​Инъикоси тараққиёти Тоҷикистон дар Паёми Пешвои Миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2019 дар толори калони “Кохи Сомон”-и Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид. Яке аз хусусиятҳои Паёми охирини Пешвои миллат хусусияти ҳисоботи доштани он мебошад. Чунончӣ, зимни ироаи паём Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 2013 ба мансаби президенти Тоҷикистон интихоб шуда буданд, оид ба иҷроиши барномаи 7-солаи худ маълумот доданд.

Дар паём қайд карда шуд, ки дар соли сипаришудаистода маҷмўи маҳсулотҳои дохилии кишвар 7,5% афзоиш намудааст. Барои муқоиса маҷмўи маҳсулоти дохилаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо дар солҳои охир ба ҳисоби миёна 2-3% афзоиш намуда истодааст. Агар ба динамикаи рушди иқтисодии Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият нигарем, маълум аст, ки баъд аз мушкилиҳои солҳои аввали истиқлолият, ки Ватани азизамон ба ҷанги бародаркуш дучор шуда буд, иқтисодиёт рў ба таназзул ниҳода, танҳо соли 1997 роҳи пастравии иқтисодӣ гирифта шуда буд. Дар солҳои 2000-ум ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии бевоситаи Пешвои милла Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки афзоиши маҷмўи маҳсулоти дохиларо ба 7% расонад.

Ҳеҷ як кишвари ҷаҳон яку якбора ба сатҳи мутараққи нарасидааст. Мисол, Италия, ки Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба ин кишвар хисороти азими молӣ ва ҷонӣ ба бор овардааст, баъд аз ба охиррасии он ба мушкилиҳои шадиди хоҷагидорӣ рў ба рў шудааст. Дар солҳои 50-уми асри XX бо сабаби паст будани сатҳи зиндагӣ ҳар сол 300 ҳ. нафар итолиёвиҳо кишвари худро тарк мекарданд. Дар ҳоле, ки дар ҳамин давра иқтисодиёти Италия низ ҳар сол 7-8% рушд менамуд. Яъне дар 10 сол шумораи ҳиҷрат намудагони Италия 3 млн. нафарро ташкил намудааст. Лекин имрўз бо шарофати сиёсати дурандешонаи сиёсатмадорони худ Италия яке аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон маҳсуб ёфта, сатҳи зиндагии аҳолии он яке аз баландтаринҳо байни кишварҳои мутараққии ҷаҳон маҳсуб меёбад.

Ҳамватанони мо низ дар солҳои 90-ум ва 2000-ум барои кор пеш аз ҳама ба Русия мерафтанд. Чӣ тавре ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ иброз намуданд «Шумораи аз ҳама зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ 1 миллиону 100 ҳазор нафар ба соли 2010 рост меояд. Соли ҷорӣ ин рақам 486 ҳазор нафарро ташкил медиҳад». Яъне дар давоми 9 сол шумораи муҳоҷирони меҳнатии мо беш аз 55% коҳиш ёфтааст.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём иброз намуданд, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар давоми 7 соли охир аз 45,6 миллиард сомонӣ ба 78 миллиард сомонӣ расидааст. Бо мақсади нигоҳ доштани рушди босуръати иқтисодии кишвар ба Ҳукумат супориш дода шуд, ки соли 2020 ҷиҳати ба 87,4 миллиард сомонӣ расонидани ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бо суръати афзоиши он дар сатҳи 7,8 фоиз ва дар ҳаҷми 26 миллиард сомонӣ таъмин кардани қисми даромади буҷет чораҳои зарурӣ андешида шавад.

Боварии комил дорем, ки бо шарофати сиёсати харадмандонаи Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои оянда низ суръати баланди рушди иқтисодии Тоҷикистон нигоҳ дошта шуда, дар ин асно шумораи муҳоҷирони мо боз ҳам коҳиш ёфта, сатҳи зиндагии мардум ба дараҷаи боз ҳам баланд мебарояд.

Муаллими калони кафедраи таърихи умумӣ Фаррух Ҳусенов

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ