Рушди туризми экологӣ ва хусусияти маҳаллии он

Собиров М. -номзади илмхои кишоварзӣ, дотсент,

Аминов М. - декани факултети геоэкология, номзади илмҳои география, дотсент

Шароити иҷтимоӣ ва иқтисодии бештари мамлакатҳои мухталифи ҷаҳон барушдисайёҳӣ вобаста мебошад. Дар давлатҳои мутараққӣ теъдоди бештари аҳолӣ имконияти васеътари шиносоӣ бо табиатутаърихи кишварҳои дигарро доранд ва ҳамчун сайёҳ аз он васеъ истифода мебаранд. Ин воқеъият хусусиятҳои мусбии раванди сайёҳӣ мебошад, ки ба таъсири иқтисодии сайёҳон ба иқтисодиёти кишварҳои дигар оварда мерасонад. Манбаи иловагии даромади маблағ бошад давлатҳои рӯ ба тараққиро водор месозад, ки ҳачми бештари захираҳои иқтисодиробарои ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои рекреатсионӣ масраф намоянд. Бояд қайд кард, ки мавҷудият, сатҳи истифодабарӣ, ҳифз ва ҷабҳаҳои дигари минтақаҳои рекреатсионии давлати алоҳида ба пайдошавии намуди нави сайёҳӣ – туризми экологӣ мусоидат кардааст [1].

Мафҳуми туризми экологӣ солҳои 70-80-уми қарни ХХ вобаста ба рушди раванди захираҳои рекреатсионӣ арзи пайдоиш кардааст. Мақсад, вазифа ва пешгӯии Ташкилоти умумиҷаҳонии сайёҳии туризми экологӣ ба панҷ самти стратегияи рушди туризми ҷаҳонӣ ворид гардидааст, ки бояд то солҳои2020-2030 пешравии хосаро касб созад. Таҳлили маълумотҳои мавҷуда собит сохтааст, ки алҳол ҳиссаи туризми экологӣ дар сайёҳии ҷаҳонӣ тақрибан 3-4 фоизро ташкил медиҳад ва майл ба рушди босуръат дорад ва афзоиши солонаи он ба 20-30 фоиз баробар аст. Ҳамасола дар миқёси туризми экологӣ, аз ҷумла, барои беҳтар кардани сатҳи хизматрасонӣ то 55 – 60 миллиард доллари ИМА маблағ истифода мегардад.

Мамлакатҳои ҷаҳон, ки дорои захираҳои рекратсионӣ мебошанд, тибқи қабули Барномаҳои махсуси давлатӣ стратегияи миллии рушди туризми экологиро дар қаламрави худмуайян намуда, бо ҷалби сармояҳои давлатӣ,хусусӣвасармоягузорони хориҷӣ барои бунёди боғҳои миллӣ, мамнӯгоҳҳо, парваришгоҳҳо, боғҳои ботаникӣва дигар намудҳои минтақаҳои махсусҳифзшаванда кӯшиш намуда истодаанд [2]. Ин амалҳо аввалан, барои истифодаи оқилонаи ҳифзи захираҳои рекреатсионӣ ва баъдан ба рушди туризми экологӣ мусоидат карда истодааст.

Аслан, мафҳуми туризми экологӣ ҳамчун таъмини хоҳиши сайёҳ ба шиносоӣ бо табиати зебою беолоиш, омӯзишисатҳии олами ҳайвоноту набототимаҳал дар ҳамҷоягӣбо татбиқичораютадбирҳои ҳифзи муҳими табииро дарбар мегирад. Хазинаи Байналхалқии Табиат ин маънидоди туризми экологиро қабул намуда ва муайян кардааст , ки туризми экологӣ воситаи муҳими ҳифзи муҳити зист мебошад. Дар ин ҷодариояи зарурияти принсипҳои такявии туризми экологиро ҳатмӣ ва зарур меҳисобанд, ки асосан аз чунин қисмҳо таркиб ёфтааст:

-ҳифзи ҳудудҳои алоҳидаю нотакрори биологӣ – рекреатсионӣ;

- таъмини шароити мусоиди иқтисодии минтақаҳои рекреатсионӣ бо равона сохтани манбаҳои иқтисодӣ-молиявӣ, моддӣ – техникӣ ва ғайра;

-баланд бардоштани маърифати экологии иштирокчиёни фаъолияти сайёҳӣтавассути тарбияи экологӣ дар маҳали сайёҳӣ;

-муҳофизати ҳолат ва сатҳи этнографии ҳудудҳои рекреатсионӣ бо роҳи татбиқи тадбирҳои риояи меъёри ҳудудҳои махсус ҳифзшаванда ва ғайра [3].

Бо риояи принсипҳои зикрёфтаи туризми экологӣ дар заминаи табиати нотакрори Тоҷикистонисоҳибистиқлол рушддоданинамудҳои гуногуни туризми экологӣ имконпазир аст ва мебояд солҳои минбаъда амалӣ карда шавад.

Мавҷудияти намудҳои гуногуни ҳудудҳои махсусҳифзшаванда, аз қабили 4 адад мамнӯъгоҳ,2адад боғи миллӣ, зиёда 16 адад парваришгоҳҳо, боғҳои ботаникӣва намудҳои дигари захираҳои рекреатсионии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки ба кишвар теъдоди сернуфузи сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ ҷалб карда шаванд. Ташкили пайраҳаҳои сайёҳӣ дар мавзеъҳои гуногун, яъне аз Шаҳристон то Сари Хосору пиряхҳои системаи кӯҳииПомируОлой барушди треккинг ё худ сайёҳиипиёдагардӣмусоидат намудаву дарёчаҳои кӯҳии Рашту Ҳисор, Дарвозу Ховалинг заминаи мувофиқ барои ташкили заврақронии махсуси сайёҳӣ мебошад. Зеро Тоҷикистон минтақаи барои рушди туризми экологӣ мувофиқ буда, масоҳати қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 143,1 ҳаз км -ро дарбар мегирад. Қаламрави ҷумҳурӣ на он қадар калон бошад ҳам22% -и он ҳамчун минтақаи туристии экологӣ эълон шудааст [4]. Масалан, мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» соли 1938 ташкил шуда,масоҳати умумиаш 49,7 ҳаз. гектарро ташкил медиҳад. Мақсади асосии ташкил намудани он - нигоҳ доштани бешаҳои туқайзори ақиб (24 ҳаз. гектар бешаи туқайзор) буда, ҳамчунин ҷангали Осиёи Миёна номгузорӣ шудааст. Дар қаламрави мамнуъгоҳ оҳуи бухороӣ, гурбаи қамишӣ, бузи даштӣ, фазан, кафтори ало (гиена полосатая) ва намояндагони гуногуни фаунаҳифз карда шудааст. Мамнуъгоҳ дар вилояти Хатлон ҷойгир мебошад, ки аз шахри Душанбе то мамнуъгоҳ бо мошини сабукрав4-соат роҳ мебошад. Нархи сафар то объект бо такси 7- долл. ва бо автобус 4-долл. амрикоиро ташкил медихад. Ба ғайр аз пардохти хизматрасонӣ барои ҳар як сайёҳ дар қаламрави мамнуъгоҳ истоданашон 1 долл. амрикоӣ пардохт мекунанд.

Самти афзалиятноки рушди туризми экологӣ дар ҳудуди Тоҷикистонсайёҳии экологӣ боаспсаворӣ маҳсуб меёбад. Чунки ҳам сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ дар ҳайати гурӯҳҳои хурд метавонанд аз мавзеъҳои кӯҳӣ дидан намуда, баъдан ба ҷамъоварии гиёҳҳои худрӯйи зебо, шифобахш ва эндемикӣ машғул шаванд. Вале, дар ин раванд бавуҷудоии зарари экологӣ дар намуди партофтани партовҳои маишӣ, афрӯхтани гулхан, поймол гаштани пӯшиши алафӣ, олуда гаштани манбаҳои обӣ ҳангоми шустушӯи зарфҳои хӯрока, кандани гулҳои нодир, бурриши дарахтон ва ғайра зоҳир мегардад. Дар ҳолати омодагӣ ва савияи баланди касбиироҳбаладон, ташкили гурӯҳҳои сайёҳии хурд, махдуд кардани давомноки хатсайр, муайян кардани нуқтаҳои муваққатии дамгирӣбо муҳайё сохтани ашёу ҷиҳози зарурӣ ва тадбирҳои дигар имконияти кам кардани таъсири сайёҳони пиёдагард ба муҳити табиӣ пайдо мешавад [5]. Дар ин қатор ба ҳайси роҳбаландонинтихоб, омода ва таъин намудани мутахассисони касбӣ аз ҷумла экологҳо, зоологҳо, ботаникҳо, ҷангалбонон ва ғайра мувофиқи мақсад мебошад. Танҳо ин гурӯҳи мутахассисон ба сайёҳони экологӣ оид ба растаниҳо, таркиби ҷузъҳои муҳити табиӣ ва ғайра маълумоти кофии илман асоснок дода метавонанд.

Намуди дигари сайёҳии экологии метавонад дар шароити Тоҷикистон рушду такомул ёбад, зиёрати мавзеъҳои таърихӣ, мазору мақбараҳои бузургон мебошад. Чунки дар ҳудуди кишвар зиёда аз 118 адад мақбараҳои шайху азизон аз қабили мақбараи шайх Муслиҳиддин, Ҳазрати Бобо ва Бурхи Сармасти Валӣ дар шаҳри Хуҷанд, Қурбоншаҳид, Чилдухтарон ва Кайқубод дар вилояти Хатлон ва ғайра мавҷуданд, ки аз ҷониби мусулмонон доимо мавриди зиёрат қарор дода мешаванд. Зиёд будани теъдоди мусалмонтабор дар ҳудуди Осиёи Марказӣ, Афғонистону Покистон, Эрон ва дигар мамалакатҳои ҳамҷавор манбаи асосии сайёҳии экологӣ мешаванд.

Хусусиятҳои маҳаллии рушди сайёҳии экологӣ дар шароити табиии Тоҷикистон ғайр аз омилҳои зикрёфта дар он зуҳур меёбад, ки мардуми таҳҷоӣ бо сабаби сифати пасти роҳҳои мошингард, паст будани сатҳи иқтисодиёт, обод набудани мавзеъҳои зиёратӣ, ташкил нагардидани ифрасохтори сайёҳӣ, яъне набудани меҳмонхона, нуқтаҳои хӯроки умумӣ, нуқтаҳои савдо, муҳайё набудани армуғонҳои сайёҳӣ ва ғайра майли онҳоро ба сайёҳии дохилӣ коҳиш медиҳад. Омилҳои зикрёфта инчунин ба рушди сайёҳии экологӣ аз ҷумлаи хориҷиён низ монеаи асосӣ ба ҳисоб меравад.

Умуман, рушди сайёҳии экологӣ дар қаламрави Тоҷикистон имкониятҳои васеъро дорост, лекин барои таъмини раванди пешравӣ мебояд хусусиятҳои ҳар як объекти алоҳидаи туристиро муайян намуда, ҷиҳати ҳаллу фасли муаммоҳои мавҷуда тадбирҳои мушаххас андешида шавад.

Пайнавишт:

1.Валова В.Д. Основы экологии: Учебное пособие, Издательско-торговая корпорация «Дашков и КО». - Москва 2002 год

2.Потапов А.Д. «Экология» учебное пособие для спец. вузов,- М.: Вқсшая школа, 2002.

3.Патронов Ф.Г. Путеводитель по Таджикистану: - Москва ПРОФИЗДАТ 1987 год.

4.Пещерова Е.М. Поездка к горным таджикам. КСИЭ АН СССР.-1947

5.Раджабов З.Ш.Хайдаров Г.Х. История Ленинабада. Издательство “Ирфон”, 1986

6.Хижняк Ю.Н. Волшебные узоры Таджикистана // Юный художник. -1983.-№11.- с. 44-46.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ