Ҳидоят ба рушди устувори ҷомеа
Паёми имсолаи Пешвои миллат хусусияти инсонмеҳварӣ дорад. Дар он таъмини намудани шароити арзандаи зиндагӣбарои ҳар як тоҷикистонӣ дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Агар ба муҳтавои Паём эътибор диҳем, мебинем, ки дар он ба ҳар як бахшиҳаёти ҷомеа қисмате ҷудо гардида, муҳимтарин самтҳои фаъолияти бахш барои ояндаи наздик вазифагузорӣ шудаанд.
Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, дарвоқеъ фарогири ҳамаҷонибаи масоили илму маориф, тандурустию ҳифзи иҷтимоӣ, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон ва оила, фарҳангиву маданӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ ва амниятии кишвар мебошад.
Яке аз чунин масоили муҳими ҳаёти ҷомеа, ки дар Паём зикр гардид, рушди соҳаҳои илму маориф буд. Тавре Пешвои миллат зикр намуданд, давлату Ҳукумати Тоҷикистон пайваста ба соҳаи маориф эътиборӣ ҷиддӣ дода, бештари маблаѓҳои буҷа ба рушди ин соҳа нигаронида мешаванд.
Маориф соҳаест, ки ба ислоҳоти мунтазам ва бефосила ниёз дорад, зеро ба илму дониш, пайваста рушд меёбал, аз ин рў, бо иқдоми Пешвои миллат соҳаи маориф пайваста дар инкишоф аст. Дар зарфи наздик си соли Истиқлолият дар кишвари мо барои рушди соҳаи маориф чораҳои зиёде андешида шудаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро самти афзалиятнок ҳисоб намуда, ба заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша арзёбӣ менамоянд ва онҳоро қувваи пешбаранда ва таҳкимдиҳандаи давлат ва миллат меноманд. Ба ҳамин далел, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушду инкишофи бемайлони соҳаи маориф ва илм, сатҳу сифати донишандӯзии хонандагону донишҷӯён дар ҳама зинаҳои таҳсилот, сифати тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, унвондор ва ғамхорӣ нисбати муаллимон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.
Дар баробари чунин дастгириҳои давлату Ҳукумати Тоҷикистон аз ҳар як маорифчиёни ватандӯст сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардошта шуданашро талаб намуданд.
Ҳамчунин, аз маорифчиён ва падару модарон даъват ба миён оварданд, ки назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намуданро, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшандаро ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуданро зарур донистанд.
Вобаста ба ин дар қатори дигар пешниҳодҳо, ки дар Паёми навбати карда шуд ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шуд.
Сарвари давлат дар Паёми имсолаашон (26.12.2019с.) низ оиди корҳои зиёде, ки то ба имрўз барои пешрафти соҳаҳои илму маориф карда шудааст мулоҳизарониӣ намуда, чунин таъкид доштанд: “Дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд.”
Бо боварии том метавон гуфт, ки Паёми Президенти ҷумҳурӣ ҳамчун дастурамалмороба ояндаи дурахшон ҳидоятнамуда, ҳамзамон ҷиҳати амалӣ намудани корҳои созандагӣ дар ин самт аз мо азму ирода ва ташаббусҳоисозанда талаб менамояд.
Мо, устодон, кормандон ва донишҷўёни факултети физикаю техникаи боргоҳи куҳанбунёди илму маърифати МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Паёми имсолаи Пешвои миллатро Паёми ояндаи ободу осудаи Тоҷикистони соҳибистиқлол номида, тасмим гирифтаем, ки баҳри иҷрои дастуру супоришҳо ва вазифаҳоидар ҷараёни Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвоимиллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгардида ва, бахусус, барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, тайёр намудани мутахассисони ҷавобгўи талаботи замони муосир, баҳри диққати донишҷўён барои аз бар намудани донишҳои муосир, ба сатҳи азхудкунии фанҳои дақиқ, забони шево ва шоиронаитоҷикиро мисли модар ва ватани худ дўстоштанро таъкид намуда, ба омўзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ, ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии худ ва ҷавонон саъю талош намуда, дар руҳияи донишомўзиву меҳнатдўстӣ мустаҳкам кардани пояҳои ахлоқии ҷомеа, ташаккули афкори эҷодиву созандаихалқ ва гиромидошти арзишҳои фарҳанги милливу умумибашарӣ тарбия намудан тамоми неруи ақлониву ҷисмонии худро равона намуда, давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон - Тоҷикистонробароидар арсаи ҷаҳонӣ ба сатҳи кишвари ободу осудаи олам расиданаш, ҳиссаи арзандаи худро мегузорем.
Мўмин Шамсидинов дотсент, деканифакултети физикаю техника,
Маҳбуба Оқилова, муаллимаи кафедраи физикаи назариявӣ ва методикаи таълими он