирии низоми маорифи Тоҷикистон, ки ба афзуданибунёди мактабҳои замонавӣдар тамоми кишвар, дастгирии ҳамаҷонибаи ташаббусҳои кормандони соҳа ва зиёд шудани ҳаҷми маблағгузорӣ марбутанд, дар назди роҳбарияти муассисаҳои соза маориф новобаста аз зинаҳои таҳсилот ва шакли моликият барои боло бурдани сатҳу сифати таълим вазифаҳои мушаххас гузоштанд.Ҳамзамон таъкид доштанд, ки “ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шаванд”. Ин барномаи бузургу оянданигарона низ масъулияти бузурге дар назди тамоми кормандони соҳаи маориф хоҳад буд, зеро дартатбиқи босамари ин барномаи бузург имконияти рушду тавсеаи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат қарор дорад, чун пешрафти истеҳсолот, саноатикунонии мамлакат, таҳкими истиқлолияти энергетикӣ ва ташаккули фарҳанги шаҳоофарӣ, рушди меъмории миллӣ ва татбиқи унсурҳои ҷаҳонии сохтмон маҳз ба тарбияи мутахассисони ҷавобгӯ ба замони муосир марбут аст.

Паёми навбатии Пешвои миллатро бо итминони комил метавон дастур, оина ва раҳнамои воқеаии худшиносии миллӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон унвон кард, зеро дар он Пешвои миллат ба таври воқеӣ ба муҳимтарин рукнҳои худшиносии миллӣ- чун забон ва гиромидошти он, мутолеаи китоб ва фарҳанги китобдориву китобхонии тоҷикон, шинохти манзалати таърихии миллати тоҷик, муаррифӣ ва тарғиби дастовардҳои фарҳанги миллӣ ва мероси ғании бузургони миллат, ки саршори ғояҳои худшиносии миллӣ ба шумор мераванд, шарҳу тафсир ёфта, дар ин замина барнома ва ҳадафҳои наҷибу бузург муқаррар гардиданд. Бар ин асос,Пешвои миллат, бо ҳисси баланди худшиносии миллие, ки дар вуҷуди хеш ҳамеша зоҳир мекунанд ва он бояд барои ҳар нафар тоҷику тоҷикистонӣ оинаи ибрат бошад, изҳор доштанд, ки “Мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем”. Зеро боз ҳам ба таъбири Пешвои миллат, “Забон ойинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем...”

Дар муносибат ба забон, миллат, ташаккули худшиносии миллии ҷомеа Пешвои миллат чанд ҳадафи муҳимро мушаххас намуданд, ки бояд барои ҳар нафар фарди бедордил, худшинос ва миллатдӯстдастури раҳнамо ва чароғи ҳидоят дар самти фардоафрузӣ бошад. Даъвати Пешвои миллат ба масъалаи он ки “ҳар як фарди бедордил бояд барои ғанӣ гардидани забони модарӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ кӯшиш кунад, ба мутолиаи китоб диққати аввалиндараҷа диҳад ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош намояд”, худ бегумон баёнгари он аст, ки рисолати на танҳо аҳли зиё, балки тамоми мардуми ҷомеа, новобаста ба касбу кор, пеша ва самти фаъолият бояд пеш аз ҳама ба масъалаи гиромидошт ва ғанӣ гардонидани забон, мутолеаи китоб, баланд бардоштани маърифатнокӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ равона гардад. Дар ҳамин сурат мо метавонем наслҳои ҷавобгӯ ба низоми ҷомеаи имрӯзро тарбия намоем ва худ ҳам инсоне посухгӯ ба ниёзҳоиҷаҳони муосир бошем. Руҷуи бевоситаи Пешвои миллат ба ду масъала, яке ғанӣ гардонидани забони модарӣ ва мутолеаи китоб амри саривақтӣ ва қобили мулоҳиза аст. Воқеан, имрӯз дар гуфтор ва лаҳҷаҳои мухталифи мардуми Тоҷикистон калимаву таркиб ва ибораҳои фаровоне ҷой доранд, ки аксари онҳоро метавон дар матнҳои куҳани мо пайдо намуд, ки мутассифона бо гузашти замон аз муомилоти адабӣ берун шуда, дар гуфтугӯи мардумҳифз шудаанд. Воқеан, ҳифзу дубори ба муомилоти адабӣ ворид намудани онҳо дар осори адабиву бадеӣ аз ҷониби аҳли адаб, олимони донишмандон, таҳияи фарҳангномаву луғот бо назарошти ба эътибор гирифтани чунин калимот имконият медиҳад, ки воқеан ин вожаву таркибҳо дубора ба таркиби луғавии забони тоҷикӣ баргашта, аз ин роҳи забони шевои мо боз ҳам ғанӣ гарданд.

Албатта, иқдомҳои Пешвои миллат дар мавридидаъвати мардум ба мутолеаи китоб дар баробари бесобиқа будан, аллакай самараҳои матлубе ба бор овардаанд, ки натиҷаи он баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ” мебошад. Ҳамчун узви ҳакамоти даври савуми озмуни мазкур бо камоли ихлос изҳор медорам, ки дар ҳақиқи ин озмун барои афзудани шумораи зиёди хонандагон аз ҳисоби насли наврас гардидааст ва таваҷҷуҳи боз ҳам бештари Пешвои миллат ба ин масъала бори дигар Паёмро ҳамчун сарчашмаи таҳаввули маърифатнокии ҷомеа ва худшиносии миллӣ муаррифӣ менамояд. Дар баробари ин, ташаббуси Пешвои миллат дар мавриди нашр ва ба тамоми хонаводаҳои мардуми тоҷик дастрас намудани китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров, ки ба таъбирихуди Пешвои миллат, сарчашмаи худшиносии миллии мо тоҷикон маҳсуб мешавад, иқдоми беназирест, ки метавонад барои боло рафтани худогоҳии маънавӣ, маърифатнокии мардуми тоҷик дар сатҳи матлуб таъсиргузор бошад. Ин дувумин иқдоми наҷиби Пешвои миллат дар амри таъмини тамоми оилаҳои тоҷикон бо китобҳои бузург ба шумор меравад, зеро мо ҳамагон шоҳидем, кичанд сол қабл китоби муқаддаси Қуръон тавассути иқдоми бевоситаи Пешвои муаззами миллат бо тарҷумаи тоҷикӣ нашр ва ба тамоми мардуми кишвар дастрас гардид. Дар марҳилаи то 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастас шудани китоби “Тоҷикон” дар баробари туҳфаи беҳтарини Пешвои миллат ба мардуми Тоҷикистон будан, марҳилаи нави худшиносии миллиро дар ҷомеаи мо оғоз мебахшад, то мо ба қадри ин истиқлолияти бузург, неъмати бебаҳои таърих, давлатдории миллии тоҷикон, ки бо гузашти ҳазорсолаҳо дубора ба мо насиб гардид, бирасем ва онро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намуда, ба наслҳои фардо интиқол диҳем, то марҳила ба марҳила умри дарози истиқлол ва абадияти ин дастоварди беназири таърихиро таъмин намоем.

Бо камоли итминон изҳор медорам, ки Паёми навбатии Пешвои миллат сарчашмаи муҳими шурӯи марҳилаи нави саодати маънавии миллати тоҷик ва худшиносиву худогоҳии миллии мо ба шумор меравад, зеро муҳимтарин барномаҳои бузурге дар он тарҳрезӣ ва барои амал таҳия гардиданд, ки иҷрои онҳо дар баробари рисолати бузургро аз ҳар як фарди бедордили тоҷик тақозо намуда, имконият медиҳанд, ки мо бо амалкарди хеш тибқи ин дастур ва номаи ҳидоят ба фардо умри абади истиқлолияти милливу маънавии хешро таъмин ва роҳи садсолаҳои пур акз ибтикори Тоҷикистони азизро ба рӯи хеш боз ва дар ин ҷода қадамҳои устувор гузорем.

Нуралӣ Нурзод, номзади илмҳои филологӣ,

муовини директори институти илмҳои ҷомеашиносии ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ