Танида ёди Ватан дар тору пудам….
Муҳаббат ба Ватан – ватандӯстист, ҳифзи Ватан бошад қарз ва вазифаи ватандӯст аст.
Абай Қуноқбоев хеле хакимона кайд мекунад: « Қадру қимат ва эътибори инсон дар намуди зоҳирӣ не, балки дар покии мафкураву дунёи ботинии ӯ ифода меёбад». Маҳз бо шинохти дунёи ботинӣ инсон рисолат ва мазмуни зиндагиашро ба фаҳмидан оғоз мекунад. Соҳаи маориф ҳамчун маҷмӯи ягона, ки маҳаки асосии он тарбияи сиёсӣ, ватандӯстӣ, ҳуқукиву ахлоқӣ маҳсуб ёфта, бо воситаи курсхои махсуси таълимӣ, бахусус муассисахои таълимӣ (томактабӣ, миёна, миёнаи махсус,олӣ..) роҳандозӣ мегардад дар ин самт мавқеи калидӣ дорад. Суоле ба миён меояд, ки чӣ бояд кард, ки дар хонандагон арзишхои инсонӣ, тафаккури интиқодӣ, ҷаҳонбинии васеъ ташаккул ёбадва онхо баробархукукӣ, баробарзишии андешахои гуногун /гунонунандешӣ ва эхтироми андешаҳои ҳамсолон/, эҳтироми арзишҳои миллӣ, расидан ба кадри Ватан, масъулиятшиносиву ҷавобгарӣ ба гуфтору рафтори хешташаккул ёбад?
Тарбияи шаҳрванде, ки дар давлати демократӣ кобилияти зиндагӣ карданро дошта бошад, мақсади асосии кормандони соҳаи маориф маҳсуб меёбад ва чунин шахрванд бояд сохиби донишхои муайян оид ба хукукхои инсон, давлат, интихобот, тафаккури интиқодӣ, таҳлили вазъи сиёсӣ, қобилияти ҳамкорӣ бо дигарон (арзишхо ба монанди эҳтироми хуқуқи дигарон, таҳаммулпазирӣ, омодагӣ ба мусолиҳакорӣ), хоҳиши ихтиёран иштирок кардан дар ҳаёти сиёсиву ичтимоии мамлакат бошад.
Ташаббуси омӯзгорони вилояти Бадахшони осмонбӯс, ки ҳар субҳ пеш аз оғози машғулият хондани Суруди миллиро ба роҳ мондаанд ҳам қобили қабул ва қобили дастгирист ва ҳам ҳазор АҲСАНУ ОФАРИНАШОН! Имрӯзҳо вазъи сайёра ба ҳамагон чун оина равшан аст ва ҳоҷат аз ёдовар шудан аз мавзеъҳои ба даргириҳои сиёсӣ гирифторшуда нест. Миллионҳо нафар кӯдакон муҳтоҷи хӯрока, оби тоза, сару либос, таҳсил, табобат, истироҳат буда, зиндагии орому осуда барояшон орзуи ширин аст.
Шукронаи даврони соҳибистиқлолӣ, шукронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барои мардуми тоҷик, бахусус кӯдакону наврасон шароити хеле олӣ фароҳам оварда, зиндагии орому осоишта, хушбахтии даврони кӯдакиро таъмин намудаанд.
Бедор намудани ифтихори миллӣ, ватанхоҳиву ватандӯстӣ дар дили насли ояндасозӣ миллат дар меҳвари таълиму тарбия ҷой дошта, омӯзгорони ҳамаи муассисаҳои таълимӣ (томактабӣ, миёна, миёнаи махсус ва олӣ) вазифаи муқаддаси худ мешуморанд. Хондани Суруди миллӣ, омӯхтани таърихи пур аз набарду муборизаи озодихоҳона, фарҳанги қадимаи пурғановат, адабиёти гаронбахои тоҷик имконият медиҳад, ки ҷавонони мо ба қадри хоки муқаддаси ВАТАН бирасанд, посбони марзу бум бошанд, ба рағми душманон ободиву гулгулшукуфии Тоҷикистони азизро таъмин ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд.
Қодирова М. А. – устоди
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров