ҲХДТ - ҳимоятгари манфиатҳои мардум

Баргузории Анҷумани 13-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсии ҳизб ва аъзои он воқеаи муҳим мебошад. Иштирок дар кори Анҷуман ба сифати вакил аз шаҳри Хуҷанд бароям боиси ифтихор аст. Анҷуман, ки таҳти раёсати Пешвои муаззами ҳизб, Эмомалӣ Раҳмон гузашт, бори дигар собит намуд, ки ҲХДТ воқеан ҳизби мардумӣ буда, мақсаду мароми он хизмат кардан бар нафъи халқу Ватан аст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зода ва парвардаи даврони истиқлолият буда, тамоми дастовардҳои бузурги халқи тоҷик дар роҳи пойдор ва устувор намудани истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ ва ғоявӣ бо номи ин ҳизби ояндасоз, нуфузу обрӯи он пеш аз ҳама ва беш аз ҳама бо номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаи қаввӣ дорад.

ҲХДТ дар тӯли мавҷудияти чорякасраи худ ва фаъолияти густурдаю хизмати содиқона ба манфиати мардум рисолаташро бо шоистагӣ иҷро намуда ба як нерӯи тавонони созанда, роҳнамои ҷомеа, сарчашмаи афкору ғояҳои ояндасоз собит намуд.

Анҷумани ҳизб бори дигар муттаҳидӣ, ҳамҳадафу ҳаммаром будани аъзои онро бо мақсади муташаккилона роҳандозӣ намудани ҳадафу мақсад, вазифа ва ғояву ақидаҳои он дар роҳи бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ, ягона нишон дод. Ҳизби мо имрӯздар сафҳои худ беш аз 490 ҳазор нафарро муттаҳид месозад, ки аз ин шумора 235 ҳазор нафар ё 45 фоизро занон ташкил медиҳанд.

Комёбии ҲХДТ ҳамчун ҳизби сарвар ва раҳнамо маҳз да ҳамин сарвату дороии ҳизб, ганҷинаи тиллоии он – нерӯи бузурги зеҳниву ақлонии аъзои он мебошад. Дар сафи ҳизб намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа – зиёиён, олимону адибон, ҳуқуқшиносону иқтисоддонҳо, муҳандисон, коргарон, кишоварзон, соҳибкорон, собиқадорону шахсони обурӯманди кишвар ҷамъ омадаанд. Ин нерӯи бузург тавони онро дорад, ки бо қувваи бузурги зеҳниву ақлонӣ, ибрати шахсӣ, садоқат ба манфиатҳои халқу Ватан ҷомеаро ба самти дурусти тавсеаи ислоҳоти демократӣ, рушди устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, мустаҳкам шудани нуфузу обрӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар сатҳи байналхалқӣ сафарбар намояд.

Дар Анҷуман Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҲХДТ минбаъд низ барои муттаҳид намудани қувваҳои солиму созанда, нерӯи пешқадам ва тавонои ҷумҳурӣ, ватандӯстони асил, фарзандони бедордили миллат ба хотири ҳимоя ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ, нангу номуси миллӣ, таъмини ягонагию якпорчагии Тоҷикистон, тамомияти арзии кишвар, сулҳу субот дар ҷомеа, ваҳдати миллӣ, ҷомеаи аз ҷиҳати иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ мутараққӣ, ҳимояи манфиатҳои тамоми мардуми кишвар ва таъмини мақоми шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ бояд хизмат намояд ва ҳадафи асосии ҳар як аъзои ҳизб бошад.

Роҳбари ҳизб дар Анҷуман таъкид намуданд, ки дар шароити кунунӣ яке аз вазифаҳо ва ҳадафҳои асосии ҲХДТ ҳамчун нерӯи ояндасоз вусъат бахшидан ба раванди ислоҳот дар тамоми самтҳои ҳаёти кишвар, таъмини рушди иқтисоди миллӣ, бунёди корхонаҳои азими саноатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва муҳимтар аз ҳама баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад.

Дар Анҷуман оид ба таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, тақвияти асосҳои давлати ҳуқуқбунёд, такмили минбаъдаи қонунгузорӣ, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, пешгирии ғояҳои бегона ва ифротгаро дар байни ҷавонон таъкид гардид.

Анҷумани 13-уми ҲХДТ дар арафаи чорабиниҳои муҳими сиёсӣ дар мамлакат баргузор гашта, платформаи ҳизбро дар робита ба он таҳия ва муайян намуд. Дар Анҷуман пешбарии номзадҳо ба вакилӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз ҳисоби аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баррасӣ гардида, 28 нафар номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардиданд, аз ин шумора 14 нафар занон мебошанд. Ҳамчунинбарномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, ки муҳимтарин самтҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар солҳои 2020-2025-ро дар бар мегирад, тасдиқ карда шуд ва Ситоди марказии интихоботии ҳизб таъсис дода шуд.

Анҷумани 13-уми ҲХДТ рӯйдоди муҳим дар ҳаёти ҳизб ва ҳар як аъзои он буда, бори дигар собит намуд, ки ҳизби мо як қувваи бузурги сиёсӣ, ҳизби роҳбару роҳнамо бо сарварии Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон киштии бузурги озодӣ ва истиқлоли Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба соҳили мурод, баҳри расидан ба ормонҳои азалии мардуми мо, бунёди Ватани озод, обод, шукуфо, мутамаддин ва мутарақӣ муваффақона роҳнамоӣ менамояд.

Ҷамшед ҶӮРАЗОДА, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, доктори илмҳои таърих, профессор

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ