​Ҳидояти Пешвои миллат ба китобхонӣ заминаест дар рушди оила, ҷомеа ва давлати маънавибунёди Тоҷикистон

(Таассурот аз Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Давлату миллате, ки рӯ ба илму маориф ва фарҳанг омардааст ба ташаккули маърифати зеҳнии мардум таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, баҳри болоравии сатҳу сифати дониш, дастгирии наврасони ихтирокор, ҳавасмандгардонии қишри зиёиёни ҷомеа, ва ба ин васила, дар пешрафти иқтисод, таҳкими шохаҳои ҳокимият, бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд, беҳтар шудани сатҳи зиндагӣ, пойдории сулҳу субот заминаи асосӣ гузошта, ба комёбиҳои назаррас ноил мегардад. Аз ин лиҳоз, илм ва маърифат, хосатан, рӯ овардан ба маънавиёти пурғановати ниёгон ба воситаи китоб ва китобхонӣ муҳимтарин ва заруртарин омил дар ҳаёти инсон шуморида шуда, ин иқдоми шоиста ҳар фардро ба зиндагии саодатманд ва фаъолияти арзишманд роҳнамо мебошад. Ба ибораи дигар, метавон гуфт, ки дар ҳама давру замон шукӯҳи хирад, илму маърифат боис он гардидаанд, ки ҷомеа рӯ ба рушд овардаааст, ва дар ин замина, беҳтарин ганҷинаҳои ақлонии башарият барои пешрафтҳои назаррас нақши муассир гузоштаанд.

Дастуру ҳидоятҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар собит сохт, ки Пешвои муаззами миллати мо сарвари маърифатпарвар, фарҳангдӯст ва роҳбалади ҳаёти осоиштаи мардум мебошанд. Зеро дар суханрониҳои худ нуктаҳои муҳимеро чун ҳадяи китоби аллома Бобоҷон Ғафуров ба ҳар як хонаводаи Тоҷикистон, таъсиси китобхонаҳо дар ташкилоту муассисаҳо ва бо ҳамин роҳ, рӯ овардани шаҳрвандони мамлакат ба хонишҳои асарҳои бадеӣ, таваҷҷуҳи бештари мақомоти давлативу муассисаҳои таълимӣ дар нашри китобҳои бадеӣ ва дар ин замина, ҳавасмандгардониву идома бахшидани озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” аз рӯи се самт: миёни тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва дар байни калонсолон аз тадбирҳои хушоянд ба ҳисоб мераванд.

Рӯоварӣ ба китобдориву китобхонӣ ба ҳар инсон тавоноӣ, боварӣ ба худ, умед ба оиянаи нек, сарвату саодат, обрӯю эътибор мебахшад. Маҳз тавассути донишандӯзӣ инсон дар ҳаёт аз бунбасти нокомӣ ва ноумедиву рӯафтодагӣ раҳоӣ ёфта, ҳарлаҳзаи ҳаёташро зебо мегардонад, ба некӣ ва накӯкорӣ рӯ оварда, аз падидаҳои манфури ҷомеа дурӣ ҷуста, баҳри расидан ба қуллаи муроди хеш ҷидду ҷаҳд менамояд. Дониш аст, ки инсонро аз ҳар гуна хатароти ҷомеаи мусоир дар эминӣ нигоҳ дошта, барояш дарҳои саодату комгорӣ ва некномиву хушрӯзиро боз менамояд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти ин масъала ба масъулони соҳа дастур доданд, ки назорати азхудкунии донишҳои замонавиро аз ҷониби насли наврас ва ояндасози ҷомеа пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодиашонро тақвият бахшанд ва ба таълиму тадриси фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Вобаста ба ин, пешниҳод намуданд, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шавад.

Бо дарки ин масоил ва ҷалби оммаи васеи мардум ба китобхонию донишандӯзӣ ва рушди ҳамаҷонибаи мамлакат Пешвои миллат баробари ҷидду ҷаҳди пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон соҳаи илм ва маорифро дар мадди аввал гузошта, дар таърихи начандон дури Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сатҳе боло бардоштанд, ки ҷавонону наврасон дар зинаҳои гуногуни таълиму тарбия: кӯдакистонҳо, мактабҳои маълумоти миёна ва донишгоҳҳо сабақ гиранд. Дар ин давра, дар заминаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бозгӯкунандаи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванд ба таҳсил мебошад, санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, аз қабили қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии касбӣ» ба тавсиб расиданд, ки фаъолияти ҳамаи зинаҳои таҳсилоти томактабӣ, мактабӣ ва донишгоҳҳои олии кишварро назорат ва ба танзим медарорад. Стратегия, Консепсия ва Барномаҳои дурамали Ҳукмати ҷумҳурӣ барои рушди илм ва соҳибилму соҳибмаърифат гардидани ҳар як фард нигаронида шудааст, ки сол аз сол нуфузи бештар пайдо менамояд.

Дар маҷмуъ, таваҷҷуҳ намудани Сарвари давлат ба китобхонӣ ва рушди илму маърифат дар замони муосири Тоҷикистон бозгӯи он аст, ки аз мардуми кишвар, махсусан, ҷавонони даврони истиқлол умедҳои калон доранд. Пешвои миллат ҷавононро ҳидоят менамоянд, то он ки онҳо аз таърихи гузаштаву имрӯзаи халқи тоҷик ва мутафаккирони барҷастаи он огоҳ ва аз мероси ғаноманди ниёгон бархурдор бошанд, шоҳасарҳои бузурги тарбиявию ахлоқии тоҷику форсро дар таҷрибаи ҳаётӣ ва кору фаъолият васеъ истифода намоянд ва барои рушди босуботи соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳангу маориф ва дигар соҳаҳои афзалияноки ҷомеа нақши пешбарандаву созгор гузоранд.

Фаридун Ҳодибоев – номзади илмҳои фалсафа,

сардори маркази иттиллоот ва таҳлили ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ