​Суруди миллӣ - суруди саодат, садоқат ва сарфарозӣ

Вақте аз оғоз ба олами маънавие, ки дар таркиби ҳар вожаву сатру банди суруди миллӣ қарор гирифта, хоҳ аз роҳи сурудан ва хоҳ аз роҳи шунидан ворид мешавем, вуҷуди моро эҳсоси саршор аз муҳаббат ва иродат ба ин сарзамини муқаддасу азиз, ки номаш Тоҷикистон аст, фаро мегирад. Ҳамин шуруъи зебои суруди миллист, ки моро ҳидоят ба сарфарозӣ ва шинохти ин саодате, ки аз тоҷику тоҷикистонӣ ва шаҳрванди ҳамин диёри арҷманд будан мекунад, то нахуст ҳамагон даст пеши бар гирифта дуо кунем, ки ба бахти мо сари азизи ту баланд бошад, Тоҷикистони азиз ва саодату давлатат бегазанд. Суруди миллии мост, ки бароямон сабақи таърихи гузаштаи пурифтихорро меомӯзад, то бо эҳсоси баланди ватандорӣ бидонем ва ин ҳақиқатро бишносем, ки ба ин фурсате, ки номаш ҳолост, аз дурии замонаҳо расидаем, то ба зери Парчами Тоҷикистон боз ҳам саф кашида, даст рӯи сина аз замири қалб нидо дардиҳем, бо садоқат, эҳсоси саодат ва шарафи бузург:

Зинда бош, эй Ватан,

Тоҷикистони озоди ман!

Танини оҳанги ҷаззоби суруди миллӣ васурудану шунидани матни он боз ҳам ба мо дарси хештаншиносӣ ва худогоҳӣ, нангу номуси ватандорӣ медиҳад, то ба дарки ин ҳақиқати таърихӣ бирасем, ки воқеан Тоҷикистони азизи мо нишонае аз умедҳои гузаштагони мост, ки ҳазорсолаҳо дар орзуи расидан ба мақоми соҳибдавлатӣ ва истиқлоли миллӣ буданд. Ин саодат, ин бахту иқбол пас аз ҳузури мунаввари Сомониён имрӯз насиби мо гардидааст ва бояд ҳар лаҳзаву ҳар соат барои ин шарафи бузург шукргузорӣ намоем ва дар роҳи ҳифзи истиқлолияти миллӣ ва таъмини якпорчагии Тоҷикистони озоди худ талош варзем, зеро ин давлати соҳибистиқлоли мост, ки барои наслҳои оянда ҳам ҷаҳоне ҷовидона буд, ҳаст ва хоҳад монд. Мо рисолати онро дорем, ки бояд ин саодати ҷовидонагии Тоҷикистони азизамонро ҳифз ва ба наслҳои оянда ба мерос гузорем. Суруди миллист, ки моро итминон ва бовар мебахшад ба бехазонии навбаҳори Тоҷикистони азиз, ки аз дирӯз ба имрӯз ва аз имрӯз ба фардо ва то фардоҳои дигар шукӯҳу азаматаш дар пешорӯи таърих ва анҷумани кишварҳои олам афзун мегардад. Эътиқоди моро ба саодати парвариш ва камол ёфтан дар домани ин Ватани азиз, ки худ мазрааи вафодорӣ ва садоқат аст, боз ҳам меафзояд, то ба зери Парчами азизаш боз ҳам саф ороем ва даст ба рӯи сина бигзорему дуо кунем:

Зинда бош, эй Ватан,

Тоҷикистони озоди ман!

Суруди миллии мост, ки мақому эътибори Ватани азизи мо- Тоҷикистони азизро дар як вожаисаропо самимият, азамату наҷобат тафсир мекунад, яъне моро ҳидоят мекунад, ки аз қаъри қалбҳои хеш бо эҳсоси баланди ватандорӣ садо баланд кунем, ки Тоҷикистони азизи мо, ту модари ягонаи мо ҳастӣ, ки бақову ҷовидонагият саодат ва бақои хонадони тамоми мардуми Тоҷикистон ва маромат мароми ҷисму ҷони мост.Ҳузури равшану мунаввари Тоҷикистони азиз дар харитаи сиёсии ҷаҳон аст, ки моро саодате бузург ато мекунад ва вуҷуди мубораки ин тахтгоҳи ориёву Оли Сомон бо номи Тоҷикистон ҳамакнун боис шудааст, ки ҷаҳон моро шиносад, дӯст дорад ва ҳабибу анису рафиқи мо гардад.Дарки ҳамин саодат ва кашфи ин рози иқболи баланди соҳибдавлатӣ, ки умеди миллонҳо рафтагони мо буд, боз ҳам морохуд ҳидоят мекунад, то аз ҷой бархезем ва ба зери Парчами Тоҷикистони азиз саф кашида, даст ба рӯи қалбҳои саршор аз муҳаббати Ватан, ин хоку оби муқаддас гузорему боз ҳам бо ҳамовозиву ҳамдилӣ садо баланд кунем:

Зинда бош, эй Ватан,

Тоҷикистони озоди ман!

Ба ҳақиқат зеботарину шевотарини сурудҳои миллӣ - Суруди миллии Тоҷикистони азизи мост, ки аз ҳар вожаву таркибу банди он садои сарфарозӣ, садоқат, саодати бузург, ифтихори ватандорӣбаланд шуда, ҷонҳоро навозишуэҳсоси дӯст доштани ин сарзамини муқаддасро ба маротиб афзун мекунад.

Пас, биёед аз иқдоми маорифчиёни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба хотири дӯст доштани ин сарзамини муқаддасу азиз, ки номаш Тоҷикистон аст, ва қудрат бахшидани ҳисси ватандӯстии насли наврас истиқбол кунем, то ҳар субҳи толибилмони мо - созандагони фардои Ватани азиз бо ҳамин таниниҳамин садои муҳаббат, суруди садоқат ба Ватан ва саодат аз ин оини ватандорӣ, ифтихори шаҳрванди ҳамин кишвари азизи Тоҷикистон будан оғоз шавад, то ҳар лаҳзаву ҳар саодату ҳар рӯз инишқи Ватан, ин иқболи баланд, ин шарафи беназир дар ниҳоди ояндаарӯзи мо бузург шавад. Чи ҳиссиёти тафсирнопазир моро фаро хоҳад гирифт, вақте тамоми Тоҷикистони азизи моро ҳар субҳ садои суруди миллӣ, суруди ватандорӣ, суруде, ки саодат, садоқат, ихлосу иродат, муҳаббат меофарад, фаро мегирад. Бигузор, ин садо, ин суруд, ки башорати саодати абадӣ, нишоне аз умеди рафтагони мост ва паёми ҷовидонагии Тоҷикистони азизи моро ба мо ва наслҳои фардо мерасонад, то бекаронаҳо танинандоз бошад ва ҳар субҳ кабутари дуои наслҳои имрӯзи мо дар осмонҳо парафшон:

Зинда бош, эй Ватан,

Тоҷикистони озоди ман!

Нуралӣ Нурзод, номзади илмҳои филологӣ,

муовини директори инситути илмӣ

тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносии

ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ