Паём - дурнамоӣ илми риёзӣ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ муҳимтарин ҷанбаҳои ҳаёти давлати тоҷиконро дар соли 2019, бо муқоиса дар ҳафт соли охир баррасӣ карданд. Мароми созандагии давлати тоҷиконро то соли 2030 тарҳрезӣ намуданд.
Чун ҳамеша, меҳвари асосии Паёми имсола низ — давра ба давра боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардум эълом гардидааст. Баланд бардоштани музди нафақаи маъюбон, дигар намуди нафақаҳо, кормандони соҳаи буҷети ин ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум таъсири мусбӣ мерасонад. Ин шаҳодати он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои муҳайё намудани шароити хуби зиндагии мардум кўшиш ба харҷ дода истодаанд.
Дигар самти асосие, ки дар Паёми имсола ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истода гузаштанд, ин то 30 – солагии ҷашни Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар оила дастрас кардани китоби «Тоҷикон» -и Бобоҷон Ғафуров иқдоми нек аст. Шахс бояд таърихи худро хуб донад. Бо мутолиаи ин китоб мардуми тоҷик метавонад, бо таърихи ниёгони худ аз наздик шинос шавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятнок шуморида омўзгорро дар сафи пеши ҷомеа мегузоранд. Дар ин Паём низ дар бораи роли омўзгорон дар таълиму тарбияи насли наврас баҳои баланд дода шуд. Бузургон муносибати сабабии «шавад тира аз бехирад рӯзгорро» дар шарти «агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор» дидаанд. Дар ифодаи «кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ», албатта, дараҷаи баланди дониш, тахассусмандӣ, маданияти воло, тавони маърифатнок кардан ва санъати ниҳоят мушкил ва пурмасъулияти аз одам “инсон – шахсиятсозӣ» аст. Маҳсули кори мактаб он аст, ки парвардаи ӯ омода бошад манфиати рушд ва амнияти Ватанро дар қавлу амал ҳимоят кунад. Идома додани ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсил, ҷорӣ кардани усулҳои фаъоли таълим ва додани эътибори аввалиндараҷа ба сатҳу сифати он, ки дар Паём таъкид шудааст, аз мақсадҳои амалии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гаштаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ нисбати фанҳои дақиқ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда чунин қайд карданд: “Инчунин, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Вобаста ба ин, пешниҳод менамоям, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шаванд.
Вазорати маориф ва илм, Академияи илмҳо ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, вазифадор карда мешаванд, ки нақшаи чорабиниҳоро доир ба ин масъала дар муҳлати се моҳ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Инчунин, пешниҳод менамоям, ки ҳамасола олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявиро оид ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баргузор намуда, ғолибони озмунҳо аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз лиҳози моддиву маънавӣ қадрдонӣ ва ҳавасманд гардонида шаванд.”.
Мо омўзгорон нисбати таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бетараф набуда ҳаракат меамоем, ки кадрҳои босифат ва ба талаботи ҷомеа ҷавобгу тайёр намоем.Барои ин моро зарур аст, ки дар вақтҳои наздик оид ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” нақша чорабиниҳо таҳия намуда дар асоси он фаъолият барем. Барои ин дар факултет ҳамаи шароитҳо муҳайё аст. Соли 2019барои факултети математикаи МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” соли хело пурбарор буд. Дар ин соли донишҷўи курси чоруми ихтисоси математикаи амалӣ(ҳоло курси панҷум)Пулотов Фирдавс Ҳомидҷонович дар озмуни Ҷоми Академияи фанҳои ҷумҳурии Тоҷикистон аз фанни математика иштирок карда сазовори Ҷоми Академия гардид. Инчунин дар олимпиадаи донишҷўёни мактабҳои олӣ аз фанни математика иштирок карда сазовори ҷои дуюм гардид. Қайд кардан зарур аст, ки якчанд донишҷўёни болаёқати факултет Пулотов Ф.Ҳ. – литсей барои хонандагони болаёқат дар ш. Хуҷанд, Хомидов Қ. – литсейи рақами яки н.Ҷ.Расулов, Ҳотамов Х. - дар мактаби Президентии ш.Бустонбо хонандагони болаёқат машғул шуда ба олимпиадаҳои ҷумҳури ва берун аз тайёр карда истодаанд. Инчунин дар назар аст, ки аз тарафи дотсенти кафедраи МТМ ва ТИ Дадоҷонов Ё. як лоиҳаи буҷетӣ таҳия карда мешавад. Дар ҳақиқат ҷомеаи факултети математика дарк мекунад, ки таррақиёти давлатҳои муттарақи аз сатҳи баланди омўзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣвобаста аст. Дар ин ҷода мо кўшиш мекунем, ки сатҳи таълими фанни риёзиро дар сатҳи баланди илмӣ бардорем ва бештар донишҷўёнро ба соҳаи корҳои илмӣ – тадқиқотӣ ворид намоем. Дар факултет чунин имкониятҳо мавҷуд аст.
Ҷомеаи факултети математика