Паём - сарчашмаи рушду суботи Тоҷикистон
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакатро фаро гирифта, раҳнамои халқ аст. Дар Паёми имсола Пешвои миллат таъкид доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худроба самти ноил шудан ба ҳадафҳои дар стратегияи миллии рушд пешбинишуда равона карда, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумро тавассути ҳалли масъалаҳои пешрафти устувори иқтисодӣ, тақвияти неруи инсонӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, тавсияи иқтидори содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахши хусусӣ ва беҳбудии вазъи бозори меҳнат ҳадафи олии худ эълон намудааст. Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашмаи рушду суботи бемайлони Тоҷикистони азиз мебошад, ки бори дигар иқдомҳои созандагию бунёдкории кишвари маҳбуб ва халқи азизи Тоҷикистонро исбот намуд.
Пешвои муаззами миллат бо мақсади тақвият бахшидан ба фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ солҳои 2020-2040-ро “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намуданд. Ин иқдом мо, устодонро водор месозад, ки барои боз ҳам дар сатҳи баланд таёр намудани муттахассисони ҷавобгӯ ба шароити муосир кӯшиш ба харҷ диҳем.
Корҳои давоми Истиқлолият дар соҳаи маориф ва илм ба сомон расонидашударо қайд намуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонтаъкид доштанд, ки то ҷашни 30 — солагии истиқлолияти давлатӣ 128 муассисаи томактабӣ ва 338 муассисаи таҳсилоти умумӣ бунёд гардида, дар маҷмӯъ, 1332 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ тармиму таҷдид карда мешавад. Ин аз нигоҳи дурандешонаи сарвари давлат оид ба тақдири ояндаи кишвари азизамон дарак медиҳад.
Пешвои миллат дар ҳар Паёми худ аз устодону омӯзгорон ва падару модарон даъват менамоянд, ки диққати наврасон ва хонандагону донишҷӯёнро барои аз бар намудани донишҳои муосир ҷалб намоянд, забонҳои хориҷӣ ва омӯзиши технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро ба роҳ монданд, ба касбомӯзии онҳо эътибори ҷиддӣ диҳанд. Ҷиҳати амалӣ сохтани дастуру супоришҳои дар Паёми навбатии Пешвои миллат кардашуда, дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, хосатан, факултети физикаю техникаи он фазои кории мусоид фароҳам оварда шуда, барои боло рафтани савияи донишу маърифатнокии донишҷӯён тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ карда мешавад ва ҳамзамон барои амалӣ гардонидани рукнҳои Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешида мешавад.
А. Усмонов,
муовини декан оид ба корҳои тарбиявии
факултети физикаю техника