Инъикоси масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар расонаҳои электронӣ
Қосимова И. Т.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони Истиқлолият бо аксари кишварҳои хориҷа робита барқарор намудааст. Бахусус, ба роҳ мондани муносибатҳои дӯстона байни давлатҳои ҳамсарҳад яке аз ҳадафҳои асосии сарвари давлат ба шумор меравад.
Дар ин замина солҳои охир густариши муносибати Тоҷикистону Ӯзбекистон дар мадди назари воситаҳои ахбори оммаи кишвар низ қарор гирифтааст. Бо барқарор шудани ҳамкории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон расонаҳои хабарии ду кишвар мунтазам паҳлӯҳои гуногуни муносибати кишварҳоро ҳамаҷониба инъикос намудаанд. Ҳадафи мақолаи мазкур таҳлили сатҳи инъикоси ин муносибатҳо дар расонаҳои электронии ду кишвар мебошад. Зимни таҳлил мо бештар ба сомонаҳои оҷонсиҳои иттилоотии Тоҷикистон news. tj, khovar. tj, avesta. tj, https://tj. sputniknews. ru, ҳамчунин маводи оҷонсиҳои иттилоотии Ӯзбекистон uza. uz, http://uzbekistan24. uz – ро мавриди омӯзиш қарор додем.
Расонаҳои электронии ҳар ду кишвар ба ҳодисаҳои сиёсӣ диққати бештар зоҳир намуда, дар заминаи он ба баррасии масоили фарҳангӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ даст задаанд. Таъкид намудан ба маврид аст, ки баробари созишномаи байни давлатҳо дар соҳаи ВАО-и Тоҷикистону Ӯзбекистон 17-уми августи соли 2018 дар шаҳри Тошканд Созишнома оид ба ҳамкории байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” (khovar. tj) ва Агентии миллии иттилоотии Ӯзбекистон “УзА (uza. uz)” ба имзо расид. Созишномаи мазкурро аз ҷониби Тоҷикистон директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Саидалӣ Сиддиқ ва аз ҷониби Ӯзбекистон директори генералии Агентии миллии иттилоотии Ӯзбекистон УзА Абдусаид Кучимов ба имзо расониданд.
Санади мазкур бо мақсади мусоидат ба ҳамкории судманди касбии ҷонибҳо дар соҳаи иттилоот, табодули ройгон ва пешниҳоди иттилооти дақиқу боэътимод, таҳким бахшидан ба муносибатҳои дӯстона миёни ду кишвари ҳамсоя, инъикоси урфу одат ва анъанаҳои мардуми тоҷику ӯзбек, инчунин ташвиқи имкониятҳои сайёҳии ҳарду кишвар таҳия шудааст.
Мутахассисон вусъати ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистонро ба соли 2016, пас аз ба ҳокимият омадани Президент Шавкат Мирзиёев нисбат медиҳанд. Дар ин сол тамоми оҷонсиҳои иттилоотӣ доир ба барқароршавии муносибатҳои кишварҳо мавод пешниҳод намуда, диққати асосӣ ба таъсири ин муносибатҳо ба мардум равона гардид.
Пас аз имзои санади мазкур дар сомонаҳои интернетии мавриди назари мо хабару гузоришҳо, мусоҳибаҳо ва мақолаҳо дар мавзӯъҳои иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ, адабӣ ва сайёҳӣ бештар гардидаанд. Бояд таъкид намуд, ки бештари мавод бо назардошти аҳаммияти муносибатҳо ва таъсири он ба шаҳрвандони ду кишвар пешниҳод гардидааст. Ҳамчунин сомонаҳои расмии Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳуқуқи бознашри маводи ҳамдигарро доранд.
Дар дигар оҷонсиҳо низ паҳлӯҳои мухталифи ҳамкорӣ байни ду кишвар мунтазам нашр мешаванд, чунончи, дар Оҷонсии иттилоотии “Азия плюс”, ки дар кишвари мо соҳиби аудиторияи зиёд дорад (то 30 ҳазор истифодабаранда дар як шабонарӯз [1, 13].), доир ба ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон муддати 1 соли охир беш аз 290 мавод, дар сомонаи АМИТ “Ховар” беш аз 300 мавод [5]., дар сомонаи Оҷонсии иттилоотии “Авесто” наздик 250 мавод пешниҳоди аудиторияи интернетӣ гардидааст. Дар сомонаи “УзА” доир ба ҳамкории ду кишвар 278 мавод [6]. ва дар “Ӯзбекистон 24” низ наздик ба ҳамин шумора мавод баромадааст.
Доираи мавзӯи маводи сомонаҳо, тавре қайд намудем, гуногунанд. Мавод аз соҳаи фарҳанг, варзиш, иқтисод фароҳам омада, диққати аксари расонаҳои ҳам Тоҷикистон ва ҳам Ӯзбекистонро бекор гардидани раводит байни ду кишвар, ба роҳ мондани ҳамкории иқтисодӣ, ҳамкории адабиву фарҳангӣ ва илмӣ бештар ҷалб намудааст. Дар сомонаҳои оҷонсиҳои иттилоотии Ӯзбекистон низ масъалаи бекор гардидани равидид байни кишварҳо ба таври васеъ инъикос гардидааст.
Бояд таъкид намуд, ки бештари маводи сомонаҳо дар саҳифаҳои иҷтимоӣ мавриди муҳокима қарор гирифтаанд. Бештари маводи сомонаҳои иттилоотии ҷонибҳо аз ҳамкориҳои тарафайн дарак медиҳанд. Чунончи, “Мусоҳибаи эҷодии бастакорони ҷавон”, “Стансияи роҳи оҳани нав ба фаъолият шурӯъ намуд”, “Ӯзбекистон, Тоҷикистон: Саҳифаи нави ҳамкорӣ дар асоси арзишҳои миллӣ ва анъанаҳои миллӣ”, “Дӯсти адабиёти ӯзбек” [6]. ё маводи сомонаи “Тоҷикистон” ба монанди “Ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон густариш меёбад”, “Марказҳои тадқиқоти стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамкориро тавсеа медиҳанд”, “Гурӯҳҳои кории муштараки демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон мулоқот намуданд”, “Дар Панҷакент оид ба таҳкими дӯстии халқҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон конфронси байниминтақавӣ баргузор мегардад”, “Саҳми сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар роҳи расидан ба шарикии стратегӣ” [6]., ки паҳлӯҳои гуногуни ҳамкориҳои дуҷонибаро ба таври васеъ манзури алоқамандони интернет намудаанд. Тавре таҳлилҳо маълум намуд, маводи сомонаҳои мавриди назари мо ба инъикоси самтҳои созишномаи ҳамкорӣ, ки 27 санадро дар бар мегирад, равона гардидаанд.
Ғайр аз мавзӯъҳои мазкур маводи сомонаҳои расмии ҳар ду кишвар аз фаъолияти ҳамдигар мавод пешниҳод намудаанд. Чунончи, сомонаи Оҷонсии иттилоотии “УзА” uza. uz “Тоҷикистон-кишвари аз ҷиҳати туристӣ пуриқтидор”, “Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон ҳодисаи фараҳбахш” ва ғайраро дастраси алоқамандон гардонид.
Мавриди зикр аст, ки маводи вобаста ба ҳамкории ду кишвар дар сомонаҳои иттилоотӣ пурхонандатарин ба шумор рафта, таносуби боздид аз ин хабарҳо дучанд аз маводи дигар буд. Чунончи, дар сомонаи https://tj. sputniknews. ru хабари фуруди Президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистонро муддати як рӯз зиёда аз 30 ҳазор нафар ва ин хабарро дар сомонаи news. tj беш аз 28 ҳазор нафар ва avesta. tj наздик ба 10 ҳазор боздиданд.
Ҳамчунин, агентиҳои иттилоотии давлатии кишварҳо сафарҳои сарони ҳар ду давлат ва ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Ӯзбекистонро инъикос карда, зимни баргузор шудани конференсияҳои минтақавию байналмилалӣ ва дигар чорабиниҳои сатҳи давлатӣ ба ҳамдигар мусоидат ва кӯмак намудаанд.
Ба имзо расидани Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Агентии миллии иттилоотии Ӯзбекистон «uza. uz» дар таъмини амнияти иттилоотии ҳар ду кишвар нақши муҳим дорад. Зеро то ин замон хабару гузоришҳо оид ба воқеияти Тоҷикистону Ӯзбекистон аз ВАО-и кишварҳои дигари минтақа дастрас карда мешуданд.
Барои инъикоси пурраи воқеаҳои Тоҷикистон дар расонаҳои Ӯзбекистон ҳамчунин 9-уми марти соли 2018 дар саҳифаи асосии сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон бахши нави тоҷикӣ боз карда шуд, ки дар инъикоси масъалаҳои ҳамкории ду кишвар таъсир хоҳад гузошт.
Ҳамин тариқ, зими таҳлили маводи расонаҳои электронӣ маълум гардид, ки баробари густариши ҳамкории байни Тоҷикистону Ӯзбекистон инъикоси паҳлӯҳои гуногуни ин ҳамкориҳо васеъ сурат гирифта, расонаҳо аз ҷараёни ҳодиса аудиторияро саривақт бо иттилоъ таъмин намудаанд. Аксари мавод бо шарҳи коршиносон ва мутахассисони соҳаи дахлдор шарҳу эзоҳ ёфтаанд. Дар маводи сомонаҳои расмии ҳар ду кишвар аксҳо маводро пурра намуда, ваъи равонии муносибатҳои дуҷонибаро бозгӯй карданд. Мавод доир ба ҳамкории кишварҳо дар расонаҳои электронӣ боиси афзудани аудиторияи расонаҳои хабарӣ гардидаанд.
Пайнавишт:
- Комилов К. И. Мақоми оҷонсиҳои иттилотти Азия плюс ва Фергана дар фазои иттилоотии Тоҷикстон / К. И. Комилов.–Душанбе, 2016.–25 с.
- Комилов К. И. Вежагиҳои матбуоти маҳаллӣ дар даврони истиқлол.–Душанбе: Аржанг, 2019.–328 с.
- Масъалаҳои мубрами журналистика: Маҷмӯаи мақолаҳо.–Хуҷанд: Ношир, 2019.–284 с.
- https://khovar. tj/gur-oi-korii-mushtaraki-demarkatsiyai-sar-adi-davlatii-to-ikistonu-zbekiston-mulo-ot-namudand. /2019/01
- https://tj. sputniknews. ru/analytics//1028780229/granica-energetika-torgovlya-dostizheniya-tajikistan-uzbekistan-god. html. 26. 04. 2019
- http://uza. uz/ru/society/tadzhikistan-strana-s-vysokim-turisticheskim-potentsialom11. 02. 2019.