​Суруди миллӣ - ифодагари ормонҳои халқи тоҷик

Суруди миллӣ баёнгари орзуву ормонҳои муқаддасу муътабари зиёда аз ҳазорсолаи халқу миллати тоҷик аст. Ин суруди муқаддаси халқу миллати тоҷик ва мардуми шарифи Тоҷикистонро водор месозад , ки орзуву ниятҳои ҷовидонаи гузаштагони бузурги хешро бо мисраъҳои олии шоир боз ҳам зиндаву амалӣ гардонанд.

Шоири Халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ дар ҳақиқат шоири асил, тавоно ва ммиллатдӯсту ваҳдатсарои халқи тоҷик аст. Мисраъҳои ноби ин шеъри олӣ дар ҳар гӯшаву канори дунё садо медиҳад ва аз ҳуввияту истиқлолияти Тоҷикистон дарак медиҳад. Сароида шудани Суруди миллӣ аз синфхонаву партаҳои мактабӣ оғоз карда, рӯҳияи худшиносӣ ва худогоҳиву хештаншиносии моро боз ҳам мисли Парчами баландтарини дунё - Парчами Тоҷикистон баланд мебардорад ва ғуруру нангу номуси миллати тоҷикро қавитар месозад.
Оғози Суруди миллӣ худ ифодагари ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва гиромидошти суннатҳои ниёгонамон маҳсуб меёбад:

Диёри арҷманди мо,

Ба бахти мо сари азизи ту баланд бод,

Саодати ту , давлати ту бегазанд бод.

Зи дурии замонаҳо расидаем,

Ба зери парчами ту саф кашидаем, кашидаем,

Зинда бош, эй Ватан,

Тоҷикистони озоди ман!

Истиқлолият, Иҷлосияи тақдирсоз, Ваҳдати миллӣ, ҳуввияти миллӣ, эҳтирому ободиву озодии кишвар меҳвари асосии Суруди миллии моро ташкил менамояд.

Дар давоми ҳазорсолаҳо халқу миллати барӯманди тоҷик забону фарҳанги миллӣ, ғояҳои ахлоқии суннатии хешро ҳифз намуда, беш аз беш устувору қавӣ гардонидааст. Месазад, ки мо дар назди рӯҳи гузаштагони хеш сари таъзим фуруд орем.

Осори гаронмояи мутафаккирони барҷастаи Машриқзамин ва ғояҳои илмию ахлоқии онҳо дар тамаддуну фарҳанги башарият бо оби тилло навишта шудаанд.

Ин эҳтирому қадрдонии бузургони мо дар мисраъхои муаллифи Суруди миллӣ Гулназар Келдӣ рӯшан инъикос ёфтаанд. Шоири тавонои тоҷик бо ғурури тоҷикона ва ҳисси баланди худшиносии миллӣ месарояд:

Ту аз умеди рафтагони мо нишонаӣ,

Ту баҳри ворисон ҷахони ҷовидонаӣ.

Хазон намерасад ба навбахори ту,

Ки мазраи вафо бувад, канори ту, канори ту.

Хеле олӣ ва пур аз тафофури миллист. Оре, чунин мисраъҳои баландмазмун моро ба суйи қуллахои нек ва маърифати ҳаётӣ раҳнамун месозад.

Имруз ҳамагонро, яъне хурду бузург ва ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони биҳиштосоро зарур аст, ки ин Суруди Миллии хешро, ки тараннумгари ормонҳои миллати мост, ба таври аъло аз бар намуда, бо эҳсосу шавқи баланд ва эҳтирому садоқат ба Ватан -Тоҷикистони азиз сароянд.

Дар ин росто, албатта дар муассисаҳои муосири таълимии кишвар ба омӯзгорону хонандагон ва донишҷӯёну омӯзгорони макотиби олии кишвар ва умуман, шаҳрвандони Тоҷикистон аз худ намудан ва дар замири хеш ҳифз намудани ин муқаддасоти миллӣ зарурӣ ва ҳатмист.
Зеро бо эҳтирому завқи баланд, самимияту нангу номуси миллӣ ва худшиносиву ватандорӣ сароидани Суруди Миллӣ дар замири поки наврасону ҷавонон ҳуввияту худогоҳӣ ва хештаншиносии миллиро боз ҳам баландтар мебардорад.

Аҳрорҷон Убайдуллоев-
устоди кафедраи педагогикаи умумии
МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ