Таъмини амнияти миллӣ ва омилҳои рушди босуботи иқтисодиётдар кишвар

Бо шарофати иқдомҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амали созии ислоҳот дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бахусус дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дастгирии бахши хусусӣ барои рушди соҳаҳои афзалиятнок дар ин давра самараи хубдода, дар кишвар барои таъмини рушди устувори иқтисодии ҷомеа фазои мусоид фароҳам оварда истодааст. Аз он лаҳзае, ки Тоҷикистони азизи мо истиқлолиятро ба дастовард, ислоҳоти низоми иқтисодиёти миллиро тавассути низоми банақшагирии мутамарказиидавлатӣ ба иқтисоди бозоргонӣ гузаронидани соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ба роҳ монда, дар ин самт як қатор корҳо оиди рушди иқтисодиёт ва дигар корҳои муҳимро анҷом дод. Ба вуҷуд омадани шаклҳои гуногуни моликият, ташкили корхонаҳои муштарак, воридот ва содироти молҳои кишвар, бунёди мактабҳои миёна ва хусусӣ, ҷиҳозонидани ҳамаи мактабҳои миёна ва мактабҳои олӣ бо техника ва технологияҳои инноватсионӣ, ташкили савдои озоди хориҷӣ ва ҳалли масъалаҳои афзалиятноки иҷтимоӣ барои таъмини амният, омили рушди иқтисодиёт барои кишвари мо Тоҷикистон қадамҳои ҷиддӣ мебошад.

Аз он солҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти давлатӣ ба даст овард, Тоҷикистони ҷавон бо мушкилоти зиёде дучор гардида буд, ки ҳанӯз аз замони Шӯравӣ дар хотири ҳар як ориёнажод боқӣ мемонад. Ба ғайр аз ин, Ҷумҳурӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд, ки зарари иқтисодии он хеле бисёр буда, балки мардуми тоҷик руҳанни пастрафта буд. Он рӯзҳои даҳшатноке, ки дар хотири дилу дидаи ҳар яки мову Шумо, далериву шуҷоъии мардонагии ҳар фарди тоҷик мондааст, он ҷангро ҳамто набуд, ҷанги хунину бераҳмона буд, мардуми тоҷик бо ҳамроҳии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз як гиребон сар бароварда аз ин бӯҳрони иқтисодӣ баромад. Мардуми ориёнажод бо шарофати якдигарфаҳмӣ - ин ҷангӣ хунину даҳшатнокро пасӣ сар карданд. Дар баробари ин, баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ низоми ягонаи иқтисодии кишвар низ аз байн рафт, ки мушкилиҳои зиёдии қтисодиву иҷтимоиро барои Тоҷикистони тозаистиқлол баборовард. Он рӯзҳо тамоми мушкилиҳои иқтисодӣ басари Тоҷикистони биҳиштосо омадабуд. Чунин мушкилиҳо тамоми соҳаҳои иқтисоди икишвар, алалхусус дар соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ, ва ғайраро фаро гирифта буд, ки ҳамаи ин мушкилиҳо дар байни 25 соли Истиқлолиятпаси сар шуд. Агар мо Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба як ҷавони синнаш 25 –сола баробар намоем, қадамҳои ниҳодаи Тоҷикистони соҳибистиқлол хеле ва хеле устувор мебошад. Зеро қадамҳои гузоштаи Тоҷикистониазиз, яънеқадамҳоигузоштаи Асосгузори сулҳуваҳдатимиллӣ–Пешвоимиллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон стратегӣ буда, инбарои комил шудан ба комёбиҳои назарас оварда расонид.

Хушбахтона, Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он лаҳзаҳое, ки дар кишвар сулҳу суботро пойдор намуд, дар назди Ҳукумати Тоҷикистон масъалаи таъмини рушди устувори иқтисодии кишвар ба миён омад, паси сар шуд. Ин масъалаи таъмини рушди устувори иқтисодӣ дар ҷомеа тадбири беҳамто буд. Рушди соҳаҳоимухталифииқтисодиётвадар баробари ин беҳтаргардидани сатҳизиндагиимардумикишвар ва тараққиёти илму техникаву технология ба он мусоидат намуд, ки барои рушди минбаъдаи иқтисодиётимамлакат ҳадафҳои муҳими стратегӣ бениҳоят зарураст. Аз он ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар муайянкардашуда, то ин давра барои амалӣ намудани ҳадафҳои мазкур корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд. Тӯли солҳои зиёде буд, ки мардуми шарафманди тоҷик барои баромадан аз бунбасти комуникатсионӣ меҳнатҳои пурмашақате кардаанд. Ҳамаи ин дастовардҳои беназир маҳз бо шарофати дастгириҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Бо ташаббуси бепоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистони ҷавонӣ мо то ин давра ба қуллаҳои баланди зиндагӣ ва рушди устувори иқтисодиёт расидааст.

Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои инкишофи минбаъдаи кишвар се ҳадафи стратегиитаъминирушди босуботи иқтисодиётиТоҷикистонро, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқавориро муайян намуд.

Ҷиҳати таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва ба давлати содиркунандаи қувваи барқи арзони аз ҷиҳати экологӣ тоза табдилдодани Тоҷикистон татбиқи маҷмӯи ислоҳоти иқтисодию сохторӣ дар доираи ҳуҷҷатҳои стратегӣ, аз ҷумла Консепсияи рушди энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 бо ташкили як қатор комплексҳои саноатӣ ва сӯзишворивуэнергетикӣ, инчунин сохтмони нерӯгоҳҳои барқиобии хурду бузург амалӣ карда шуданд.

Ҷиҳати аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ додани кишвар ва ба минтақаи транзитӣ табдил додани он дар давраи истиқлолият сохтмони як қатор роҳу пулҳо ва нақбҳои аҳамияти ҷумҳуриявию байналмилалӣд ошта ба итмом расонида шуд. Сохтмон ва барқарорсозии роҳҳои автомобилгарди Душанбе – Чанок ва Душанбе - Турсунзода (ба самти Ӯзбекистон), Душанбе–Қулма (ба самти Хитой), Душанбе–Саритош (ба самти Қирғизистон) ва пулҳо тавассути дарёи Панҷ барои пайвастшавии Ҷумҳурӣ бо Афғонистон амалӣ карда шуданд, ки ин ба мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол барои баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва рушди иқтисодиёт пешравии назаррас мебошад.

Иқтисодиёти мамлакати мо, хусусан дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми соҳаи кишоварзӣ хеле ва хеле бузург аст. Инро ба назар гирифта, як қатор тадбирҳо, аз қабили бадеҳқон вогузор намудани истифодаи замин, таъмини аҳолӣ бо маҳсулот ва корхонаҳо бо ашёи хом, муҳайё намудани ҷойҳои корӣ дар бахши кишоварзӣ роҳандозӣ шуданд, ки дар натиҷа ин ҳама ба афзун гардидани иқтидори содиротии мамлакат низ такон бахшиданд. Таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои афзалиятноки стратегии Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Дар ин бобат баҳри расидан ба ҳадафе, ки ба беҳта шавии зиндагии сокинони кишвар мусоидат мекунанд, тадбирҳои зиёде андешида мешавад. Пешрафти истеҳсолоти кишоварзӣ омили муҳимтарини таъмини амнияти озуқавории кишвар муайян шудааст.

Пай дар пай амалӣ гардидани ислоҳоти сохторӣ дар самтҳо ва соҳаҳои муҳими давлатӣ, бахусус идоракунӣ, молия, фаъолияти бонкӣ, соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, инчунин маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тавассути таҳия ва татбиқи як қатор барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва амалисозии тадбирҳои муассир барои ҳаматарафа рушд ёфтани иқтисодиёти мамлакат заминаи мусоид гузошт. Суръати афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ низ дар тӯли 25 соли истиқлолияти давлатӣ хеле назаррас буда, аз сиёсати бо барори иқтисодии Ҳукумати кишвар ва рушди устувори иқтисодиёти ҷомеа гувоҳӣ медиҳад. Бо мақсади пешбурди сиёсати давлатӣ ва ташкили фаъолияти самараноки мақомоти давлатӣ Ҳукумати кишвар ислоҳоти сохтории давлатиро дар соҳаҳои мухталиф бо роҳи гузариш ба низоми идоракунии давлатӣ дар асоси муносибатҳои нави бозорӣ ба роҳмонда шудааст.

Мавриди қайдаст, ки барои ҳамаи ин самтҳои асосӣ пурра паси сар шуданаш бояд аҳамият дод ба шароити мусоиди таҳсил, сатҳ ва сифати таълим, норасоии мутахассисон дар аксари соҳаҳои иқтисоди миллӣ ба назар мерасад, ки ин ба косташавии кор оварда мерасонад. Бинобар ин, бо мақсади беҳтар намудани сифати омода кардани мутахассисони дорои таҳсилоти касбӣ ва баландихтисос ба талаботи бозори меҳнат мутобиқгардонидани донишу малакаи хатмкунандагон ки стандартҳои нави таълимиро таҳия намуда, ҷиҳати такмили робитаи муассисаҳои таҳсилоти касбӣ бо субъектҳои бозори меҳнат тадбирҳои доимӣ андешад, низ диққати махсус дода, корбарӣ намудан лозим аст.

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар шароити ҷаҳони муосир воситаи асосии рушди бо мароми иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани нуфузи давлати соҳибистиқлоли мо баҳисоб меравад, омода намудани мутахассисони баландихтисоси дорои донишу малака ва ҷаҳонбинии муосири техникиву технологӣ мебошад. Дар ин раванд зарур аст, ки бо дар назардошти талаботи марҳалаи кунунии рушд ба масъалаи тарбияи кадрҳои баландихтисос, аз ҷумла дар самти идоракунии зидди буҳронӣ, таҳлилгарони соҳавӣ, барномасозон ва мутахассисони идоракунии давлатӣ эътибори ҷиддӣ дода шуда истодааст, ин ҳам бошад барои ҳар яке мову Шумо иқдоми беҳамто ҳисобида мешавад.

Бояд қайд намуд, ки бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҳамаи се ҳадафи стратегии Тоҷикистонро паси сар намуда, боз бо мақсади таъмин намудани рушди минбаъдаи иқтисоди миллӣ, пешгирии таъсири манфии омилҳои берунӣ ба он, беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ ва бартарафсозии камбудиву норасоиҳои ҷойдошта ба мардуми тоҷик аз ин зиёд боз меҳнатҳои пурмашаққат лозим аст. Бояд қайд намуд, ки барои ноил шудан ба афзалиятҳои муайян шуда натанҳо вусъат бахшидани суръати рушд, балки ба сифати рушд аҳаммияти махсус додан лозим аст.

Барои пешбурди кор ин ҳам бошад, барои такмил додани дониши худ ва васеъ намудани ҷаҳонбинии худ мо бояд бо дигар давлатҳои тараққикарда низ донишҳои худро додугирифт намоем. Зеро барои ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таълим хеле шароитҳои зиёд фароҳам овардаанд, ки ин ҳам бошад пурра ҷиҳозонидани техника ва технологияҳо иинноватсионӣ, ки бевосита метавонем тариқи онлайн корбарӣ намоем. Истифодаи васеъи компютерҳои фардииҳозиразамон, воситаҳои алоқа, яъне теллекоммуникатсия, озодона истифода намудани базаи маълумотҳо ва технологияи системаи интеллектуалӣ, мутахассисонро барои иҷрои вазифаҳои идоракунӣ пухтатар месозанд. Зарурияти истифодабарии технологияи нави иттилоотиро ба назар гирифта, дар ҳамаи мактабҳои олӣ Ҷумҳурӣ фанҳои вобаста ба ин ихтисос наздикро тайёр кардани мутахассисони ҳозира замон пешбинӣ шудааст.Бо кӯшишу талоши аҳлонаи ҳамаи мову Шумо мушкилоти ҷомеа ва давлат дар ояндаи наздик бартараф гардида, Тоҷикистони маҳбуб ба як мулки воқеа нобод ва кишвари пешрафта табдил хоҳад ёфт.

Шарипова М.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ